Википедиа:Саршиносӣ (афрод)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз ВП:СА)

Ҳамчун дигар донишномаҳои гуногунсоҳа, Википедиа дар доираи худ зиндагиномаҳои ашхоси муҳими таърихӣ ва муосирро гирд овардааст. Сарфи назар аз он, ки Википедиа — донишномаи рӯйи қоғаз нест ва рӯйхати шахсиятҳо, ки сазовори дар он сабт шудан доранд, васеъ аст, он набояд дар дохили худ дар бораи ҳамаи одамони Замин мақолаҳоро дар бар гирад.

Шаблон:Ҳазфи саҳифаҳо

Ашхоси гузашта

↱ ВП:ГУЗАШТА

Одатан дар бораи одамоне, ки чанд вақт пеш фавтидаанд, кам суол ба миён меояд, чун таърих эътиборнокии онҳоро худ ба дараҷаи равшан нишон медиҳад. Саволҳои асосие, ки дар вақти таҳлили эътиборнокии фарди таърихӣ дода мешаванд, инҳо мебошанд:

  1. Ин фард пас аз худ ягон чӣ боқӣ монд, ки аз ҷониби мутахассисони ҳамин пеша, ҳамчун саҳми намоён қабул шуда бошад?
  2. Пас аз фавт ва гузашти солҳо, дар бораи ӯ ёдоварӣ мешавад (ба ҷуз тадқиқоти наслӣ)?
  3. Дар нашрияҳое, (инчунин дар соҳавӣ ва миллӣ (кишварӣ)?) ки сазои эътиборанд, ёдовар мешавад?

Ёдоварии нодир оид ба ашхос дар Интернет барои ҳазфи мақола доир ба фарди гузашта нокофист: то ҳол дар Шабакаи ҷаҳонӣ иттилооти пурра дар боби ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсон дода нашудааст, хусусан, дар ҳолате ки сухан дар бораи таърихи онҳо меравад.

Аз ҷумла, истифодаи аниқтари талаботи эътиборнокӣ, ки барои ҳамзамонони мо таҳия шудааст ва дорои аҳамият мебошад, нокофист. (ниг. фасли раванд).

Ашхоси ҳозир

↱ ВП:Ҳозир

Бо инсонҳои зинда (ва ё ба наздикӣ аз олам чашм пӯшида) душвортар аст: барои боварӣ ҳосил кардан, ки онҳо сазовори мақола дар Википедиа ҳастанд, онҳоро мувофиқи таносуби меъёри зерин бояд тафтиш кард.

Усулҳои умумӣ

  1. Тафтиши иттилоот: ба воситаи сарчашмаҳои соҳибистиқлоли эътиборнок, иттилооти мақоларо тафтиш кардан мумкин аст? Имконияти пас аз 10 сол ин корро кардан пайдо мешавад?
  2. Пурракунӣ: мақола аз ҷиҳати ҳаҷм ягон вақт аз тайёра зиёд мешавад? Дар бораи ин мавзӯъ мақолаи беҳтарин навишта мешавад?

