Вазифаҳои асосии кормандони муассисаҳои ислоҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Вазифаҳои асосии кормандони муассисаҳои ислоҳӣ - нозиротн корҳои ислоҳии маҳалли истиқомати маҳкумшуда, ки баҳисобгирии (бақайдгирии) маҳкумшудагонро анҷом медиҳад; риояи ҳукми судро дар хусуси маҳрум кардан аз ҳуқуки ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян назорат мекунад; аз ҷониби маъмурияти корхона, ташкилоту муассиса ё мақоме ки барои машгул шудан бо фаъолияти дахлдор иҷозат додааст, иҷро намудани талаботи пешбининамудаи ҳукми судро дар мавриди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишголи мансабҳои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян санҷиш менамояд; гузаронидани корҳои тарбиявиро ташкил мекунад. Нозироти корҳои ислоҳй баҳисобгирии инфиродии маҳкумшудагонро анҷом медиҳад; тартиб ва шартҳои адои ҷазоро тавзеҳ медиҳад; риояи шартҳои адои ҷазоро аз ҷониби маҳкумшуда ва иҷрои талаботи ҳукмро аз ҷониби маъмурияти ташкилоти ҷои кори маҳкумшуда назорат мекунад; рафтори маҳкумшударо назорат намуда, дар сурати зарурат онҳоро ҷиҳати таъмин бо кор ба маркази шугл мефиристад; дар хусуси маҷбуран овардани маҳкумшудагоне, ки бидуни сабабҳои узрнок мувофиқи даъват ё барои бақайдгирй ҳозир нашудаанд, қабул мекунад; корҳои ибтидоиро дар хусуси ҷустуҷӯи маҳкумшудагон анҷом медиҳад, ба хадамоти дахлдор дар хусуси маҳкумшудагоне, ки ҷои зисташон маълум наме бошад, маводи зарурй таҳия ва ирсол медорад; чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотӣ, инчунин вазифаманъкуниҳоеро, ки моддаи 42 КИҶҶ ҶТ пешбинй намудааст, татбиқ менамояд; дар давраи адои ҷазо барои бо хоҳиши худ рафтани маҳкумшуда иҷозат медиҳад; бо маҳкумшудагон корҳои тарбнявӣ мегузаронад.

Ба зиммаи маъмурияти ташкнлоте,ки дар он ҷо маҳкумшуда ҷазои корҳои ислоҳиро адо мекунад, вази- фаҳои зерин гузошта мешаванд: ба маълумоти аъзои коллективи меҳ- натй расонидани ҳукмн суд; дуруст ва сари вақт боздошт намудани маб- лаг аз музди меҳнати маҳкумшуда ва гузаронидани он тибқи тартиби му- қарраршуда; назорати рафтори маҳ- кумшуда дар истеҳсолот ва мусоидат кардан ба нозироти корҳои ислоҳӣ дар гузаронидани корҳои тарбиявй бо маҳкумшуда; риояи шартҳои адои ҷазо, ки КИҶҶ ҶТ пешбинй наму- дааст; огоҳ намудани нозироти ко- рҳои ислоҳй дар бораи ҳавасманд- гардонй ва муҷозот, дар бораи сар- кашй кардани маҳкумшуда аз адои ҷазо, инчунин огоҳонии қаблй дар мавриди ба дигар вазифа гузарони- дан, аз кор озод намудан ё додани рухсатй.

Маъмурияти маркази ислоҳй (табъидгоҳ) баҳисобгирии маҳкумшудагонро анҷом медиҳад; тартиб ва шартҳои адои ҷазоро тавзеҳ медиҳад; шароити корй, зист ва маишати маҳ-кумшудагонро фароҳам меорад; риояи тартиб ва шаргҳои адои ҷазо- ро таъмин мекунад; назоратро аз болои маҳкумшудагон ба амал баро- варда, ҷиҳати пешгнрии вайронку- нии тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо тадбирҳо меандешад; бо маҳ- кумшудагон корҳои тарбиявй меба- рад; мутобиқи тартиби муқаррарна- мудаи қонун чораҳои мукофотони- дан ва муҷозотро истифода мебарад; дар мавриди омода сохтани маҳкум- шудагон ба озодй тадбирҳоро ба амал мебарорад.

