Вашгирд (шаҳрак)
Шаҳрак | |
38°33′ с. ш. 69°19′ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Файзобод |
Шаҳрак | Файзобод |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 12 300[1] тан |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонон - ҳанафӣ |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3135 |
Нишонаи почта | 737450 |
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Вашгирд (то 1969 — Дарагиён; то 19 июни 2024 — Файзобод[2]) — шаҳрак (аз соли 2000), маркази маъмурии ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷуғрофиё ва аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Шаҳраки Файзобод 50 км шарқтари шаҳри Душанбе воқеъ аст. Аҳолиаш 9 600 нафар (2016)[3], тоҷикон. Аз 1374 хоҷагӣ иборат аст.
Сол | 2014 | 2015 | 2019 | 2020 |
---|---|---|---|---|
Шумора
(ҳаз. нафар) |
9,2 | ↗9,4 | ↗10,3 | ↗10,4 |
Тақсимоти маъмурӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Шаҳрак аз маҳаллаҳои (кӯчаҳои) Исмоли Сомонӣ, Истиқлол, Гулистон, Мирзохӯҷа Шоев, Сино, Саидшоҳӣ, Розиқзода, Саид Гулон, Рӯдакӣ, Зебуниссо, Айнӣ, Саид Ҷалол, Қурбоналӣ Файзалиев, Чинаӣ, Ҷомӣ иборат мебошад.
Иқтисодиёт ва иҷтимоиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҳудуди ҷамоат Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ, Идораи нақлиёт ва роҳ, шуъбаи алоқа, ҶС «Тоҷиктелеком», стансияи телефон, Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилу коммуналӣ, хоҷагии об, 90 нуқтаи хидматрасонии маишӣ, универмаги «Файзобод», 10 чойхонаи ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ва № 35, муассисаи давлатии «Гимназияи Файзобод», қасри фарҳанг, кохи Рудакӣ, китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагона, мактаби санъат, театри халқӣ, беморхонаи марказӣ, дармонгоҳ, 9 дорухона, комитети ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, 3 майдончаи волейбол, Шуъбаи корҳои дохилӣ, Кумитаи амният, Суд, Прокуратура, Комиссариата ҳарбӣ, Кумитаи андоз, Кумитаи амвол, ҷамъияти «Ронанда», Ҷамъияти мададгори мудофиа, шуъбаи сохтмони коммуналӣ, комитети заминсозӣ ва геодезӣ, шуъбаи кишоварзӣ, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, шӯбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шуъбаи интихоби касб, корхонаи бақайдгирии биноҳо, архив, почта, Комитети ҳолатҳои фавқулода, шуъбаи суғурта, идораи барқ, идораи беҳдошти эпидемиологӣ, идораи байторӣ, филиали «Агроинвестбонк», «Ориёнбонк», «Амонатбонк», «Тоҷиксодиротбонк», «Аврангзеб», «Ҳақиқ», «Бонки саноатӣ», «Зар», ЭСХАТО, иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҳаракати вахдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Созмони Ҷавонон, Шӯрои ветеранҳои ҶБВ, шӯрои ҷанговарони интернатсионалист, ҷамъияти маъюбон, созмони «Бунёди хазинаи Оғохон», нашрияҳои «Набзи Файзобод» ва «Парвин» фаъолият доранд.
Кишоварзӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ихтиёри сокинони ҷамоат 620 cap гов, 300 cap гӯсфанд, 770 cap буз, 12 cap асп, 1146 cap мурғ, 300 оилаи занбӯри асал мавчуд аст.
Маориф
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар мактабҳои шаҳрак ба 2172 нафар хонанда 120 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд.
Тиб
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар муассисаҳои тиббӣ ба сокинони шаҳрак ва ноҳия 27 нафар духтур ва 71 нафар кормандони миёнаи тиббӣ хидмати тиббӣ мерасонанд.
Фарҳанг
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар китобхонаҳои шаҳрак 82000 нусха китоб нигоҳдорӣ мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 23 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН » Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон(рус.). Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 16 июли 2024 санҷида шуд.
- ↑ Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016.. 8 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. — Душанбе, 2011. СИЭМТ, — 392 саҳ. — ISBN 978-99947-33-48-4