Jump to content

Нуриддини Садриддин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нуриддини Садриддин
Ном ба ҳангоми таваллуд: Нуриддин Садриддинов
Таърихи таваллуд: 10 ноябр 1953(1953-11-10) (71 сол)
Зодгоҳ: деҳаи Шаҳринав, ноҳияи Ғарм
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир, нависанда, рӯзноманигор
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳои адабӣ: Нишони сухани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Ҷоизаҳо: Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нуриддини Садриддин (Нуриддин Садриддинов; 10 ноябри 1953, деҳаи Шаҳринав, ноҳияи Ғарм) — шоир, нависанда, рӯзноманигор, омӯзгор ва китобдор.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нуриддин Садриддинов 10 ноябри соли 1953 дар деҳаи Шаҳринави Ҷамоати Деҳоти Қалъанаки ноҳияи Ғарм, ҳозира Рашт, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Оиладор соҳиби панҷ фарзанд.

Фаъолияти эҷодӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти эҷодиашро аз сини 12-солагӣ оғоз намудааст. Аввалин чакидаҳои хомаашро дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» ба табъ расонидааст. Айни ҳол ӯ соҳиби чор маҷмуаи шеърӣ бо номҳои «Чашми гулбин» нашриёти «Деваштич», «Сад сузу созӣ розҳо» нашриёти «Ҳумо»,"Чароғи дил" ва «Накҳати ёд», нашриёти «Адиб» ва инчунин як рисолаи илмӣ бо номи «Китобу китобдорӣ» мебошад. Айни вақт маҷмуъаи шеърие бо номи «Пои пуробилаи дил» ва китоби қиссаву ҳикояҳояш бо номи «Як роҳу се қисмат» омодаи чоп аст.

Дорандаи Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғолиби озмуни Номинатсияи даҳ китобдори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз соли 2011 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дорандаи Нишони сухани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.