Ваколатнома

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ваколатнома (وكالتنامة) — ин ҳуҷҷате аст, ки аз ҷониби як шахс ба шахси дигар барои пешниҳод намудан дар назди шахси сеюм, дода шудааст.

2. Ваколатнома — ҳуҷҷат аст. Ҳар як шахс бояд ҳуқуқҳои худро худаш дар муносибатҳои гражданӣ ба амал барорад. Аммо дар мавриди бо фаъолияти дигар банд будан, нотоб будан, ба ҷои дигар рафтан ва ғайра он шахс метавонад аз хидмати шахси дигар истифода намояд. Ба чунин рафтор роҳбарони шахсони юридикӣ ҳам ҳуқуқ доранд. Дар чунин мавридҳо онҳо метавонанд ба номи шахсе, ки ба он боварӣ доранд, барои аз номи онҳо дар муносибатҳои гражданӣ баромад кардан ваколатнома диҳанд. Мувофиқи талаби м. 210 КГ ваколатнома аз тарафи як шахс ба шахси дигар додани вакола- ти муайяни хаттӣ барои намояндагӣ дар назди шахси сеюм дода мешавад. Ваколатнома бо мақсади содир намудани як ва ё якчанд амали юридикӣ дода мешавад. Дар қонун пешбинӣ шудааст, ки ваколатнома дар шакли оддӣ (яъне дар шакли хаттии оддӣ) ва дар кадом мавридҳо бояд аз тасдиқи мақомоти нотариалӣ гуза- ронида шавад. Ваколат доира, ҳадди амали вакил асг. Ваколати вакил аз тарафи вакилкунанда дар ваколатнома муайян карда мешавад. Вакил бояд дар доираи ваколати ба он додашуда амал кунад. Бе розигии вакилкунанда аз он ҳад баромада наметавонад. Вакил вазифадор асг, ки ваколати ба ӯ додашударо худаш ба амал барорад. Ҳолатҳои ба шахси дигар супоридани ваколат дар қонун (м.212 КГ) амиқ муайян карда шудааст. Ваколат ҳуқуқҳои соҳибмулк аст. Мувофиқи талаби қонун соҳибмулк доир ба молу мулки худ се ваколат дорад: а) ҳуқуқи дар тасарруфи худ нигоҳ доштани молу мулк, б) ҳуқуқ ба истифода намудани молу мулки худ; в) ҳуқуқ ба ихтиёрдорӣ намуда- ни молу мулк.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • [[Вазифаи конститутсионӣ]адабиёти истифодашуда дар ваколатнома]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 116