Вазнингӯшӣ
Вазнингӯшӣ |
---|
eMedicine | / |
---|
Вазнингӯшӣ — як навъ иллати сомеа (шунавоӣ), ки бештар дар пирсолӣ ба вуҷуд меояд. Ба вазнигӯшӣ кӯдакон низ гирифтор мешаванд.
Ба пайдоиши вазнингӯшӣ омилҳои гуногун, мас., бемориҳои вирусӣ (грипп, ханозир), истифодаи доруҳо (антибиотикҳо — аминогликозидҳо, мас., гентамитсин), маводди пешоброн (фуросемид), васоити ғайристероидии рафъи илтиҳоб (индометатсин), бемориҳои рагҳо, зарбу лат, аз ҷумла осеби ҷумҷумаву мағзи сар, таъсири садои баланд ва навасон (вибратсия, ларзиш) мусоидат менамоянд. Ба вазнингӯшии кӯдакони хурдсол метавонанд ноҷӯриҳои ҳомилагӣ (қатъи ҳамл, бемориҳои вирусӣ — сурхча, грипп ва ғайра), бемориҳои сироятии батнӣ, нафастангии ҳамил (тифли батн), дору истифода кардани модар, норасо таваллуд шудани тифл ва харобу лоғар ба дунё омадани он боис гарданд. Вазнингӯшӣ дар кӯдакони синни томактабӣ, асосан, дар натиҷаи бемориҳои бинӣ ва ҳалқу бинӣ, илтиҳоби гӯш ва ғ. пайдо мешавад.
Вазнингӯшӣ дараҷаҳои гуногун дорад: I — аз 26 то 40 дБ; II — аз 41 то 55 дБ; III — аз 56 то 70 дБ; IV — аз 71 то 90 дБ; карӣ — 01 дБ ва зиёда аз он.
Ҳангоми ба мушоҳида расидани заъфи сомеа ба сурдолог (духтури гӯш) муроҷиат кардан лозим аст. Ӯ бемориро ташхис ва табобат мекунад. Муолиҷаи вазнингӯшӣ ба воситаи дору ва амалиёти ҷарроҳӣ сурат мегирад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Исхоки Ю. Б. Детская оториноларингология. Д., 1980;
- Исхоки Ю. Б. Бемориҳои гӯш, гулӯ ва бинӣ. Д., 2010.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вазнингӯшӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.