Сиёсатмадорон ва ходимони ҷамъиятӣ

↱ ВП:СХҶ
  1. Роҳбарони номиналӣ (ба ном) ва ҳақиқии ҳамаи давлатҳо, инчунин кишварҳои эътирофнашуда, ки воқеан сарзамини зистро назорат мекунанд.
  2. Роҳбарони олимартаба (раис, котиби генералӣ ва ҳоказо) ва мансабдорони махсуси масъулиятнок (дар доираи намояндаи махсус ва ҳоказо) созмонҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ (СММ, ЮНЕСКО, МАГАТЭ, Бонки умумиҷаҳонӣ, НАТО, ИДМ ва ҳоказо).
  3. Роҳбарон ва аъзои олии қонунгузор (парлумон, маҷлиси олӣ, конгресс ва ҳоказо.), иҷроия (ҳукумат, шӯро ё кабинети вазирон ва ҳоказо) ва судӣ (суди олӣ, суди конститусионӣ ва ҳоказо) узвҳои ҳамаи давлатҳо.
  4. Роҳбарон ва фаъолони оммавӣ, намояндагони ҳизбҳо ва ҳаракатҳои бонуфузи сиёсии давлатҳои гуногун (бонуфуз будани ташкилоти сиёсиро, ба воситаи тартиби мунтазам гузарондани интихобот ва фаъолияти онҳо дар кори ғайрипарлумонӣ метавон муайян кард: ташкилоти эътироз, ташаббусҳои қонунгузорӣ ва ҳоказо).
  5. Роҳбарони ҳар гуна шохаҳои ҳокимияти маъмурӣ-сарзаминӣ ташкилоти сатҳи баланд (вилоят, иёлот ва ҳоказо) — новобаста аз давлат.
  6. Сарварони шаҳрҳо ва дигар муассисаҳои худидоракунӣ ва маъмурӣ бо аҳолии на кам аз 100 ҳазор одам — новобаста аз давлат, инчунин сарварони пойтахтҳои давлатҳо ва марказҳои маъмурӣ-сарзаминии сатҳи баланд (вилоят, иёлат ва ҳоказо) — новобаста аз давлат.
  7. Дигар ходимони сиёсӣ ва ҷамъиятии байналмилалӣ, давлатӣ ва муассисаҳои сатҳи худидоракунӣ, ки фаъолияти муайяни онҳо (баромад дар назди аҳли ҷомеа, ташаббусҳои қонунгузорӣ ва ҳоказо) шоёни диққати васеи ҷамъиятӣ гашта (бо раванд ба Воситаҳои ахбори омма исбот шуда бошад) ва ба ҳаёти минтақа, мамлакат ва ё ҷаҳон таъсири назаррас расонидааст.
  8. Роҳбарон ва фаъолон дар ҳаракати оммавӣ, намояндагони бонуфузи сиёсӣ ва ҷамъиятҳои ғайрисиёсӣ, ки дар сатҳи умумидавлатӣ ва байналмилалӣ фаъолият доранд (бонуфуз будани ташкилотро (созмонро) ба воситаи намоиши мунтазами онҳо дар сарчашмаҳои сатҳи баланди эътиборнок: воситаҳои ахбори оммавии умумимиллӣ, донишномаҳо, корҳои илмӣ ва ҳоказо муайян мешавад).
  9. Ҳомиёни ҳуқуқ, сулҳоварон ва дигар шахсон, ки ҳамчун шахсият дар воқеаҳои муҳими минтақа, давлат ва ё ҷаҳон ширкат меварзанд.
  10. Роҳбарони мустақили сафоратхонаҳои давлатҳо дар дигар кишварҳо ва дар доираи ташкилоти байналхалқӣ, сафироне, ки унвони сафири фавқулодда ва ваколатдор ё ба ин монанд унвони баланд; инчунин дигар сафирон, ки бо фаъолияти худ ба муносибатҳои байналхалқӣ таъсири назаррас расондаанд.

Варзишгарон

↱ ВП:ВАРЗИШГАРОН

Зери унвони «намуди варзиш» дар ин ҷо намуди варзише дар назар аст, ки аз ҷониби Кумитаи байналхалқии олимпӣ шинохта шуда бошад, инчунин дигар намудҳои варзиш, агар дар онҳо тартиби мусобиқагузаронӣ ба таврӣ доимӣ муқаррар шудааст ва аз рӯйи қоидаҳои ягонаи федератсияи байналхалқӣ ё федератсияи миллӣ (ё бо якчанд федератсияҳо, агар дар намуди маъруфи варзиш дигар намудҳои рақобаткунанда вуҷуд дошта бошад) ва мунтазам дар сарчашмаҳои эътиборнок ҳамчун мусобиқаи варзиш тавзеҳ дода мешавад.

