Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бӯқаламуни палангсон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бӯқаламуни палангсон
Нарина
Нарина
Табақабандии илмӣ
Номи илмӣ
Furcifer pardalis
Cuvier, 1829
Мутародифот
Паҳншавӣ
тасвир
Вазъияти ҳифз

Бӯқаламуни палангсон (лот. Furcifer pardalis) як намуди бӯқаламуне аст, ки дар қисматҳои шарқӣ ва шимолии Мадагаскар,[2] дар ҷангалҳои тропикӣ ёфт мешавад. Илова бар ин, он ба Реюнион ва Маврикий, инчунин ба иёлати Флоридаи ИМА муаррифӣ шудааст.[3]

Бӯқаламуни палангсонро якумин шуда, соли 1829, табиатшиноси фаронсавӣ Жорж Кувие (фр. Georges Cuvier) тавсиф кардааст.[2] Номи авлодии он, Furcifer, аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш "душоха" аст ва ба шакли пойҳои ин ҳайвон ишора мекунад.[4] Номи намудии pardalis маънои "палангмонанд" ё "доғдори мисли паланг"-ро дорад.[5]

Тавсифи зоологӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Видеои ҳаракати чашмони бӯқаламуни палангсон аз наздик.

Бӯқаламунҳои палангсон то 40 – 51 см дароз мешаванд. Наринаҳо нисбат ба модинаҳо рангорангтар, калонтар ва вазнинтар мебошанд.[6] Ранги онҳо вобаста ба маҳалли зист фарқ мекунад. Намудҳои гуногуни рангро одатан аз рӯйи минтақае, ки дар он зиндагӣ мекунанд, ном мебаранд. Бӯқаламунҳои минтақаҳои Нусӣ Бе, Анкифӣ ва Амбанҷа бештар ранги кабуди дурахшон доранд. Дар Амбилобе, Антсиранана ва Самбава онҳо бештар сурх, сабз ё норинҷӣ мешаванд. Дар Мароантсетра ва Таматаве бештар бӯқаламунҳои сурх вомехӯранд.

Модинаҳо, новобаста аз маҳалли зист, одатан қаҳваранг ё зардтоб буда, баъзан тобиши гулобӣ, шафтолуранг ё норинҷии равшан доранд. Бо вуҷуди ин, байни минтақаҳои гуногун дар ранг ва нақши онҳо каме фарқият дида мешавад.[7]

Мисли ҳамаи бӯқаламунҳо, бӯқаламуни палангсон сохти махсуси ангуштон дорад. Дар ҳар як по панҷ ангушт ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд: як гурӯҳи дуангушта ва як гурӯҳи сеангушта. Ин сохтори панҷа ба бӯқаламун имкон медиҳад, ки шохаҳои борикро сахт қапад. Ҳар ангушт чанголҳои тез дорад, ки барои ба пӯстлохи дарахт часпида баромадан ёрӣ медиҳад.[8]

Бӯқаламунҳои палангсон забони хеле дароз доранд, ки баъзан аз баданашон ҳам дарозтар мешавад. Онҳо метавонанд забонро ба тезӣ берун бароварда, тӯъмаашонро гиранд. Вақте ки нӯги забон ба тӯъма мечаспад, он зуд ба даҳон кашида мешавад. Сипас, бӯқаламун тӯъмаро бо ҷоғҳои қавии худ майда карда мехӯрад.[9] Онҳо асосан ҷонварони бемӯҳра ва кам-кам рустаниҳоро низ мехӯранд.[10]

Бӯқаламуни палангсон ба Мадагаскар бумӣ аст. Ин намуд дар пастиҳои шарқӣ ва шимолу шарқии кишвар васеъ паҳн шудааст.[11] Ғайр аз ин, он ба Реюнион, Маврикий ва солҳои охир ба иёлати Флоридаи ИМА низ бо роҳи савдои ҳайвоноти хонагӣ ворид шудааст.[11][3]

Бӯқаламуни палангсон дар шарқи Мадагаскар дар ҷангалҳои боронӣ ва дар шимолу ғарб дар ҷангалҳои хушктару пароканда ва саваннаҳо зиндагӣ мекунад.[12]

Бӯқаламуни палангсон ҳудудталаб буда, берун аз давраи ҷуфтшавӣ, қисми зиёди умрашро танҳо мегузаронад. Вақте ки ду нарина бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд, ранги худро дигар мекунанд ва баданашонро варам кунонида, зӯрии худро нишон диҳанд. Аксар вақт задухӯрд бо ҳамин тамом мешавад ва наринаи тарсида ақибнишинӣ карда, рангаш тира мешавад. Агар ҳардуяшон ақибнишиниро рад кунанд, занозании ҳақиқӣ сар мешавад.[2]

Бӯқаламунҳои палангсон ҳарорати бадани худро вобаста ба шароит пасту баланд мекунанд. Барои гарм кардани баданашон зери офтоб менишинанд.[13]

Модинаи бордор, ҷазираи Реюнион

Бӯқаламунҳои палангсон дар синни ҳафтмоҳагӣ ба балоғати ҷинсӣ мерасанд.[2]

