Ҷузеппе Верди

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Верди Ҷузеппе)
Jump to navigation Jump to search
Ҷузеппе Верди
Giuseppe Verdi
Giuseppe Verdi xilografia.jpg
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд

итол. Giuseppe Fortunino Francesco Verdi

Санаи таваллуд

10 октябр 1813(1813-10-10)[1][2][…]

Зодгоҳ
Санаи марг

27 январ 1901(1901-01-27)[1][4][…] (87 сол)

Маҳалли марг
Солҳои фаъолият

1830 — то ҳол

Кишвар
Касб(ҳо)

оҳангсоз, дирижёр, мусиқидон, сиёсатмадор

Асбоб

фортепиано[d]

Сабк

мусиқии клоссик[d], опера ва mass for the dead[d]

Ҷоизаҳо
Order of Saint Stanislaus Grand Cross of the Legion of Honour Knight of the Legion of Honour Knight Grand Cross of the Order of Saints Maurice and Lazarus Order of the Medjidie Commander's Cross of the Order of Franz Joseph Civil Order of Savoy Knight grand cross of the order of the crown of Italy Pour le Mérite for Sciences and Arts
Соядаст
Соядаст
giuseppeverdi.it
Commons-logo.svg Аудио, фото, видео дар Викианбор

Ҷузеппе Верди (10.10.1813, Ронколе, ноҳияи Парма – 27.01.1901, Милан), композитори бузурги итолиёӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Ҷузеппе Верди бо азобу машақат соҳиби маълулоти мусиқӣ гардидааст: мустақилона бисёр омӯхта, ба таври хусусӣ дарсҳои мусиқӣ гирифтааст. Хост ба Консерваторияи Милан дохил шавад, аммо қабул нашуд. Аз дирижёр ва мусиқичии бомаҳорат В. Лавини таълим гирифтааст. Верди аз с. 1828 ба эҷоди асарҳои мусиқӣ шурӯъ кард (увертюраҳо, маршҳо барои оркестри нафасӣ, пиесаҳои фортепианӣ). С. 1833 дирижёри оркестри нафасӣ, с. 1836 роҳбари ҷамъияти филармонӣ дар Буссето.

Эҷодиёт[вироиш]

С. 1839 дар Милан операи аввалини Верди «Оберто» ба саҳна гузошта шуд. Ба Верди операҳои «Набукко» («Навуходоносор», 1841) ва «Ҷанги салибии ломбардиён» (1842) шуҳрат овардаанд, ки дар онҳо оҳангҳои қаҳрамонӣ ва инқилобӣ садо дода, муборизаи итолиёиён барои озод шудан аз юғи австриягиҳои истилогар ифода ёфтааст. Дар с.-ҳои 1842-49 Верди 13 опера, аз ҷумла «Эрнани» (1844), «Аттила» (1849), «Луиза Миллер» (1849) ва ғ. эҷод кард. Ҳиссиёти ватандӯстонаи В. дар гимни «Садо деҳ, шайпур» таҷассум ёфтааст, ки онро дар давраи Инқилоби с. 1848 бо таклифи Ҷ. Мадзини (ба матни Г. Мамели) навишта буд. Операҳои «Риголетто» (1851, аз рӯйи драмаи В. Гюго «Хушдилиҳои шоҳ»), «Трубадур» (1852), «Травиата» (1853, аз рӯйи драмаи А. Дюма – писар «Хонуми гулдор») шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карданд. С. 1862 бо супориши Театри петербургии Мариин (ҳоз. Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.М. Киров) операи «Қудрати тақдир»-ро навишт (таҳр. 2-юм 1869).

Ба ин муносибат Верди ду бор ба Русия омад (1861, 1862). С. 1870 бо супориши театри Миср операи «Аида»-ро офарид, ки он с. 1871 дар Қоҳира ба саҳна гузошта шуд. Ин асар яке аз қуллаҳои баланди операи итолиёӣ аст. Баъди ин В. 15 сол ба жанри опера рӯ наовард. С. 1874 ба хотираи нависандаи итолиёӣ А. Мандзони «Реквием»-ро навишт. С. 1886 В. асари барҷастаи санъати реалистӣ – операи «Отелло»-ро эҷод кард, ки он яке аз бузуртарин асарҳои мусиқии классикии ҷаҳонӣ аст. Операи охирини В. «Фалсаф» (аз рӯйи мазҳакаи У. Шекспир «Духтарони шӯхи виндзорӣ», 1892) мебошад. Верди дар таърихи мусиқӣ ҳамчун эҷодкори навовар, санъати бузург, композитори реалист мавқеъ дорад. Робитаи қавӣ доштани В. бо маданияти миллӣ-демократии Итолиё аҳамияти таърихии эҷодиёти ӯро афзуда, операҳояшро дар тамоми ҷаҳон машҳур гардонданд. Верди 26 опера асарҳо барои созҳои нафасӣ, кантатаҳо, квартетҳои торӣ, романсҳову сурудҳо ва ғ. навиштааст.

Мусиқии Верди дар ТДОБТ ба номи С. Айнӣ[вироиш]

Дар репертуари Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ асарҳои Верди – «Риголетто», «Трубадур», «Аида», «Отелло» мавқеи муҳим доранд. [7]

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #118626523 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
  2. 2.0 2.1 SNAC — 2010.
  3. Internet Broadway Database — 2000.
  4. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF: платформа открытых данных — 2011.
  5. 5.0 5.1 Верди Джузеппе // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  6. 6.0 6.1 http://www.theguardian.com/friday_review/story/0,3605,428319,00.html
  7. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.83-84. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)