  1. Ғолибон ва дорандагони мукофоти Олимпӣ ва Бозиҳои паралимпӣ, чемпионатҳо ва Ҷоми ҷаҳон, қитъа,[1] ё давлат дар ҳама намудҳои варзиш.
  2. Рекордгузори ҷаҳон, қитъа ё давлат дар ҳама намудҳои варзиш.
  3. Узвҳои яккачини миллии давлатҳо дар ҳама намудҳои варзиш.
  4. Иштирокчиёни муҳимтарин мусобиқаҳои байналхалқӣ аз рӯйи намудҳои маъруфи варзиш.
  5. Иштирокчиёни дастаҳои лигаи олии ҳамаи давлатҳо аз рӯйи намудҳои маъруфи варзиши ин давлатҳо бозиҳои дастагии намудҳои варзиш.
  6. Мураббиёни варзишгарон ва сармураббиёни дастаҳо, ки ба меъёри зикршуда ҷавобгӯ бошанд.
  7. Варзишгарони алоҳида, ки воқеаҳои муҳими таърихӣ дар варзиш маҳз ба номи онҳо вобаста мебошад.
  8. Масъулони пешбари варзиш (роҳбарони кумитаи олимпӣ, федератсияҳои миллӣ ва байналхалқӣ дар ҳама намудҳои варзиш ва ҳоказо), ташкилкунандагони мусобиқаҳои эътиборнок дар варзиш, бонуфузтарин доварони сатҳи байналхалқӣ.

Футболбозон

Ниг. ВП:ФУТ.

Арбобони санъат ва фарҳанг

Ходимони санъати оммавӣ ва фарҳанг

↱ ВП:ХСОФ
ВП:МУТРИБОН
ВП:АДИБОН
ВП:АКТЕРҲО
ВП:ҲУНАРМАНДОН
ВП:ШОУБИЗ
ВП:МУС
  1. Ходимони шоу-бизнес (инчунин бизнеси мӯд ва саноати мӯд) ва санъати оммавӣ (кинои маъруф, мусиқии эстрадӣ, адабиёти оммавӣ ва ҳоказо), онҳое, ки машҳур ҳастанд, — новобаста аз нутқи назар (мусбат ё манфӣ), дар бораи шоиста ва қобилиятнокии онҳо дар байни мутахассисон ва мардум паҳн шуда бошад. Дар ин маврид чунин меъёри саршиносӣ метавон хидмат расонад:
    1. Адади нашри китоб ё дискҳо, боҷҳо аз консертҳо ва кинопрокат ва ба ин монанд нишондиҳандаҳои муваффақиятҳои тиҷоратӣ (инчунин сертификатсияи асарҳо лоақал дар як давлат, ки ташкилоти расмӣ барои сертификатсиякунонӣ ва додани унвонҳои нуқрагин, заррин, платинагӣ (зарри сафед) ё аз ин ҳам унвонҳои баланд дошта бошад — ниг. Рӯйхати сертификатсияи савдои сабти мусиқӣ).
    2. Ҷойҳо дар чартҳои маъруф (ҳаракатҳои револютсионии сиёсӣ), рейтингҳо ва пурсиш оид ба тадқиқоти ақидаи ҷамъиятӣ.
    3. Мунтазам ба ҳаёт ва фаъолияти шахсият рӯшноӣ додан аз ҷониби иттилоотгарони умумимиллӣ, пешагӣ ва нашриёти даврии вақтхушӣ, донишномаҳо, дар теле- ва радиобарномаҳои шинохта (ба ҷуз реалити-шоу «Фабрика звёзд» ва ба ин монанд), дар интернет-манбаи эътиборнок.
  2. Ташкилкунандагони асосии муваффақиятнокии ашхос, ки ба чунин талабот ҷавобгӯ ҳастанд, — продюсерҳо, промоутерҳо, муаллифони матн ва мусиқӣ барои иҷрокунандагони маъруф ва ҳоказо.

