Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иттилооти куллӣ
Кишвар
Қаламрави додрасӣ Тоҷикистон

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молия. Фаъолияти Вазорати молия аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва ба низоми муайян даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Вазорати молия бар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, асноди ҳуқуқии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ва Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии фаъолияти молиявӣ, буҷету андоз, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, бозори молиявӣ, коғазҳои қиматнок ва хазинаи сарватҳои давлатиро таъмин намуда, дар ин самт фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро оид ба иҷро ва риояи қонунгузории андоз, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва сари вақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид намудани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз тарафи андозсупорандагон ва идоракунии молияи давлатӣ ҳамоҳанг месозад.

Вазорати молия яке аз сохторҳои марказии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, самтҳои асосии сиёсати буҷету андозро барои татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида, ислоҳотҳои соҳавиро дар низоми молиявии кишвар бо мақсади ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани идоракунии молияи давлатӣ, таъмини шаффофият ва истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ амалӣ менамояд.

Лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор дар асоси дурнамои макроиқтисодӣ ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, ташкили иҷрои буҷет оид ба даромад ва хароҷот дар асоси низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ, таҳияи ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати молия амалӣ карда мешавад.

Вазорати молия ҳамчун мақоми татбиқкунандаи сиёсати фискалӣ дар мамлакат, мустақилияти буҷетҳоро (буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ) таъмин намуда, дар асоси манбаҳои даромадҳои худӣ самтҳои истифодаи хароҷоти онҳоро муайян менамояд[1].

Таърихи ташаккули системаи молия дар кишвари мо бо таъсис ёфтани Комиссияи молияи Шӯрои депутатҳои аскарони уезди Хуҷанд бо ду шуъба — андоз ва тафтишот оғоз меёбад. Хазинаи уезд, ки то соли 1920 фаъол буд, ба шуъбаи молияи Шӯрои уезди Хуҷанд табдил гардид. Соли 1929 ин шуъба бо хазинаи даромад ва пардохт як карда шуд. Дар ин давра фақат ду намуди андоз — андози маҳаллии шаҳр аз амволи ғайриманқул ва андоз аз амволи ҷамъиятӣ мавҷуд буданд. Ин андозҳо дар волостҳо танҳо аз ашхоси доро ситонида мешуданд. Маблағҳои аз ин андозҳо ҷамъшуда барои маоши маъмурияти волост, милитсия, кормандони алоқа ва таъмини канселярияи Шӯро бо маводди зарурӣ сарф мегардид. Баъди таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶМШСТ) сохтори муташаккилу бонизоми молия ба фаъолият шурӯъ намуд. 7 декабри 1924 Комиссариати халқии молияи ҶМШСТ бо қарори Кумитаи инқилобии ҶМШСТ таъсис ёфт. Аз моҳи октябри 1929, пас аз таъсиси ҶШС Тоҷикистон Комиссариати халқии молияи ҶМШСТ ба Комиссариати халқии молияи ҶШС Тоҷикистон табдил ёфта, вобастагии он аз буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хотима меёбад. 15 марти 1946 бо Қарори Шӯрои Олии ИҶШС Комиссариати халқии ҶШС Тоҷикистон ба Вазорати молияи ҶШС Тоҷикистон табдили ном кард. Дар даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон сохтори замонавии молиявӣ ташкил ёфта, дар давоми беш аз 70 сол рушду нумӯ кард ва ба ташаккули сохтори нави давлатдорӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Моҳи июни 1992 бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Вазорати иқтисод ва савдо ва Вазорати молия, Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. 23 июни 1993 бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳу­рии Тоҷикистон Вазорати молия ҳамчун сохтори алоҳида ба фаъолият пардохт.

Сохтори вазорат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар даврони истиқлоли давлатӣ ва гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ мақсаду вазифа ва уҳдадориҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан тағйир ёфта, системаи молияи давлатӣ мувофиқи сохтори нав ташкил карда шуд.

