Фарқият байни намунаҳои "Роман"

Jump to navigation Jump to search
4 bytes removed ,  3 сол пеш
no edit summary
х (VASHGIRD moved page Роман (жанр) to Роман)
'''Роман''' (фр. roman — ҳикояе, ки бо забонҳои романӣ эҷод гардидааст) — яке аз намудҳои эпикии такявии адабиёти бадеист, ки ҷараёни мураккаби ҳаёт, доираи васеи воқеа ва ҳодисаҳои зиндагиро дар тараққиёти онҳо акс кунонидааст. Манзараи ҳаёти инсонӣ дар роман ба таври мураккаб ва ҳарҷониба дар бар гирифта шудааст. Дар роман нисбат ба [[повест]] ва [[ҳикоя]] тақдири ба ҳам печидаи [[персонаж]]ҳои зиёде тасвир ёфтааст. Роҳи инкишофи ҳаёти инсонӣ, тақдир ва манфиатҳои ӯ дар роман ҳамин тавр тасвир меёбад, ки дар он характерҳо ва пояҳо — давраҳои ҳаёти вай бо рангорангияш ба эътибор гирфта мешавад.
 
Роман (жанри маъруфи ҷинси ҳамоса (эпикӣ) мебошад ва аз дигар жанрҳои ҳамосӣ, чун қисса, достон, ёддошт, ҳикоя, новелла, афсона фарқ мекунад. Роман асосан ба наср ва баъзан ба назм навишта шуда, дорои имкониятҳои васеи тасвир мебошад. Замону макон дар роман васеъ ва пурвусъат мебошад ва воқеаҳо дар чанд маҳал рӯй медиҳанд.<ref>[[Худойназар Асозода]], [[Аламхон Кӯчаров]]. Адабиёти тоҷик. (давраи нав) — Душанбе, 2006. — С. 39-41</ref>

Менюи гаштан