Ходимони ғайриоммавии санъат ва фарҳанг

↱ ВП:ХҒСФ
  1. Ходимони ғайриоммавии («олӣ», ҷиддӣ, муҳим, баргузида) санъат — нависандагон, мутарҷимони адабиёти бадеӣ, навозандагон, актёрҳо, режиссёрҳо, рассомон, аккосон (суратгирон), ҳайкалтарошон ва ҳоказо, — онҳое, ки дар ҷомеаи худ доимӣ ё соҳиби обрӯи мухталиф ҳастанд, — новобаста аз нуфузи онҳо дар байни омма. Далел барои ин гуна обрӯ метавон ин бошад:
    1. аз ҳама пурқимат, ҷойизаҳои обрӯноки пешагӣ ва дигар мукофотҳо (стипендияҳои фахрӣ, унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатӣ дар соҳаи санъат, интихоби онҳо ба ҳайати академияҳои обрӯнок)
    2. дастгирии қаҳрамони мақола аз ҷониби донишкадаҳои ҳамин намуди санъат (китобҳо дар нашриётҳои маъруф, интишор дар нашриёти даврӣ, тасвирҳо дар осорхонаҳои барҷаста, иштирок дар фестивалҳои саршинос, баромад дар майдонҳои саршинос ва ҳоказо);
    3. пайдоиш дар нашриёти пешагӣ тақриз (ретсензия) ва маводи таҳлилӣ, бахшида ба эҷодиёти қаҳрамони мақола;
    4. борҳо дохил шудан ба ҳайати жюрӣ (комиссия) барои додани ҷойизаҳои обрӯноки пешагӣ дар соҳаи хоси санъат.
  2. Ташкилкунандагони соҳаҳои санъат — ноширон ва муҳаррирон, кормандони осорхонаҳо ва нигористон, мунаққидон ва ҳоказо, — ки ба талаботи 1-ум ё онҳое, ки бо муаллифони ба талаботи 1-ум ҷавобгӯ кор мекунанд.

Рӯзноманигорон

↱ ВП:РӮЗ
ВП:РӮЗНОМАНИГОРОН

Рӯзноманигорон (дар ин ҷо ва дар оянда, зери унвони рӯзноманигорон, муаллифони нашрияҳои рӯзноманигорӣ ва электронии ВАО дар назар аст, инчунин барандагони барномаҳои телевизион ва радио), ки ба ин гуна меъёр ҷавобгӯ бошанд:

  1. Рӯзноманигорони пешбар (мунтазам, мухбирони доимӣ, барандагони барномаҳои шинохта ва ҳоказо) ВАО аз ҳама бонуфузи умумимилӣ (мисол, ТВ Шабакаи якум, ТВ Сафина, АМИТ Ховар, «Варзиш-Спорт», «ASIA-Plus», «Авесто», «Tojnews», Ҷумҳурият).
  2. Сармуҳаррирони ВАО (васоити ахбори омма), саршинос аз рӯйи дастурҳои Википедиа, агар онҳо тӯлонӣ дар ин мансаб фаъолият доштаанд (на кам аз якчанд сол).
  3. Дорандагони аз ҳама маъруфтарин мукофотҳои пешагӣ.
  4. Дигар рӯзноманигоронро, аз рӯйи ёдоварии васеи фаъолияти пешагии онҳо дар сарчашмаҳои соҳибистиқлоли эътиборнок.

Дигарон

Муаллифони асарҳои алоҳида (шеърҳо, сурудҳо, тасвирҳо ва ҳоказо), ки бо ин ё он сабаб дар ҳаёти ҷамъият ва фарҳанги давлат ё ҷаҳон саршинос шуданд, новобаста аз дигар корҳои ҳамин муаллиф. Муаллифони корҳои меъморӣ, ҳайкалтарошӣ ва дигар иншоотҳо, ки дар ташаккули муҳити манзараи шаҳрҳо ё дигар иншооти муҳими ҷуғрофӣ нақши муҳим бозиданд (боғҳои истироҳатӣ, пулҳо, ва ҳоказо).