Дастгоҳи марказӣ[2]

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Роҳбарият;
  • Сарраёсати Буҷети давлатӣ
  • Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатӣ
  • Сарраёсати хазинадории марказӣ
  • Сарраёсати қарзи давлатӣ ва ҷалби сармоягузории давлатӣ
  • Сарраёсати сиёсати буҷетӣ дар соҳаҳои воқеъии иқтисодиёт
  • Раёсати котибот
  • Раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ
  • Раёсати буҷети мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
  • Раёсати сиёсати баҳисобгирии муҳосибӣ; ҳисоботи молиявӣ ва фаъолияти аудиторӣ
  • Раёсати аудити дохилӣ ва назорат
  • Раёсати кадрҳо
  • Раёсати ҳуқуқ
  • Раёсати корҳо
  • Раёсати муҳосибот ва банақшагирӣ

Корхонаву муассисаҳои тобеъ[3]

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Нозироти давлатии иёргирии дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Агентии қоғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Хазинаи сарватҳои давлати дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Муассисаи таълимии «Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон»
  • Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»
  • Муассисаи давлатии маҷаллаи «Молия ва ҳисобдорӣ»
  • Муассисаи давлатии «Раёсати корҳои сохтмону таъмир ва хизматрасонӣ»
  • Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои Тоҷик»
  • Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази технологияҳои иттилоотии молиявӣ»
  • Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази хизматрасониимаҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ»
  • Муассисаи давлатии «Матбааи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
  • Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
  • Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии молия»

Раёсатҳо дар маҳал[4]

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Сарраёсати молияи Душанбе;
  • Сарраёсати молияи вилояти Суғд;
  • Сарраёсати молияи ВМКБ;
  • Сарраёсати молияи вилояти Хатлон;
  • Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Дар солҳои мухталиф вазирон А. Акчурин (1924—1926), Шириншо Шотемур (1926), А. Абдуҷаббор (1927—1928), Иброҳим Исмоилов (1931—1932), С. Д. Шалимов (1934—1937), И. Л. Берлович (1938—1939), В. Р. Волобуев (1939—1945), Мирхон Саидов (1945—1949), Алиқул Алиев (1949—1963), Мирзоалӣ Вайсов (1963—1972), Ҷанобиддин Лафизов (1973—1991), Нормат Юнусов (1991—1994), Анваршо Музаффаров (1994—2000)[5], Сафаралӣ Наҷмуддинов (2000—2013), Абдусалом Қурбониён (2013—2018)[6][7] буданд.

Вазири кунунии молия аз 19 январи 2018 Файзиддин Қаҳҳорзода таъйин шудааст[8].

  1. Вазифа ва принсипҳо. moliya.tj. 16 июли 2025 санҷида шуд.
  2. Дастгоҳи марказӣ. moliya.tj. 16 июли 2025 санҷида шуд.
  3. Корхонаҳои зертобеъ. moliya.tj. 16 июли 2025 санҷида шуд.
  4. Раёсатҳои молия дар маҳал. moliya.tj. 16 июли 2025 санҷида шуд.
  5. Таъйиноти кадрӣ. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (10 Январ 2000). 16 июли 2025 санҷида шуд.
  6. Дар бораи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қурбонов А.К.(тоҷ.). www.president.tj. 20 май 2024 санҷида шуд.
  7. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қурбониён А. К.. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (19 Январ 2018). 16 июли 2025 санҷида шуд.
  8. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қаҳҳорзода Ф. С.. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (19 Январ 2018). 16 июли 2025 санҷида шуд.
  • Раҷабов А., Ғафуров А., Латифов Ҳ. Таърихи ташаккул ва рушди мақомоти молияи Тоҷикистон. Д., 2004;
  • Ташаккул ва рушди молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2012;
  • Шарифзода А. Оғози фатҳи қуллаҳо // Молия ва ҳисобдорӣ. № 2, 2014;
  • Назриева М. Вазъи макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 // Молия ва ҳисобдорӣ, № 2 2014.