Вера Звягинсева
Вера Звягинсева | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 31 октябри (12 ноябри) 1894[1] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 9 июли 1972 (77 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Маҳалли дафн | |
| Шаҳрвандӣ (табаият) | |
| Навъи фаъолият | шоир, нависанда, тарҷумон, ҳунарпешаи театр |
| Забони осор | русӣ, арманӣ[2], белорусӣ[2], укройнӣ[2], форсӣ[2] ва гурҷӣ[2] |
Звягинсева Вера Клавдиевна (31 октябри [12 ноябри] 1894[1], Маскав[1] — 9 июли 1972, Маскав) — шоир ва тарҷумони рус.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1917, пас аз хатми мактаби драмавӣ, муддате ҳунарпешаи касбӣ шуд. Бо нашри нахустин маҷмӯаи ашъораш «Дар болои пул» (1922) саҳнаро тарк карда, ба тарҷумонӣ машғул шуд. Звягинсева осори адибони украин, арман, гурҷӣ, беларус, кабардин ва литвониро ба забони русӣ тарҷума кард.
Аз адабиёти форс-тоҷик намунаҳоро аз эҷодиёти Ҷалолуддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Убайди Зоконӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Абдулқодирхоҷаи Савдо ба забони русӣ тарҷума кардааст. Муаллифи маҷмӯаҳои «Шамоли Маскав» (1926), «Бо роҳҳои рус» (1946), «Ситораи зимистон» (1958), «Шомгоҳ» (1963), «Достони Радишев» (1964), «Тавба» (1967), «Арманистони ман» (1969).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 3 4 Краткая литературная энциклопедия (рус.) — М.: Советская энциклопедия, 1962.
- 1 2 3 4 5 База данных Национальной библиотеки Чешской Республики
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Звягинсева Вера Клавдиевна // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.