Jump to content

Ваҳҳоб Набиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ваҳҳоб Набиев
Ваҳҳоб Машрафович Набиев
Ваҳҳоб Машрафович Набиев
Ваҳҳоб Машрафович Набиев
Таърихи таваллуд 11 январ 1952(1952-01-11) (72 сол)
Зодгоҳ деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, ҳукумати вилояти Суғд, Факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

Ваҳҳоб Машрафович Набиев (11 январи 1952, деҳаи Чоркӯҳ, ноҳияи Исфара) — муаррих, доктори илмҳои таърих (1998), профессор, Академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ваҳоб Набиев 11 январи соли 1952, дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара таваллуд шудааст. Хатмкунандаи факултети таърих ва аспирантураи кафедраи таърихи ҲКИШ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон).

Соли 1986 дар мавзӯи «Комсомоли Тоҷикистон ёрдамчии фаъолони ҳизби коммунистӣ дар татбиқи инқилоби маданӣ (солҳои 1929—1941)» рисолаи номзадӣ, соли 1998 рисолаи доктории хешро дар мавзӯи «Таҷрибаи таърихии иштироки ҷавонон дар таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (солҳои 1961—1991)» дифоъ намудааст. Силсилаи китобу монографияҳои ӯ «Бо номи дӯстӣ ва бародарӣ: таҷрибаи таърихии иштироки ҷавонон дар таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (солҳои 1961—1991)», «Комсомол ва фарҳанг», «Комсомоли Тоҷикистон дар дигаргунсозии маданияти деҳот», «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон», «Самараи ризоият», «Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат», «Сайри гули лола: ҷустуҷӯ, бозёфт ва комёбиҳо», «Навниҳолони боғи истиқлол», «Иҷлосияи тақдирсоз ва самтҳои асосии ҳаракати ҷавонони Тоҷикистон», «Сулҳ, Ризоият, Ваҳдат», «Ҷонфидоиёни Ватан», «Фарҳанг ва ҷавонон», «Ваҳдат — ганҷи ҷовидони миллат», «Нигоҳе ба фарҳанги миллии тоҷикон», «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ поягузори сулҳу ваҳдати тоҷикон», «Посдори фарҳанги миллӣ», «Президент Эмомалӣ Раҳмон ва ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон», «Созандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол» ва ғайра мебошад.

Бо медалҳои «Хидмати шоиста», «20-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаҳои фахрӣ ва Сипосномаҳои КМ ВЛКСМ, Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси СССР, КМ ЛКСМ Тоҷикистон, Вазорати маданияти Тоҷикистон, ҷамъияти «Дониш»-и Тоҷикистон, Кумитаи шаҳрии Кировски КПСС вилояти Мурманск, Кумитаи вилоятии Смоленски ВЛКСМ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҷукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишонҳои ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ба номи академик Аловаддин Баҳоваддинов мукофотонида шудааст.[3]

  1. Ваххоб Набиев(пайванди дастнорас)
  2. Ваҳоб Набиев(тоҷ.). hgu.tj. 21 июни 2019 санҷида шуд.
  3. Факултети таърих ва ҳуқуқ, ДДХ. 17 Январ 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 марти 2016.