Валентина Терешкова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Валентина Терешкова
русӣ: Валентина Владимировна Терешкова
Valentina Tereshkova (2017-03-06).jpg
Кишвар:
Рутбаи нисзомӣ: генерал-майор
Таърихи таваллуд: 6 март 1937(1937-03-06)[3][4][5][…] (86 сол)
Зодгоҳ:
Соядаст: Valentina Tereshkova Signature.svg
Мукофотҳо:
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Валентина Владимировна Терешкова (с.т. 6 марти 1937, деҳаи Болшое Масленниково, ноҳияи Тутаеви вилояти Ярославл) — ҳавонавард-кайҳоннаварди СССР, аввалин зани кайҳоннаварди ҷаҳон (1963), Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1963), генерал-майори Авиатсия (1995) [6]. Кавалери пурраи ордени «Нишони хидмат дар назди Ватан».

Вакили Шӯрои Олии ИҶШС даъватҳои VII-XI (1966-1989), узви Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС (1974-1989). Роҳбари Кумитаи занони шӯравӣ (1968-1987) ва Иттиҳоди Ҷамъиятҳои шӯравии дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ (1987-1992).

Сиёсатмадори рус, вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия, узви Шӯрои олии ҳизби «Единая Россия» [7]. Моҳи марти соли 2020 вай ба Конститутсияи Федератсияи Русия тағйирот пешниҳод намуд, ки ба президенти кунунии Русия Владимир Путин имкон дод, то ду маротибаи дигар номзадии худро ба мақоми президентӣ пешбарӣ намояд.

Валентина Терешкова 6 марти соли 1937 дар деҳаи Болшое Масленниково дар наздикии шаҳри Тутаеви вилояти Ярославл дар оилаи деҳқони муҳоҷири Белорус таваллуд шудааст. Падараш Терешков Владимир Аксенович (1912-1940). Модараш - Терешкова Елена Федоровна (1913-1987). Дар ҳайати оила инчунин хоҳари бузурги вай Людмила ва бародари хурдиаш Владимир [8] буданд.

Соли 1945 ба мактаби миёнаи №32-и шаҳри Ярославл (ки ҳоло номи ӯро дорад) дохил шуд ва соли 1953 ҳафт синфро хатм кард [9].

Солҳои 1954—1955 дар синфҳои 8—9-уми мактаби ҷавонон коргари рақами 1955 таҳсил кардааст.

Солҳои 1955-1960 дар техникуми ғоибонаи саноати сабуки Ярославл дар ихтисоси техник-ресандаи пахта таҳсил кардааст. Аз 11 августи соли 1960 то марти соли 1962 котиби комитети комсомолии заводи «Красный Перекоп» буд. Вай дар оркестри асбобҳои халқии хонаи маданияти комбинат домра менавохт.

Аз соли 1959 вай дар клуби парвозии Ярославл ба парашютбозӣ машғул шуд (90 ҷаҳиш).

6 марти соли 1960 конструктори генералӣ С. П. Королев аввалин отряди кайҳоннавардонро ташкил намуд. Валентина Терешкова ба он дохил шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]