Вайда Анҷей

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Вайда Анҷей
лаҳӣ: Andrzej Wajda
Сурат
Санаи таваллуд:

6 март 1926(1926-03-06)[1][2][…]

Мамлакат:
Санаи марг:

9 октябр 2016(2016-10-09)[4][3][…] (90 сол)

Соядаст:

Andrzej Wajda signature.svg

Commons-logo.svg Вайда Анҷей дар Викианбор

Вайда (Wajda) Анҷей (таваллуд 6.03.1926) — коргардони театр ва кино, сенариянависи полшагӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи Академияи санъати тасвирии Краков (1949) ва Мактаби олии кинои Лодзи (1954). Дар соҳаи коргардонӣ аввалин кораш «Насл» (1954) мебошад, ки ба пинҳонкории зиддифашистии Ҷавонон дар давраи истило бахшида шудааст. В. дар филмҳои «Канал» (1957), «Хокистар ва алмос» (1958) ба тақдири насле рӯй меорад, ки вазифаи таърихӣ – эҳёи Полшаро ба дӯши худ гирифтаанд. Дар филмҳои «Лётна » (1959), «Самсон»(1961), «Манзара баъди муҳориба » (1970), «Муҳаббат дар Олмон» (1983), «Корчак» (1990), «Ангуштарини уқобдор дар тоҷ» (1992), «Ҳафтаи пурҷӯшухурӯш» (1995), «Ҳукмномаи Франческу Колос» (2000) ва спектакли «Суҳбатҳо бо ҷаллод» (1977) мусибати фоҷиабори халқро дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939–45) инъикос намудааст. Филмҳои аз рӯйи асарҳои эпикии адабиёти миллӣ ва ҷаҳонӣ банаворгирифтаи В., аз ҷумла «Хокистар» (аз рӯйи асари С. Жеромский, 1965), «Тӯй» (аз рӯйи асари С. Виспянский, 1972), «Макони орзу» (аз рӯйи асари В. Раймонт, 1974), «Пан Тадеуш» (аз рӯйи асари Митскевич, 1999), «Қасос» (аз рӯйи асари А. Фредро, 2002) ва ғ. дар таърихи кинои Полша мавқеи муҳим доранд. В. дар асоси шоҳасарҳои адабиёти рус низ филмҳои ҷолиб ба навор гирифтааст: «Хонуми уезди Макбет» (аз рӯйи асари Н. С. Лесков, 1961), филми телевизионии «Пилат ва дигарон» (аз рӯйи романи М. А. Булгаков «Мастер ва Маргарита», 1971), «Аҷина» (аз рӯйи романи ҳамноми Ф. М. Достоевский, 1987), «Настася» (аз рӯйи романи Достоевский «Ноқисулақл», 1994). Дар филмҳои «Тамоми чиз барои фурӯш» (1968), «Бе наркоз» (1978), «Дирижёр» (1979) ҳаёти фоҷиабори шахсияти эҷодкор дар ҳолати мавҷуд набудани озодӣ нишон дода шудааст. Солҳои 1978–82 роҳбари Иттиҳоди кинематографистони Полша, 1989–91 сенатор, 1992–94 раиси Шӯрои фарҳанги назди Президенти Полша буд. Аз соли 1959 дар театр фаъолият дорад.

Эҷодиёт[вироиш]

Асосан аз эҷодиёти классикони ҷаҳонӣ ва миллӣ асарҳо ба саҳна мегузорад. Чандин бор ба эҷодиёти В. Шекспир («Ҳамлет», 1960, 1981, 1989; «Ромео ва Ҷулйетта», 1990; «Макбет», 1969, 2005), А. Стриндберг («Фрёкен Жюли» 1988; «Ҳамоне, ки зӯртар», 1991; «Сонатаи шабаҳҳо», 1994), Виспянский («Тӯй», 1963, 1991; «Шаби ноябр», 1974, 1978; «Лаънат», 1997), Софокл («Антигона», 1984) рӯй оварда, дар давлатҳои гуногун инсенировкаи романҳои Достоевский «Аҷина» (1971,1974, 2004), «Ноқисулақл» (спектакли «Настася Филипповна», 1977, 1989), «Ҷиноят ва ҷазо» (1984, 1986)-ро ба саҳна гузоштааст. Намоиши «Парвандаи Дантон» (1975) аз рӯи асари С. Пшибишевский муваффақияти бузургро ноил гашт ва дар театрҳои Булғория (1978), Итолиё (1982) такроран намоиш дода шуд. Соли 1982 дар Фаронса бо иштироки ҳунарпешагони фаронсавӣ ва полшагӣ филми «Дантон» наворбардорӣ гардид. В. дар театрҳои Булғория, Олмон, Итолиё, ИМА, Швейсария, Ҷопон, Руссия кор кардааст.Корҳои В. дар фестивалҳои умумиҷаҳонӣ оид ба кино сазовори ҷоизаҳо гардидаанд. Соли 2000 барои саҳмаш дар санъати ҷаҳонии кино сазовори ҷоизаи «Оскар» шуд.

Адабиёт[вироиш]

  • Черненко М. Анджей Вайда. М., 1965;
  • Новая российская энциклопедия. Т.III (2). М., 2007.

Сарчашма[вироиш]

  1. Вайда Анджей // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  2. SNAC — 2010.
  3. 3.0 3.1 Discogs — 2000.
  4. Polish film director Andrzej Wajda dies
  5. filmportal.de — 2005.