Вазъияти фавқулода
Вазъияти фавқулода — реҷаи махсуси маъмурӣ ва низоми ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ.
Дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Мутобиқи моддаи 46-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, истиқлоли давлат, тамомияти арзии он ва офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи он мақомоти конститутсионии ҷумҳурӣ наметавонад ба таври муътадил фаъолият намояд, ҳамчун тадбири муваққатӣ барои амнияти шаҳрвандон ва давлат вазъияти фавқулода эълон мегардад. Муҳлати вазъияти фавқулода то 3 моҳ аст. Дар мавридҳои зарурӣ ин муҳлатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дароз намояд»[1].
Вазъияти фавқулода тадбири муваққатӣ буда, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, инчунин ҳуқуқи шахсони ҳуқуқиро дар давраи муайян маҳдуд намуда, ба зиммаи онҳо вазифаҳои иловагӣ вогузор мекунад. Вазъияти фавқулода дар мавридҳои рух додани офатҳои табиӣ, садамаю фалокатҳо, паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, эпизоотияҳо (мурдани саросарии ҳайвонот), ки ба ҳаёту саломатии аҳолӣ хатарноканд; дар мавриде, ки тартиботи ҳуқуқӣ ба таври оммавӣ вайрон карда шуда, воқеан ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таҳдид мекунад; ҳангоми кӯшиши ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи фишор тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон; ҳангоми сӯиқасд ба тамомияти арзии давлат, ки ба тағйири сарҳадди он таҳдид мекунад; дар мавриди зарурати барқарор кардани тартиботи ҳуқуқии конститутсионӣ ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷорӣ карда мешавад.
Вазъияти фавқулода дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон ва Фармон фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, ба СММ хабар дода мешавад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани вазъияти фавқулода дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати на дертар аз се рӯз аз лаҳзаи мавриди амал қарор гирифтанаш тасдиқ карда мешавад. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи вазъияти фавқулода пароканда намешавад.
Дар шароити вазъияти фавқулода ҳуқуқу озодии шаҳрвандон, ки дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25 ва 28-уми Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, маҳдуд карда намешавад. Ҷорӣ кардани вазъияти фавқулода барои васеъ намудани доираи уҳдадориҳо ва ҳудуди ваколати мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомот оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҷиҳати ба ҳолати муқаррарӣ гардонидани воқеият ва пурзӯр кардани ҷавобгарии шаҳрвандону шахсони мансабдор барои иҷро накардани уҳдадориҳои худ асос мешавад.
Вазифаҳои асосии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора дар шароити вазъияти фавқулода аз қарори зайланд:
- мустаҳкам гардонидани ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти аҳолӣ, объектҳое, ки фаъолияти зиндагии аҳолӣ ва хоҷагии халқи мамлакатро таъмин месозанд;
- муқаррар намудани реҷаи махсус нисбат ба рафтуомади шаҳрвандон, тартибот дар дохили ҳудуди кишвар;
- баамалбарории чораҳо барои аз шаҳрвандон мусодира намудани силоҳи оташфишон, аслиҳаи сард ва захираҳои ҳарбӣ, инчунин аз корхона, ташкилот ва муассисаҳо мусодира кардани техникаи ҳарбӣ, моддаҳои тарканда, маводди радиоактивӣ ва ғ.;
- манъ кардани тарки ҷойи зист барои гурӯҳи алоҳидаи шаҳрвандон, рондани шахсоне, ки дар минтақаи мазкур иқомат мекунанд ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон месозанд;
- манъ кардани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, раҳпаймоиҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва дигар тадорукоте, ки ба вазъи ҷомеа таъсир мерасонанд;
- муқаррар намудани реҷаи махсуси корӣ барои корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон;
- истифодаи захираҳои корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо барои мусоидат дар барҳам додани оқибатҳои вазъияти фавқулода;
- ҷалби шаҳрвандони дорои қобилияти меҳнатӣ ба кор дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо барои аз байн бурдани оқибатҳои вазъияти фавқулода;
- маҳдуд сохтан ва дар ҳолати зарурӣ манъ кардани фурӯши аслиҳа, муҳиммоти ҳарбӣ, моддаҳои заҳролудкунанда ва сахттаъсир, ҳамчунин нӯшокиҳои спиртӣ, ба истиснои маводди доруворӣ;
- муқаррар намудани карантин ва ба роҳ мондани чораҳои зарурии санитарӣ ва зиддиэпидемиологӣ;
- маҳдуд ва ё манъ кардани истифодаи таҷҳизоти алоқаи радиоӣ, техникаҳои сабти аудио ва видеоӣ ва дар айни ҳол муқаррар намудани назорат аз болои ВАО ва дар ҳолатҳои зарурӣ ҷорӣ кардани сензура;
- муқаррар намудани вазъи комендантӣ, қоидаҳои махсуси истифодаи алоқа, маҳдуд сохтани ҳаракати нақлиёт ва ҷорӣ кардани тафтиши онҳо;
- муқаррар намудани тартиботи махсуси тафтиши ҳуҷҷатҳо ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба амал баровардани азназаргузаронии шахсӣ;
- манъ кардани воридот ва содироти маҳсулоти табъу нашр, таҷҳизоти видеотехникӣ ба хотири таъмини тартиб ва оромии вазъ.
- Давлат ҷиҳати пешгирии ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулода таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ба ин нисбат Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода созмон дода шудааст, ки вазифаи асосии он ташкил ва пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ ба хотири пешгирӣ ва аз байн бурдани вазъияти фавқулода ҳангоми садамаҳо, офатҳои табиӣ ва экологӣ мебошад. Ҳамчунин мақомоти махсус — Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки роҳбарӣ, банақшагирии ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди кишвар аз офатҳои фавқулодае, ки хусусияти табиӣ доранд, ба уҳдаи онҳо вогузор мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Моддаи 46, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ММҚ (9 Январ 2020). 18 марти 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 марти 2023.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вазъияти фавқулода / Т. Шокиров, Э. Насурдинов, Б. Раҳматов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.