Арбобони илм, фанноварӣ ва маориф

↱ ВП:ОЛМ
ВП:Олимон

Меъёрҳои расмӣ

↱ ВП:СМР
  1. Узвҳои ҷамъиятҳои куҳани дорои обрӯи зиёд ва на он қадар зиёд — ба мисли Анҷумани подшоҳии Лондон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, (инчунин АКТ, АТМ, АТТ) ва академияҳои миллии дигар давлатҳо; — боқимонда бояд ба ин гуна талабот ҷавобгӯ бошанд:
  2. Олимоне, ки ҷойи намоён гирифта бошанд (вазифаҳои роҳбарикунанда ва мушовирони олӣ, ки мунтазам ширкати онҳо дар ташкили тадбир ба воситаи ҳуҷҷат исбот карда мешавад ва ҳоказо) дар дигар иттиҳоди пешагӣ ва ҷамъиятҳои илмӣ умумимиллӣ ё дар доираи сатҳи байналмиллӣ.
  3. Президентҳо, ректорҳо, проректорҳо, раисон, директорон ва деканҳои донишгоҳҳо ва донишкадаҳои Тоҷикистон ва дигар давлатҳо.
  4. Лауреатҳои ҷоизаи Нобел, Сино, Рӯдакӣ озмунҳои маъруфи илмӣ, ҷойиза дар соҳаи хеш.
  5. Сармуҳаррирони бузургтарин нашрияҳои илмии байналхалқӣ ва миллӣ, силсилаи китобҳо ва ҳоказо.
  6. Олимоне, ки кашфиёт ва ихтирои онҳо, ба номи онҳо гузошта шудааст, агар ин номҳо мунтазам дар адабиёти махсус ёдовар шаванд.
  7. Профессорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва дигар давлатҳо
  8. Дорандагони унвони илмӣ на кам аз унвони «номзади илм» (танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон)

Касе, ки ба меъёри дар боло навишта мувофиқ бошад, кифоя аст, ки дар Википедиа дар бораи ходими илм, фанноварӣ ва маориф мақола таҳия шавад.

Меъёрҳои пурмазмун

↱ ВП:СМП
  1. Кор карда баромадани назарияи нави илмӣ (бигзор ҳатто на ҳама қабул донистанд), фарзияи шинохта (исботкарда ё радшуда).
  2. Кашфиёти илмии ҷуғрофӣ ё геологӣ, ширкати намоён дар экспедитсияҳо ва санҷишҳои илмӣ.
  3. Ширкати расмӣ дар кумитаҳои бузурги барномавӣ (на кам аз 100 иштирокчӣ) конфронси илмӣ, мавҷуди маърӯзаҳои даъватшуда дар конфронсҳои бузург.
  4. Кори профессорӣ дар донишгоҳҳои пешбар ё беназир дар ҳамин пеша.
  5. Муаллифи ихтирооте, ки дар рушди ин ё он соҳаи саноат, хидматрасонӣ ё истеъмол метавонад таъсири ҷиддӣ расонад.
  6. Мавҷудияти асарҳои нашршуда дар маҷаллаҳои пешбари илмӣ.
  7. Иштироки назаррас дар эҷоди асарҳои нашрии бузурги маълумотӣ ва донишномаҳо, тайёр кардани маводи дарсӣ барои макотиби ибтидоӣ, миёна ва олӣ, ки ба онҳо ҳоҷат аст ва берун аз донишгоҳе бошад, ки дар он муаллиф кор карда истодааст, ё пеш кор мекард.
  8. Шумораи назарраси нашриёти машҳури илмӣ: дар интернет-манбаҳои шинохта (мисол, аз индекси иқтибос>100), дар маҷаллаҳо бо нашри на кам аз 1000 нусха, китоб бо нашри на кам аз 500 нусха.
  9. Кор карда баромадани методи мумтози донишомӯзӣ, ки дар ҷомеаи муаллимон ва умуман дар ҷамъият инъикос ёфта бошад.
  10. Дорандагони нишонҳои фахрӣ ба мисли «Муаллими шоиста», Аълочии маорифи халқ ва дигар нишонҳои фахрии соҳавӣ ё пешагӣ, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо таъсис ёфтааст.

