Вазъияти фавқулодда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Вазъияти фавқулодда - мувофиқи моддаҳои 46 ва 47 Конститутсияи ҶТ 3 ноябри соли 1995 Конуни конститутсионӣ «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда» қабул карда шуд, ки дар он гуфта мешавад:

« Вазъияти фавқулодда тадбири муваққатй мебошад, ки он мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда, низоми махсуси ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатй, мақомоти худидораи маҳаллй, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро пешбинй менамояд ва муваққатан ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, инчунин шахсони юридикиро маҳдуд намуда, ба зиммаи онҳо вазифаҳои иловагй мегузорад, ки тавассути ин қонун муқаррар карда мешаванд». Вазъияти фавқулодда дар чунин мавридҳо ҷорй карда мешавад:

1) ҳангоми рӯн додани офатҳои табиӣ, садамаю фалокатҳо, паҳншавии касалиҳои сирояткунанда, эпизоотияҳо (муриши ҳайвонот), ки ба ҳаёту саломатни аҳолӣ хатарноканд; 2) дар мавриде, ки тартиботи ҳуқуқӣ ба таври оммавӣ вайрон карда шуда, 0н воқеан ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таҳдид мекунад; 3) ҳангоми кӯшиши ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ; 4) ҳангоми сӯиқасд ба тамомияти арзии давлат, ки ба тағйири сарҳади он таҳдид мекунад; 5) дар мавриди зарурати барқарор кардани ҳуқуқи конститутсионй ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатй. Вазъияги фавқулодда дар тамоми ҳудуди ҶТ ё вилояту ноҳияҳо ва шаҳрҳои ҷудогонаи ҷумҳурй бо фармонн Президенти ҶТ эълон карда мешавад. Қарори қабулшуда фавран ба тасдиқи Маҷлиси якҷояи Маҷлиси

миллй ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олй пешниҳод мегардад ва дар ин бора ба Созмони Милали Муттаҳид хабар дода мешавад. Маҷлиси Олии ҶТ дар давоми як шабонарӯз аз лаҳзаи эътибор пайдо карданифармонн Президентн ҶТ иҷлосияро даъваг мскунад ва дар мӯҳлатн се рӯз фармони Президентро дар бораи вазъияти фавқулодда тасдиқ менамояд. Вазъияти фавқулоддаро дар тамоми худуди ҷумҳу рн ба мӯҳлаги то се моҳ ҷорй кардан мумкин аст. Дар ҳолатҳои зарурй нн мӯҳлат аз тарафи Президенги ҶТ дароз карда мешавад. Дар шароити вазъияти фавқулодда ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ки дар моддаҳои 16,17,18,19,20,22, 25 ва 28-уми Конститутсия пешбинй шудаанд, маҳдуд карда намешаванд.»

Дар қонун инчунин тадбирҳои дигаре пешбпнй шудаанд, ки вобаста ба Ҳолатҳои мушаххас мақомоти ҳокнмият ва идораи давлатй андешида метавонанд. Дар қонун пешбинй шудааст, ки Мачлиси Олӣ ё Президенти ҶТ метавонанд шакли махсуси идоракунии мамлакат ё маҳалли ҷудогонаи онро муқаррар намоянд. [1]

Нигаред[вироиш]

Ҳуқуқэҷодкунӣ

Манбаъ[вироиш]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 138-139