Вадодара

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Шаҳр
Вадодара
Координатаҳо

22°18′00″ а. шим. 73°12′00″ т. ш.HGЯO

Коди телефон265
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Вадодара дар харитаи
Вадодара
Вадодара

Вадодара (Vadodara), Барода — шаҳр дар ғарби Ҳиндустон (иёлати Гуҷарот) дар соҳили д. Вишвамитри. Аҳолиаш 1,8 млн нафар (2012). Масоҳаташ 148,95 км2 . Р. о. дорад. Аз асри 9 маълум аст. Солҳои 1734–1949 пойтахти ҳамноми ҳамин иёлат буд. Аз соли 1802 тобеи ширкати Ост-Инд, баъдан тобеи ҳукумати Англия. Аз соли 1950 дар ҳайати иёлати Бомбай (имрӯза Мумбай) ва аз соли 1960 дар ҳайати иёлати Гуҷарот қарор дорад. Корхонаҳои кимиёӣ (саноати коркарди нафт), мошинасозӣ, коркарди оҳан дорад. Бо истеҳсоли дастии матоъҳои симандуд маъруф аст. Аз ёдгориҳои таърихӣ қасри Маҳараҷ (бештар бо номи Лакшми Вилас маъруф аст) маҳфуз мондааст. Осорхонаҳои Маҳараҷи Фотеҳ Сингх, Вадодара (1894), нигористони мусаввараҳо (1920), донишгоҳ (1949) ва киностудияи бузург дорад. Ад.: Новая российская энциклопедия. Т. III (2), М., 2007.

Сарчашма[вироиш]