Вивона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вивона

Вивона — яке аз давлатмардон ва волиёни аҳди ҳахоманишӣ.

Дар замони лашкаркашии Камбуҷия ба Миср (526—522 то м.) ва ҳукмронии Гаумата (марти 522 — сентябри 522 то м.) волии Арахосия (Рухаҷ) буд. Вивона сарлашкар, ҳамсаф ва волии Дорои I (522—468 то м.) буд. Ҳангоми ба тахт нишастани Дорои I (сентябри 522 то м.) ва сар задани ошӯбҳо дар мамлакат барои саркӯбсозии рақибони шоҳаншоҳ мубориза бурд. Дорои I дар Катибаи Бесутун номи Вивонаро ҳамчун шаҳрдори Арахосия ва сарлашкар 6 бор ёд намуда, хидматҳои ӯро дар саркӯбсозии Ваҳяздата ситоиш кардааст. Мутобиқи маълумоти Катибаи Бесутун, Вивона дастаҳои ошӯбгарони Ваҳяздатаро се бор саркӯб намуд. Вивона дар лашкаркашиҳои Доро ба муқобили сакоиҳои тиграхауд (519—518 то м.) ширкат варзида, то охири умр волии Арахосия буд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]