Меъёрҳои пурмазмуни саршиносӣ ба ходимони илм, фанноварӣ ва маориф дар соҳаҳои асосии муайяни пешагии онҳо муқаррар шудааст. Агар имконияти исбот кардан бо 1 меъёри пурмазмун набошад, мақола барои афрод дар Википедиа номувофиқ ба ҳисоб меравад.

Барномасозон

↱ ВП:БАРН
ВП:БАРНОМАСОЗОН

Ба таҳиягарони таъмини барномавӣ (барномасозон) талаботи раванд истифода бурда мешавад:

  1. Муаллифии якка ё исботшуда бо сарчашмаҳо, ки дар сохтани маҳсулоти барномавӣ ширкат варзидааст ва ин маҳсулот шинохта аст (исботшуда бо равандҳои зиёди истиқлоли эътиборнок, ки ин маҳсулотро аз назар мегузаронанд).
  2. Ҳаёт ва фаъолияти афродро ҳамчун таҳиягари таъмини барномавӣ (барномасоз) дар барномаҳои иттилоотии умумиллӣ, пешагӣ, нашриёти даврии пешагӣ ва вақтхушӣ, донишномаҳо, барномаҳои маъруфи телевизион ва радио, дар интернет-манбаҳои эътиборнок.
  3. Аз ҳама беш, ҷойизаҳои пешагии эътиборнок ва дигар мукофот.
  4. Ташкилотчиёни асосии муваффақияти афрод, ки ба меъёри дар боло навишта ҷавобгӯ ҳастанд.
  5. Муаллифони китобҳои машҳур доир ба барномасозии фанноварии компютерӣ ва фановарӣ.

Ҷавобгӯ будан, лоақал ба яке аз меъёрҳо, кифоя аст. Талаботи умумии иловагӣ: мавҷуди сарчашмаҳои истиқлоли эътиборнок, ки муфассал ҳаёт ва фаъолияти афродро равшан намоиш медиҳад. Мусоҳибаро истифода бурдан мумкин аст, ки дар дар ВАО-и пешагӣ ва саҳифаҳо дар вебгоҳҳо нашр шудааст, гарчанд бо афрод вобаста бошад, лек сазовори эътибори муассиса аст, мисол донишгоҳҳо, FSF, GNU ва ҳоказо).

Ходимони дин

↱ ВП:СХД
  1. Арбобони олимартабаи ҳамаи мазҳабҳо ё ифодакунандаи он.
  2. Роҳбарони сатҳи олии миллӣ ва минтақавӣ (муфтӣ, қозӣ, епископ, архиепископ, кардинал, раввин ва ҳоказо).
  3. Фаъолони пешқадами масҷид, калисо ва каниса, ки дар байни омма баромад мекунанд, шореҳони рӯҳонӣ ва воизон (аз рӯйи маводи ВАО муайян мешаванд).
  4. Воизон ва мутафаккирони аз ҳама муҳимтарин (фиқҳ).

Ҳарбиён ва кормандони сохторҳои қудратӣ

↱ ВП:ҲАРБИЁН
ВП:ҚУДРАТ
  1. Роҳбарони олимартабаи қушун ё дигар идораҳои қудратии ҳамаи давлатҳо (инчунин давлатҳои эътирофнашуда, ҳаракатҳои сепаратӣ ва ҳоказо).
  2. Роҳбарони бузурги қушунҳои ташаккули сохторӣ ва сарзаминӣ ё дигар идораҳои қудратии ҳамаи давлатҳо.
  3. Иштирокчиёни намоёни амалиётҳои ҳарбӣ, полис ва таҳқиқ, ки аз рӯйи нутқи таърих муҳиманд ё дар байни ҷамъият васеъ инъикос ёфта бошад.
  4. Ҷинояткорони машҳури низомӣ.

