Ван-дер-Ваалс, Йоҳаннес Дидерик
Ван-дер-Ваалс, Йоҳаннес Дидерик | |
|---|---|
| | |
| Таърихи таваллуд | 23 ноябри 1837[1][2][3][…] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 8 марти 1923[1][2][4][…] (85 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | физик |
| Ҷойҳои кор | |
| Алма-матер | |
| Роҳбари илмӣ | Pieter Rijke[d] |
| Ҷоизаҳо | |
Йоҳаннес Дидерик ван дер Ва́алс (ҳол. Johannes Diderik van der Waals; 23 ноябри 1837[1][2][3][…], Лейден[d] — 8 марти 1923[1][2][4][…], Амстердам[4]) — физикдони нидерландӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши физика (1910).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ван-дер-Ваалс 23 ноябри соли 1837 дар шаҳри Лейден ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаб дар зодгоҳаш ба ҳайси муаллим фаъолият кард. Солҳои 1862—1865 ҳамчун шунавандаи лексияҳо дар Донишгоҳи Лейден таҳсил намуд. Сипас, соли 1864 дар Девентер ва соли 1866 дар Гаага ба ҳайси муаллими физика ва математика кор кард.
Соли 1873 дар Донишгоҳи Лейден унвони доктори фалсафаро ба даст овард ва то соли 1877 дар он ҷо фаъолият бурд. Солҳои 1877—1908 профессори физикаи Донишгоҳи Амстердам буд.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Қисми зиёди корҳои илмии Ван-дер-Ваалс дар соҳаи физикаи назариявии молекулавӣ ба рафтори молекулаҳо ва назарияи ҳолати материя бахшида шудаанд.
Соли 1869 ӯ қувваҳои таъсири мутақобили байнимолекулавиро кашф кард, ки баъдан ба ифтихори ӯ «Қувваҳои Ван-дер-Ваалс» номида шуданд. Соли 1873 Ван-дер-Ваалс дар рисолаи илмиаш тамсилаеро такмил дод, ки он фазаҳои моеъ ва газмонанди моддаро яксон тавсиф мекард. Дар асоси ин тамсила ӯ муодилаи ҳолатеро сохт, ки мувофиқи он дар ҳарорати муайяне фарқи хосиятҳои физикии моеъ ва газ дар ҳолати мувозинат қарордошта аз байн мераванд. Дар чунин ҳарорат, ки ҳарорати буҳронӣ номида мешавад, зичии моеъ ва буғи сершудаи он баробар шуда, сарҳадди намоёни байни онҳо нопадид мегардад.
Ван-дер-Ваалс инчунин қонуни ҳолатҳои мувофиқ ва муодилаи ҳолатҳои омехтаи дуфазавиро кашф намуда, дар рушди назарияи капиллярнокии термодинамикӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои таҳқиқоти мазкур оид ба муодилаи ҳолати газҳо ва моеъҳо Ван-дер-Ваалс соли 1910 сазовори Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика гардид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 3 4 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- 1 2 3 4 Johannes Diderik van der Waals — 2009.
- 1 2 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- 1 2 3 4 5 https://albumacademicum.uva.nl/id/id001141 — 2007.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ван-дер-Ваалс Йоҳаннес Дидерик // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.