Вақти байналмилалии атомӣ (TAI)
Вақти байналмилалии атомӣ (ТAI, фаронс. Temps Atomique International) — вақтест, ки асоси андозагирии он лаппиши электромагнитӣ буда, онро атом ё молекулаҳо ҳангоми гузаштан аз як ҳолати энергетикӣ ба дигараш меафкананд. Соли 1955 бо таҳия шудани эталонҳои фавқуссобити басомад, ки дар гузариши квантии байни савияҳои энергетикии атом ва молекулаҳо асос ёфтаанд, сохтани ҷадвалҳои (шкалаҳои) вақти атомӣ имконпазир гардид. Миқёси Вақти байналмилалии атомӣ ба миқёси вақти эфемеридӣ (ЕТ) баробар қабул шудааст Нуқтаи сифрии ҷадвали TAI аз нуқтаи сифрии ҷадвали ЕТ ба бузургии доимӣ фарқ мекунад: ЕТ=АТ+32,184 с. Бо қарори Конференсияи генералии ченак ва вазнҳо (1967) 1 сонияи атомӣ ба давраи афканиши давомнокиаш 9192631770 баробар дониста шуд, ки ба гузариши байни ду савияи ниҳоят борики ҳолати асосии атоми сезий-133 мувофиқат мекунад. Саҳеҳияти нисбии эталони басомади сезий дар давоми чанд сол 10 –10 – 10 –11 аст. Эталони вақти атомӣ тағйироти шаборӯзӣ ё асрӣ надорад, фарсуда намешавад, ба қадри кофӣ саҳеҳ, мушаххас ва аз нав тавлидшаванда аст.
Инчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вақти байналмилалии атомӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |