Вазар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Вазар
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё

Вазар, Вадоррустое дар шимоли Суғд, ки ҳам­сарҳадди деҳаи Кабузанҷкас буд. Истахрӣ В.-ро аз деҳка­даҳои Кабузанҷкас мешуморад. В., ба қавли Ҷайҳонӣ, дар дуфарсангии Самарқанд ҷойгир буд. В., асосан, мас кани қабилаҳои араби Бакр ибни Воил маҳсуб мешуд, ки эшон ба номи «Сабоия» маъруф гардида буданд. Ба андешаи Бартолд қабилаи мазкур барои он унвони Сабоия гирифта буд, ки шахсе аз Самарқанд бо номи Абду­музоҳим Сабоъ (фавт 882) дар В. масҷиди ҷомее бунёд карда буд. Заминҳои В. лалмӣ буда, дар он кишт­зорҳои бисёр вуҷуд доштанд. Ҳунармандони В. порчаҳои матоъи нафис мебофтанд, ки ҳатто дар Ироқ низ шуҳрати зиёд доштанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бартольд В. В. Сочинения. Т. 1. М., 1963;
  • Абдуллоев С. Ҷуғрофиёи таърихии давлати Сомониён. Хуҷанд, 2001;
  • Абдуллоев С. Фарҳанги Сомониён. М., 2001;
  • Донишномаи Сомониён. Ҷ. 1. Хуҷанд, 2008.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]