Валиҷон Акбарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Валиҷон Акбарӣ
Валиҷон Акбарӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: Валиҷон Акбарӣ
Таърихи таваллуд: 5 май 1951(1951-05-05) (72 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Истаравшан
Навъи фаъолият: шоир

Валиҷон Акбарӣшоир, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1992), аз узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2009)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Валиҷон Акбарӣ 5 майи соли 1951 дар деҳаи Қалъаи Баланди ноҳияи Истаравшан дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1968 мактаби миёнаи деҳаро хатм карда, ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил гардидааст. Баъди хатми донишгоҳ, соли 1973, бо роҳхати Вазорати маориф ба шаҳри Қӯрғонтеппа рафта, то соли 1976 дар мактаби миёнаи №26 омӯзгорӣ кардааст. Соли 1976 ба зодгоҳаш баргашта, дар мактаби деҳа ба омӯзгорӣ пардохтааст. Соли 1978 дар бахши Истаравшани Бойгонии давлатии Тоҷикистон ба кор оғозида, то соли 1980 фаъолият бурдааст. Баъдан мушовири шуъбаи маорифи шаҳр, аз соли 1982 муҳаррири радио ва рӯзномаи бисёрадади «Минбари коргар» будааст. Аз соли 1994 ходими илмии Маркази илму фарҳанги Ширкати илмию истеҳсолии «Истаравшан», солҳои 1996-2001 котиби масъули бахши Истаравшани Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ буда, аз соли 2001 то имрӯз дар Гимназияи ба номи академик Раҷаб Амонов омӯзгор аст.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз 14-солагӣ ба шеърнависӣ пардохта, барои матбуоти даврӣ пайваста хабару мақола навиштааст. Намунаҳои ашъораш дар рӯзномаву маҷаллаҳо, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва китобҳои «Ганҷи ороста» (2004), «Сабзаи меҳр» (2006), «Ҷилваи андеша» (2008) ва ғ. дар алоҳидагӣ ба табъ расидаанд.[1]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 33-34 ISBN 978-99947-2-379-9