Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Варзиши рақамӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Варзиши рақамӣ
Тавсифот
Аввалин мусобиқот
Федератсияи байналмилалӣ
Лоиҳаҳои марбут
 Парвандаҳо дар Викианбор

Варзиши электроник (англ. esports; инчунин бо номи «варзиши компютерӣ» ё «киберспорт» машҳур аст) — ба мусобиқоти варзишие гуфта мешавад, ки бо истифода аз бозиҳои видеоӣ баргузор мешаванд. Варзишҳои электруник мумкин аст як бозии видеое чанднафара бошанд, ки миёни ду тим анҷом шавад ё ба шакли инфиродӣ байни гимрҳои ҳирфаӣ баргузор шавад. Мутадовилтарин жанрҳои варзиши электруник майдони ҷанги чанднафараи онлойн, тирандозии аввали шахс, муборизаӣ, бутл руёол ва стратегия ҳамзамон ҳастанд.[1] Ҳамаи риштаҳои киберварзиш ба чанд синфи асосӣ ҷудо мешаванд, ки аз рӯи хусусиятҳои фазо, моделҳо, вазифаи бозӣ ва малакаҳое, ки киберварзишгарон дар ҷараёни бозӣ инкишоф медиҳанд, фарқ мекунанд[2]. Ба ин синфҳо шутер аз шахси аввал, стратегия дар вақти воқеӣ, симулятори варзишӣ, автосимуляторҳо, авиасимуляторҳо, файтингҳо, бозиҳои даставии нақшофарӣ бо унсурҳои тактикӣ-стратегӣ ва ғайра дохил мешаванд[3].

Фондҳои ҷоизаи мусобиқаҳо метавонанд то даҳҳо миллион доллари ИМА бирасанд[4].

Бозиҳои мусобиқаҳо дар пахши мустақим тавассути интернет намоиш дода шуда, аудиторияи чандинмиллионнафариро ҷамъ меоранд[5]. Масалан, финали The International 2015-ро зиёда аз 4,6 миллион тамошобин пайгирӣ кардаанд[6], дар ҳоле ки соли 2020 тамошобинон дар пахшҳои бозиҳои дивизиони аввали мусобиқаи русии EPIC League зиёда аз 21 миллион соат-тамошобин сарф кардаанд[7].

Соли 2024 киберварзиш ҳамчун риштаи олимпӣ эътироф гардид ва нахустин Бозиҳои олимпии киберварзиш қарор аст соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор шаванд[8].