Jump to content

Василий Горячкин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Василий Горячкин
Таърихи таваллуд 17 (29) январ 1868
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 21 сентябр 1935(1935-09-21)[1] (67 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ механика
Алма-матер
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Order of Saint Stanislaus, 2nd class
Merited Engineering Scientist of the RSFSR
 Парвандаҳо дар Викианбор

Васи́лий Про́хорович Горя́чкин (17 [29] январ 1868, Викса[1]21 сентябр 1935[1], Маскав, ҶШФСР[d], ИҶШС[1]) — олими рус дар соҳаи илмҳои мошинҳои кишоварзӣ, узви фахрии АИ ИҶШС (1932), академики ВАСХНИЛ (1932).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии ба номи М. В. Ломоносови Маскав (1890) ва Омӯзишгоҳи техникии императории Маскав (1894). Аз соли 1896 омӯзгори Институти кишоварзии Маскав (ҳоло Академияи кишоварзии ба номи К. А. Тимирязев), адъюнкт-профессор (1899) ва профессор (1913), аз соли 1913 мудири стансияи мошинсанҷии назди ҳамин ин-т (минбаъд ба коргоҳи таҷрибавии пажӯҳишҳои илмӣ табдил ёфт), солҳои 1919—1920 ректори Академияи кишоварзӣ, аз 1929 директор ва мушовири Институти механикаи кишоварзӣ (минбаъд Институти мошинсозии кишоварзӣ) буд. Соли 1931 бо пешниҳоди Василий Горячкин Институти умумииттифоқии таҳқиқоти илмии механикаи кишоварзӣ таъсис ёфт ва ӯ то охири умр раиси Шӯрои илмии он буд. Асарҳои илмии Василий Горячкин ба соҳаи мошинҳои кишоварзӣ бахшида шудаанд. Бештар аз 30 асбоби андозагирӣ (мас., динамометрҳо, микромонометрҳо, профилограф, динамограф, зичисанҷҳои хок ва ғ.)-ро, ки дар кишоварзӣ ва коркарди филиззот истифода мешаванд, ихтироъ карда, усулҳои нави истифодабарии мошинҳои соҳаи кишоварзиро таҳия намудааст. Институти илмию тадқиқотии мошинсозии кишоварзии Русия ба номи Василий Горячкин гузошта шудааст.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Горячкин Василий Прохорович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.