Соҳибкорон ва корчалонҳо

↱ ВП:СОҲИБКОРОН
ВП:КОРЧАЛОН

  1. Асосгузорон, ки солҳои тӯлонӣ роҳбарӣ кардаанд (дар муддати якчанд сол), роҳбарони ягона ва соҳибони назоратчии ширкатҳои бузург, агар дар сарчашмаҳои соҳибистиқлоли эътиборнок, таъсири шахсии фаъолияти онҳоро дар доираи саросарӣ, иқтисоди милӣ, иқтисоди минтақаи бузург ё соҳаи бузург нишон дода шудааст.
  2. Менеҷерҳои сатҳи олимартаба, узви шӯрои директорон ва ба ҳамин монанд узвҳои роҳбарӣ , соҳибҳуқуқон ва соҳибони ҳиссаҳои бузурги хусусӣ, ки коргоҳҳо ва монополистон дар соҳаи бузурги иқтисод дар доираи давлат ё минтақаи бузург гирд оварда шудааст, агар таъсири назарраси онҳо ба натиҷаи фаъолияти коргоҳ дар сарчашмаҳои соҳибистиқлоли эътиборнок нишон дода шудааст.

Дигарон

  1. Одамоне, ки ин ва ё он рафтори ғайриоддӣ карда бошанд, новобаста аз рӯйи нутқи ахлоқ — мусбат (қаҳрамонон, наҷотдиҳандагони дигар одамон, иштирокчиёни якум дар таърихи санҷиши муҳими илмӣ ва ҳоказо), манфӣ (террористон, ҷинояткорони машҳур ва ҳоказо) ё бетараф.
  2. Одамоне, ки дар ин ва ё он ҳолатҳои ғайрирасмӣ афтодаанд, ё дорандагони хусусиятҳои нодир (одам, раҳоёфта аз фалокати ҳавопаймоӣ, соҳиби забоне ки аз байн рафта истодааст), агар онҳо ба қадри кифоя шуҳрат ёфтанд.
  3. Одамоне, ки соҳиби мукофотҳои олимартабаи давлатӣ гаштанд, мувофиқи дастурамали Википедиа:Дорандагони мукофотҳои олимартабаи давлатӣ.
  4. Онҳое, ки увони «Софдили сулҳовар» -ро комёб шуданд, агар дар сарчашмаҳои соҳибистиқлоли эътиборнок, ҳаёт ва фаъолияти шахс муфассал нишон дода шуда бошад.

Меъёрҳои иловагӣ

Мақолаҳо дар бораи худ

Дар Википедиа офаридани мақола дар бораи худ ё ашхосе, ки муаллиф шахсан манфиатдор аст (хешовандони наздик, сардорон, роҳбарони илмӣ, рақибон ва монанди инҳо), пазируфта намешавад. Агар Шумо меҳисобед, ки дар Википедиа мақолаи шахсӣ дар бораи Шумо ё дар бораи касе, ки Шумо шахсан манфиатдор ҳастед, бояд бошад,- номи худ ё он шахсро дар саҳифаи Википедиа:Барои эҷод/Афрод илова кунед: бо ин Шумо ба ҳамаи иштирокдорони лоиҳаи Википедиа номзади манфиатдоратонро пешниҳод менамоед.

