Венесуэлиҳо
Сукунат | |
---|---|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Венесуэлиҳо (исп. Venezolanos) — мардумеанд дар Амрикои Ҷанубӣ, ки аксарияти аҳолии Венесуэларо ташкил медиҳанд.
Теъдоди умумии венесуэлиҳо дар ҷаҳон тақрибан 30 млн буда, аз ин миқдор 29 млн дар Венесуэла, ИМА, Испания (200- ҳазорнафарӣ), Итолиё, Португалия (100 ҳазор) ва дигар кишварҳои олам умр ба сар мебаранд. Венесуэлиҳо бо гӯиши ба мардуми Амрикои Лотинӣ хосси забони испанӣ такаллум мекунанд. Дар миёни аҳолии таҳҷоӣ ҳамчунин забонҳои карибӣ (ану, гуахиро, варао, мапойос, пироа, пемон, яномами) маъмул мебошанд. Хатташон лотини- асос аст. Аксари диндорон пайрави мазҳаби католикӣ (96 %) буда, бархе протестант ва пайрави мазҳаби мормони мебошанд. Ташаккули қавмию нажодии венесуэлиҳо бар асари омезиши испаниҳо, канарҳо, баскҳо, ҳиндуҳои абориген, ғуломони африқоӣ ба вуҷуд омадааст. Венесуэлиҳо ҳамчун мардум дар асри 20 ташаккул ёфтанд. Аксари насли имрӯзаи венесуэлиҳо (75 %) дар қисмати Шим. Ва Шим. Ш. Ва соҳилҳои баҳр, ки шаҳр ва иншооти бузурги саноатӣ дорад, иқомат доранд. Насли ҳиндунажодҳо дар минтақаҳои кӯҳистони шим. шарқи кишвар зиндагӣ мекунанд. Қисми зиёди венесуэлиҳо дар соҳаи саноат (40 %), хоҷагии деҳот (20) ва хидматрасонӣ фаъолият доранд. Хонаҳои венесуэлиҳо дар деҳот аз похса ё хишт сохта шуда, ба воситаи сафолҳои бомпӯшӣ ё шохаҳои палма пӯшида шудаанд. Сарфи назар аз ин, венесуэлиҳо дар ҳавои кушод ва тӯравлонҷ хоб рафтанро авлотар медонанд. Дар миёни венесуэлиҳо варзиши каррида, асптозӣ, хурӯсҷанг, футбол, бейсбол маъмул аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Венесуэлагиҳо / Қ. Расулиён // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.