Валтер Гропиус

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Валтер Гропиус
олмонӣ: Walter Gropius
Иттилооти асосӣ
Мамлакат
Таърихи таваллуд 18 май 1883(1883-05-18)[2][3][4][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 5 июл 1969(1969-07-05)[2][6][3][…] (86 сол)
Маҳалли даргузашт

Валтер Адолф Георг Гропиус (олмонӣ: Walter Adolph Georg Gropius, 18 май 1883[2][3][4][…], Берлин[5]5 июл 1969[2][6][3][…], Бустун[7]) — меъмори олмонӣ, яке аз бунёнгузорони «Бауҳауз». Набераи Мартин Гропиус.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Меъмориро дар донишгоҳҳои техникии Мюнхен ва Шарлоттенбург омӯхт. Соли 1907 дар бюрои меъмории П. Беренс якҷо бо Л. Мис ван дер Роэ ва Ш. Э. Корбюзе кор кард; аз соли 1910 — меъмор ва тарроҳи саноатии мустақил (моделҳои мебелу автомобилҳо ва ҳатто локомотивҳои дизелиро тарҳрезӣ мекард). Солҳои 1911-1914 дар Алфелд корхонаи «Фагус»-ро (ҳамроҳи А. Майер) месозад. Шаклҳои ҳандасии равшан, намои берунии шишабандӣ, конструксияҳои филиззии кушода ва набудани унсурҳои ороишӣ имкон медиҳад, ки ин биноро ба равияи ба истилоҳ «сохтмони нав» дар меъмории модернизм мутааллиқ донист. Солҳои 1919-1928 директори «Бауҳауз» аввал дар Веймар, баъд дар Дессау. Г. ба масоили лоиҳакашии шаҳр ва сохтмони хонаҳои иқоматӣ ҳамчун яке аз тарзҳои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ машғул буд. Сипас ба Британия (1934) ва баъдан ба ИМА (1935) мусофират карда, дар донишгоҳи Ҳарварди он ҷо муаллим буд; соли 1946 гурӯҳи ТАС (Иттиҳоди меъморон)-ро таъсис намуд, ки ба андешаи ӯ, бояд бартарии кори дастаҷамъиро намоиш медод. Солҳои охир дубора ба Берлин баргашт.

Тарроҳиҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бинои «Бауҳауз» дар Дессау, хонаҳои иқоматӣ дар шаҳраки Вайссенҳофи Штуттгарт ва ноҳияҳои Сименсштадту Ҳанзафиртели Берлин, маҷмӯаи биноҳо дар Ҳарвард ва донишгоҳ дар Бағдод (гурӯҳи ТАС), Ф-каи чинивории Розентал дар Ротенбюл ва ғ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. https://www.moma.org/artists/2359 (ингл.)
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Walter Gropius (нидерл.)
  4. 4.0 4.1 H.F. Koeper Encyclopædia Britannica (ингл.)
  5. 5.0 5.1 http://arch-pavouk.cz/index.php/architekti/1388-gropius-walter
  6. 6.0 6.1 архитекторы, работающие в Швеции — 2015.
  7. 7.0 7.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #118542443 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Валтер Гропиус. Границы архитектуры //серия Проблемы материально-художственной културы / под ред. В. И. Тасалова. М., 1971.