Ваъду ваъид

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ваъду Ваъид)

Ваъду ваъид (ар. الوعد والوعيد‎ — ваъда кардан ва бим додан) — дар таъбироти қуръонӣ ба маънои ваъдаи аҷру савоб ва подоши хайр ва бим аз иқоби дунявӣ ва азоби ухравӣ.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Ваъду ваъид, ки дар маъно мутазод ҳастанд, дар фарҳанги таъбироти динӣ якҷоя барои ифодаи умуми башоратҳо, ваъдаҳои нек, азобу уқубат ва фарҷоми нек ё бади одамон дар дунё ва охират ба кор бурда мешавад, чунонки Мир Муиззӣ мефармояд:

Ваъдаи хулду ваъиди ҳашр бинмояд ҳамин,
Дасти ӯ дар базмгоҳу теғи ӯ дар размгоҳ.

(Фарҳанги Онандроҷ, ба нақл аз Баҳори Аҷам) Тибқи омӯзаҳои қуръонӣ ваъду ваъид барои он пешбинӣ шудаааст, ки дар қалби одамӣ ҳолати равониеро бо номи хавфу раҷо — биму умед ба вуҷуд оварад ва ӯро ба раҳмати Парвардгор ва ваъдаҳои неки Ӯ томеъ ва аз иқобу азоби Вай бимнок гардонад. Шайх Саъдӣ низ дар Б=стон дар ифодаи ин маъно мефармояд:

Гарам даст гирӣ, ба ҷое расам,
Вагар бифканӣ, барнагирад касам.
Зи лутфат ҳамин чашм дорем низ,
Бар ин бебизоат бибахш, эй азиз!
Кас аз ман сияҳноматар дида нест,
Ки ҳечам фиъоли писандиа нест.
Ҷуз ин к-эътимодам ба ёрии Туст,
Умедам ба омурзгории Туст!

Ваъда аз решаи феъли сулосии муҷарради ваъада (وَعَدَ) ба маънои ваъда кард ва навиди хайр дод, бархостааст ва ваъид масдар аст аз ҳамон решаи феъли ваъада, вале корбурди феълии он аз бобҳои авъада (اَوْعَدَ) ва таваъъада (تَوَعَّدَ) маъмул шудааст. Дар Қуръони карим дар решаи феъли муҷаррад низ ба ҳарду маъно ба кор рафтааст.

وَعَدَ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَهُمْ مَغْفِرَةٌ وَأَجْرٌ عَظِيمٌ  ‎ 
وَعَدَ اللَّهُ الْمُنَافِقِينَ وَالْمُنَافِقَاتِ وَالْكُفَّارَ نَارَ جَهَنَّمَ خَالِدِينَ فِيهَا هِيَ حَسْبُهُمْ وَلَعَنَهُمُ اللَّهُ وَلَهُمْ عَذَابٌ مُقِيمٌ  ‎ 
وَعَدَ اللَّهُ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا وَمَسَاكِنَ طَيِّبَةً فِي جَنَّاتِ عَدْنٍ وَرِضْوَانٌ مِنَ اللَّهِ أَكْبَرُ ذَلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ  ‎ 
جَنَّاتِ عَدْنٍ الَّتِي وَعَدَ الرَّحْمَنُ عِبَادَهُ بِالْغَيْبِ إِنَّهُ كَانَ وَعْدُهُ مَأْتِيًّا  ‎ 
وَإِذَا تُتْلَى عَلَيْهِمْ آيَاتُنَا بَيِّنَاتٍ تَعْرِفُ فِي وُجُوهِ الَّذِينَ كَفَرُوا الْمُنْكَرَ يَكَادُونَ يَسْطُونَ بِالَّذِينَ يَتْلُونَ عَلَيْهِمْ آيَاتِنَا قُلْ أَفَأُنَبِّئُكُمْ بِشَرٍّ مِنْ ذَلِكُمُ النَّارُ وَعَدَهَا اللَّهُ الَّذِينَ كَفَرُوا وَبِئْسَ الْمَصِيرُ  ‎ 

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • ابوعبد الرحمان الخليل بن احمد الفراهيدي، كتاب العين. — بيروت، 2003/1424 هـ
  • ابوالبقاء ايوب بن موسي الحسيني الكفوي، الكليات معجم في المصطلحات والفروق اللغوية. — بيروت، 1998/1418 هـ
  • ابوالحسن علي بن اسماعيل بن سيده المرسي المعروف بابن سيده، المحكم والمحيط الاعظم. — بيروت، 2000/1421 هـ
  • احمد بن محمد بن علي المقري، المصباح المنير في غريب الشرح الكبير للرافعي. — القاهرة، 1922

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]