Jump to content

Венера (асотир)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Венера (асотир)
Мифология ancient Roman religion[d]
Сфера влияния Ишқ, human sexuality[d], seduction[d], Зебоӣ ва femininity[d]
Пол зан
Супруг(а) Вулкон[1]
Дети Formido[d] ва Cupid[d]
В иных культурах Афродита, Turan[d] ва Venus[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Венера — дар асотири Руми Бостон илоҳаи баҳор, сарсабзӣ ва боғу шукуфоӣ, аз ҷумлаи илоҳаҳои қадимтарини сокинони Итолиё.

Венера дертар чун илоҳаи ишқу муҳаббат ва ҳусну зебоӣ шуҳрат ёфта, ба сифати саромади хонадони сулолаи императорони Рум — Юлийҳо дар аҳди Юлий Сезар ва Август расман мавриди парастиш қарор гирифт. Дар асотири юнонӣ Венера ба илоҳаи Афродита ва дар асотири ниёгони мо ба Аноҳита ва Нана айният дорад. Яшти панҷуми Авесто ба илоҳаи зебо Аноҳита бахшида шудааст, ки тимсоли он савори гардунаи тилоӣ дар осори Хазинаи Амударё ёфт шудааст. Рассомон ва ҳайкалтарошони Руми Қадим Венераро ба сурати илоҳаи ишқу муҳаббат ва тимсоли зебоии занона меофариданд. Аноҳита ба образҳои асотирии Венера, Артемида ва Афродита айният дошта, дар тангаҳои аҳди подшоҳи Юнону Бохтарӣ Деметрий (тақр. 189—167 то м.) сабт шудааст. Нанаи асотири суғдиён низ аз рӯйи мазмуну моҳият ба Венера шабоҳат дошта, тимсоли он дар деворнигораҳои Панҷакенти Қадим маҳфуз мондааст.

  1. English Wikipedia community Wikipedia (ингл.) — 2001.