Вақте ки модина тухмдор мешавад, ранги баданаш ба қаҳваранги тира ё сиёҳ табдил ёфта, рахҳои норинҷӣ пайдо мекунад. Ӯ бо ин роҳ ба наринаҳои атрофаш нишон медиҳад, ки барои ҷуфтшавӣ омода нест. Модина дар ин давра хеле ҳимоягар шуда, метавонад наринаи наздикшавандаро газад. Ранг ва нақши модинаҳои бордор вобаста ба навъи буқаламун фарқ мекунад ва аз рӯйи рангаш аз кадом маҳалли зист будани онҳо низ муайян карда мешавад.[2]

Модинаҳо одатан пас аз оғози тухмгузорӣ ҳамагӣ 2 – 3 сол зиндагӣ мекунанд, зеро тухмгузорӣ ба бадани онҳо фишори зиёд меорад. Онҳо дар ин муддат тақрибан 5 – 8 маротиба тухм мегузоранд. Шумораи тухмҳо аз дастрасии хӯрок вобаста буда, ҳар бор 10 – 40 тухмро дар бар мегирад. Тухмҳо одатан пас аз тақрибан 240 рӯз кушода мешаванд.[14]

Ин бӯқаламун аз сабаби ранги зебо, андозаи калон ва афзоиши осонаш дар асорат, дар савдои ҳайвоноти хонагӣ талаботи калон дорад.[6] Нигоҳубини он нисбат ба дигар бӯқаламунҳо осонтар бошад ҳам, он дар асорат аз як сол бештар зиндагӣ намекунад.[2][12]

  1. ↑ "Synonyms of Panther Chameleon (Furcifer pardalis)". Encyclopedia of Life. http://eol.org/pages/1056895/names/synonyms. 24 декабри 2013 санҷида шуд.
  2. 1 2 3 4 5 6 Andreone (2005). «Life history traits, age profile, and conservation of the panther chameleon, Furcifer pardalis (Cuvier 1829), at Nosy Be, NW Madagascar» (PDF). Tropical Zoology 18 (2): 209–225. doi:10.1080/03946975.2005.10531221. Bibcode: 2005TrZoo..18..209A. 2014-04-17. Бойгонӣ шудааст 17 апрели 2014  сол.
  3. 1 2 WEC456/UW501: Florida's Introduced Reptiles: Veiled Chameleon (Chamaeleo calyptratus), Oustalet's Chameleon (Furcifer oustaleti), and Panther Chameleon (Furcifer pardalis)(англ.). edis.ifas.ufl.edu. 10 июли 2023 санҷида шуд.
  4. ↑ Le Berre, François; Richard D. Bartlett (2009). The Chameleon Handbook. Barron's Educational Series. p. 4. ISBN 978-0-7641-4142-3.
  5. ↑ Padilla, Michael J.; Ioannis Miaoulis (2002). From bacteria to plants. Prentice Hall. p. 30. ISBN 978-0-13-054059-1.
  6. 1 2 (2005) «Life history traits, age profile, and conservation of the panther chameleon, Furcifer pardalis (Cuvier 1829), at Nosy Be, NW Madagascar». Tropical Zoology 18 (2): 209–225. doi:10.1080/03946975.2005.10531221. Bibcode: 2005TrZoo..18..209A.
  7. ↑ Ferguson, Gary; James B. Murphy; Jean-Baptiste Ramanamanjato; Achille P. Raselimanana (2004). The Panther chameleon: color variation, natural history, conservation, and captive management. Krieger Publishing Company. pp. 54, 62–63. ISBN 978-1-57524-194-4.
  8. ↑ Higham, Timothy E.; Anderson, Christopher V. (2014). "Function and adaptation of chameleons". In Tolley, Krystal A.; Herrel, Anthony. The Biology of Chameleons. Berkeley: University of California Press. pp. 111–138. ISBN 978-0-520-95738-1.
  9. ↑ Piper, Ross (2007). Extraordinary Animals: An Encyclopedia of Curious and Unusual Animals. Greenwood Press. p. https://archive.org/details/extraordinaryani0000pipe/page/74 74. ISBN 978-0-313-33922-6.
  10. ↑ Furcifer pardalis (English common name not available). Animal Diversity Web.
  11. 1 2 Script error: No such module "cite IUCN".
  12. 1 2 The Panther chameleon: color variation, natural history, conservation, and captive management. Gary Ferguson. Malabar, Fla.: Krieger Pub. Co. 2004. ISBN 1-57524-194-3. OCLC 52418030.
  13. ↑ (2005) «Vitamin D-content of the Eggs of the Panther Chameleon Furcifer pardalis: its Relationship to UVB Exposure/vitamin D-condition of Mother, Incubation and Hatching Success.». Journal of Herpetological Medicine and Surgery 15 (4): 9–13. doi:10.5818/1529-9651.15.4.9.
  14. ↑ Badger, David; John Netherton (2006). Lizards: A Natural History of Some Uncommon Creatures—Extraordinary Chameleons, Iguanas, Geckos, and More. Voyageur Press. p. 71. ISBN 978-0-7603-2579-7.