Тафтиш ба воситаи тартиби ҷустуҷӯ

Дар вақти ҳали суолҳои саршиносии шахси додашуда, тафтиши манфиатноки онро (дар ҳар гуна шароити навиштан, мумкин аст) ба воситаи ду-се тартиби ҷустуҷӯ карда шавад: чанд пайванд медиҳанд, чӣ гуна иттилоот дар пайвандҳо дода мешавад? Ёдоварии унвони муайяншудаи худ ба худ дар Интернет, далел шуда наметавонад, ки шахс саршинос аст (ин метавон мисол, имзои меҳмони қаҳвахонаҳо бошад), инчунин нобуд будани ин гуна ёдоварӣ наметавонад далел шавад, ки шахс саршинос нест. Аммо, дар бисёри ҳолатҳо ёдоварии зуд-зуд дар Интернет — нишондиҳандаи хуб аст.

Истифодаи ҳамин дастурамал ба гурӯҳи шахсон

Меъёрҳои зикршуда дар ҳолати набудани меъёрҳои шахсии саршиносӣ, инчунин бояд ба гурӯҳи аз як чанд шахс, ки мунтазам якҷоя фаъолияти муносиб мекунанд, истифода бурда шавад, агар мақолаи алоҳида дар бораи онҳо ба талаботи ВП:СА ҷавобгӯ набошад ё аз дигар сабаб.[2]: оила (Оилаи Долл), ансамблҳои мусиқӣ, дастаҳои варзиш (Бародарони Поспишили), ҳаммуаллифони асарҳои бадеӣ (Бародарон Коэнҳо) ва корҳои илмӣ, гурӯҳҳои ҷинояткор ва ҳоказо. Дар мақолае, ки ба коллектив бахшида шудааст, бояд ҳолномаҳои иштирокчиён алоҳида дохил шаванд ва ҳаҷми маълумоти ҳолномаашон бо саҳми онҳо дар фаъолияти коллектив мувофиқ бошад

Дастурамали дода номуносиб аст ба ҷамъиятҳои бузург бо аъзогии кушодаи кам ё зиёд, ки дар онҳо саҳми кулли иштирокчиёни алоҳида ба фаъолияти умумӣ муайян наменамояд (авлодони асилзода, доираҳои шоирон, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои динӣ, гурӯҳҳои бузурги ҷинояткор ва ҳоказо), аҳамияти онҳо мувофиқи тибқи меъёрҳои умумӣ муайян мешавад, ё мувофиқи меъёри шахсии саршиносӣ.

Агар мақола ба талабот ҷавобгӯ нест

Агар мақола ба талаботҳои мазкур ҷавобгӯ набошад, он мебоист бо шаблони {{db-nn}} ишора шавад, ба муаллифи мақола дар муҳокима бояд зикр намуд, ки чунин мақолаҳо ба қоидаҳои Википедиа мувофиқ нестанд ва иқтибосро аз ин саҳифа овард. Бо вуҷуди ин, рӯйхати талаботҳои номбаршударо қатъӣ ҳисобидан лозим нест: ҳодисаҳои ҷудогонаро, ки ба ин қоидаҳо мувофиқ нестанд ё мухолифи онҳо мебошанд, ба муҳокимаи умум ба саҳифаи Википедия:К удалению баровардан мумкин аст.

Инчунин бояд дар назар дошт, ки дар баъзе ҳолатҳо шахси барои мақолаи алоҳида моҳият надошта, метавонад дар мақолаи дигар (бо маълумоти ками шарҳи ҳолаш) номаш зикр гардад,- масалан дар мақолае, ки дар бораи хешованди машҳураш ё шогирдаш (устодаш), сардораш (коргари тобеаш), ё дар мақолаи доир ба маҳалла, ҳодиса, ашёе, ки шахси мазкур ба он ягон муносибат дорад.

Боқимонда афрод

Боқимонда афрод бояд ба талаботи Википедиа:Ҳолномаҳои ҳамзамонон ҷавобгӯ бошанд.

Бознигаред

Эзоҳ

  1. Дар ин ҷо ва боқимонда саршиносӣ ба наврасон паҳн намешавад
  2. Дар дигар ҳолатҳо, барои имкони ин гуна мақола бо саршиносии умумӣ тартиб медиҳанд.

Шаблон:Қоидаҳои Википедиа