Вазифаи конститутсионӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Вазифаи конститутсионӣ - ин рафтори ҳатмии муайяни шаҳрванд, ки дар конститутсияи давлат муқаррар карда шудааст. Одатан, вазифаи шаҳрванд гуфта чораҳои ҳатмии рафтори шахсро мегӯянд, ки меъёри ҳуқуқ, пеш аз ҳама конститутсия муқаррар менамояд. Ҳамчун қоида, конститутсия, на ҳамаи вазифаҳои шахсони воқеӣ, балки аз ҳама асосӣ ва муҳими онро муқаррар менамояд. Бинобар ин онҳоро вазифаҳои асосӣ ё ин ки конститутсионии шаҳрвандон меноманд. Конститутсия на танҳо вазифаи шахсони воқеиро дар назди давлат, балки вазифаҳои давлатро низ дар назди шахсон (шаҳрвандон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандӣ надошта) муқаррар менамояд, ки дар маҷмӯъ он масъулияти тарафайни байни давлату шахсони воқеиро ташкил медиҳад. Ҳамчун қоида, конститутсияи давлатҳои реҷаи демократӣ то ҳадди имкон дар муқаррар намудани вазифаҳои конститутсионӣ маҳдудтар мебошанд, аммо конститутсияи давлатҳое, ки реҷаи тоталитарӣ ё авторитарӣ доранд, ба тариқи васеъ вазифаҳои шаҳрвандонро муқаррар менамоянд. [1]

Нигаред[вироиш]

Ҳуқуқэҷодкунӣ

Манбаъ[вироиш]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 110