Венепунксия
Венепунксия (лот. vena — шоҳраг + лот. punctio — сӯрох кардан) — бо мақсади хунгирӣ, хундиҳӣ ё тазриқи дору аз болои пӯст ба сиёҳраг (вена) халондани сӯзан.
Дар сиёҳраги хами оринҷ, банди даст, буҷулаки пой, дар ширхораҳо дар сиёҳрагҳои фарқи сар венепунксия мекунанд. Ҳангоми шикофтани сиёҳраги хами оринҷ дасти бемор бояд рӯйи болиштак ҳатталимкон рост ва дар рӯйи миз устувор қарор гирад. Сипас банди дастро бо резин мебанданд; резин бояд ба сиёҳраг фишор орад, вале ҳаракати хунро дар сурхраг (шараён) халалдор насозад. Баъди бастани банди даст, барои пурхун шудани сиёҳраг, бемор бояд панҷаашро 5-6 бор мушт карда, боз намояд.
Сиёҳрагро метавон дар ду дафъа ё якбора сӯрох кард. Дар мавриди якум сӯзанро бо дасти рост (тарафи буридаи он бояд боло бошад) аз болои пӯст оҳиста ба сиёҳраг наздик меоранд ва аз паҳлу онро сӯрох мекунанд (дар ин ҳангом ба фазои холӣ даромадани нӯги сӯзан эҳсос мегардад). Агар сӯзан ба сиёҳраг роҳ ёфта бошад, дар охири он хун пайдо мешавад, вагарна сӯзанро қадре қафо кашида дубора ба раг халондан лозим аст. Ҳамин ки хун пайдо шуд, сӯзанро чанд миллиметр дарунтар халонда, барои раҳо наёфтан бо лейкопластр устувор месозанд. Чунин усули венепунксия, одатан, барои фиристодани чакрадору кор фармуда мешавад.
Венепунксияи якбора малакаву маҳорати махсус мехоҳад. Ҳангоми он тарафи буридаи сӯзанро поин гирифта, аз болои пӯст рост ба девораи сиёҳраг мехалонанд. Баъди ба раг роҳ ёфтан сӯзанро каме хам ва ба пӯст зер карда, андак пештар тела медиҳанд. Аз чунин усули венепунксия бо мақсади гирифтани хун истифода мекунанд (нигар Хунгирӣ). Дар аснои тазриқи дору резинро баъди халондани сӯзан ва дар вақти хунгирӣ пеш аз баровардани он кушодан лозим аст. Пас аз венепунксия сӯзанро зуд берун оварда, ба ҷойи он маҳлули спиртии йод мемоланд ва пахта мегузоранд; бемор бояд дасташро 1-2 дақиқа қат карда истад. Дар мавриди тазриқ сӯзанро ба шпритси дорудор гузошта, боэҳтиёт ба сиёҳраг мехаланд, сипас поршенро оҳиста қафо мекашанд. Дар шпритс пайдо шудани хун нишонаи венепунксияи дуруст аст. Баъди тазриқ сӯзанро зуд берун оварда, боқӣ мисли венепунксия ҳангоми хунгирӣ амал мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Венепунксия / Ш. Полвонов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.