Веспасиан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Веспасиан
лот. Titus Flavius Vespasianus
21 декабр 69 — 24 июн 79
Пешгузашта Vitellius[d]
Ҷонишин Titus[d]
аз 38

Таваллуд 17 ноябр 9[1]
Даргузашт 23 июн 79 (69 сол)
Мадфан
Дудмон Flavian dynasty[d] ва Flavii Sabini[d]
Падар Titus Flavius Sabinus[d]
Модар Vespasia Polla[d]
Ҳамсар Domitilla the Elder[d][2]
Фарзандон Titus[d][3][4], Domitian[d][5] ва Domitilla the Younger[d]
Эътиқод ancient Roman religion[d]
Рутба legatus[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Тит Фла́вий Веспасиа́н (лот. Titus Flavius Vespasianus; 17 ноябр 9[1], Falacrine[d], Итолиёи Румӣ[d]23 июн 79, Aquae Cutiliae[d], Латсио[d]) — имперотури Рум (солҳои 69-79). Саромади сулолаи Флавийҳо (69-96).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар аҳди императории Тиберий ба ҳайати сенат ворид шуда, яке аз легионҳои Румро дар фатҳи ҷануби Британия фармондеҳӣ кард. Соли 51 консул интихоб шуда, бо амри император Нерон ошӯби яҳудиҳоро саркӯб намуд (соли 67). Баъди марги Нерон (68) бо пуштибонии музофоти шарқии Рум император эълон шуд (соли 69). Легионҳои Дунай ва шоҳи Порт — Балоши I (51-78) Веспасианро дар муборизаи зидди рақибаш Вителий дастгирӣ карда, бо ин мақсад 40 ҳазор савори портӣ фиристода шуданд. Веспасиан дар мамлакат низоми ҳарбӣ, додгустарӣ ва андозсупориро қавитар намуда, ба хотири оромиву осудаҳолии мамлакат ба лотинитаборон ҳуқуқи шаҳрванди Румро дод. Веспасиан робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии Румро бо давлати Порт вусъат бахшида, дар аҳди Балоши I робитаҳои мусолиҳатомез ва хариду фурӯши абрешимро дар шаҳрҳои Сурия ва Антиохия ташкил кард. Ӯ ҳангоми сар задани ошӯбҳо дар Арманистон ва Атропатена (Озарбойҷон)-и Порт ба таври махфӣ аланҳоро дастгирӣ кард. Ҳамчунин Веспасиан дархости Балоши II-ро ҷиҳати ёрӣ дар муборизаи зидди аланҳо рад кард, ки ин боиси афзудани хусумати ҷонибҳо гардид. Дар давраи ҳукмронии Веспасиан ҳуҷуми Балоши II ба Сурия (соли 80) бенатиҷа анҷом ёфта, аз ҷониби сарлашкари румӣ Траян шикаст хӯрд. Баъдан Веспасиан аз муборизаҳои дохилии бародарон Балоши II, Покор ва Ороз дар Порт истифода бурда, нуфузи Румро дар Сурия, Антиохия ва Арманистон устувор кард. Дар аҳди Веспасиан Коллизей таҷдиду бозсозӣ ва чандин иморати дигар бунёд шуданд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]