Вазифаи риояи Конститутсия ва қонунҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вазифаи риояи Конститутсия ва қонунҳо - низ яке аз вазифаҳои конститутсионӣ буда, тибқи он ба уҳдаи ҳар як шахс ва иттиҳодияҳои онҳо, шахсони мансабдор ва мақомоти давлатӣ қатъиян риоя кардани Конститутсия ва қонунҳо гузошта мешавад. Риояи Конститутсия ва қонунҳо дар ҳар кишвар пеш аз ҳама, вазифаи ҳамаи иштирокчиёни (субъектони) муносибатҳои ҳуқуқӣ буда, таъмини қонуният ҳамчун асоси устуворшавии тартибот, ҷомеа ва ҳаёти ҳар як инсон мебошад. Вазифаи мазкур барои барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд асос шуда метавонад. Мувофиқи Конститутсия надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Бинобар ин, эътироф ва риояи Конститутсия ва қонунҳо ба омӯзишу дарк намудани он алоқаманд аст. Аз ин рӯ, давлат вазифадор аст, ки матни қонунҳоро дастраси шаҳрвандон гардонад ва барои дарки он кумак расонад, вагарна қонунҳоро надидаю наомӯхта риоя кардан ғайриимкон аст.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 115