Маъмурияти ташкилоти маҳалли кори ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд кардани озодй адо мекунанд, бо назардошти вазъи саломатй ва аз рӯи имкон бо нхтисоси маҳкумшуда- гон онҳоро ба кор ҷалб менамояд, барояшон маълумоти касбии ибтидой ва ё омодагии касбӣ фароҳам меорад ва дар ташкили шароити манзилию маишй иштирок менамояд. Дар хусу- си ба кор ҳозир нашудани маҳкумшу- да ва гузаштани муҷозоти интизомй маъмурияти ташкилот вазифадор аст, ки фавран ба маъмурияти маркази ислоҳй (табъидгоҳ) иттилоъ диҳад. Ба маъмурияти ташкилот бидуни рози- гии маъмурияти маркази ислоҳӣ (табъ- идгоҳ) аз кор озод кардани ашхосе, ки ҷазоро дар намуди маҳдуд карданн озодй адо мекунанд, манъ аст. Маъмурияти муассисаи ислоҳӣ суде- ро, ки ҳукм буровардааст, инчунин яке аз аъзои оила ё хешовандони на- здики маҳкумшударо бо интихоби ӯ дар мавриди ҷои адои ҷазо фавран огоҳ месозад.

Сардори муассисаи ислоҳй ва ашхо- си ивазкунандаи онҳо ҳуқуқ доранд, ки чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва му- ҷозотиро истифода баранд. Сардо- рони дастаҳо ҳуқуқ доранд, ки чо- раҳои зерини ҳавасмандгардониро истифода баранд: а) раҳматнома эълон кунанд; б) муҷозоти аз ҷони- би сардори отряд гузошташударо пеш аз мӯҳлат бардоранд. Сардоро- ни дастаҳо ҳуқуқ доранд шифоҳӣ танбеҳ эълон кунанд.

Сардорони колонияҳои тарбиявй ё ашхоси ивазкунандаи онҳо дорои ҳуқуқи дар ҳаҷми пурра истифода бурдани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозот мебошанд.

Сардорони дастаҳо ҳуқуқ доранд чо- раҳои зерини ҳавасмандгардониро истифода баранд: а) раҳматнома эълон кунанд; б) неш аз мӯҳлат му- ҷозоги қаблан додаи мураббии шӯъбаро бардоранд. Сардорони да- стаҳо ҳуқуқ доранд чораҳои зерини муҷозотро истифода баранд: а) тан- беҳи шифоҳӣ эълон кунанд; б) маҳ- рум кардан аз ҳукуки тамошои ки- нофнлмҳо ба мӯҳлати 1 моҳро амалй намоянд.

Мураббиёни шӯъбаҳо ҳуқуқ доранд танбеҳи шифоҳӣ эълон кунанд. Ба зиммаи фармондеҳи қисмҳои ҳар- бии маҳалли адои ҷазои ашхоси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшуда ӯҳдадориҳои зайл гу- зошта мешавад: а) ба маълумоти ҳай- ати шахсии қисми ҳарбй расонида- ни ҳукми суд; б) ба назорати рафто- ри маҳкумшудагон дар хизмат ва ма- ишат ва иштирок дар корҳои тарби- явй нисбат ба маҳкумшудагон; мум- кин аст ба намуди ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шавад. Хизматчиёни ҳарбии маҳкумшуда, ки ҷазоро ҳангоми ба ҷо овардани хизмати ҳарбй адо мекунанд, дар сурати ба миён омадани дигар асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озод намудан аз хизмати ҳарбн мумкин аст тибқи тартиби муқарраршуда аз ҷониби суд пеш аз мӯҳлат бо ивази қисми адонанамудаи ҷазо ба ҷазои нисбатан сабуктар ё бидуни он аз ҷазо озод карда шаванд; в) дуруст ва сари вақт нигоҳ доштани маблағ аз таъминоти пулии маҳкумшудагон ба фоидаи давлат ва интиқоли саривақтии маблаги нигоҳдошташуда тибқи тартиби муқарраргарднда; г) огоҳ намудани нозироти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусусн нисбат ба маҳкумшуда истифода бурдани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозот, дар хусуси рафтори ношоиста ва саркашии ӯ аз адои ҷазо; д) катъиян риоя намуданн тартиб ва шароити адои ҷазои маҳдуд кардан дар хнзматн ҳарбй, ки КИҶҶ ҶТ пешбинй кардааст. [1]

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 113