Драма (ҷинси адабиёт): Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Сатри 14: Сатри 14:


== Пайвандҳо ==
== Пайвандҳо ==
* [https://ru.m.wikipedia.org/wiki/Драма_(жанр) | Википедияи русӣ, Драма (жанр)]
* [https://ru.m.wikipedia.org/wiki/Драма_(жанр) Аз Википедияи русӣ, Драма (жанр)]
* [https://ru.m.wikipedia.org/wiki/Театр | Википедияи русӣ, Театр]
* [https://ru.m.wikipedia.org/wiki/Театр Аз Википедияи русӣ, Театр]
[[Гурӯҳ:Жанрҳои адабӣ]]
[[Гурӯҳ:Жанрҳои адабӣ]]

Нусха 07:21, 11 июли 2018

Драма (юнонӣ, drama - ҳаракат, амалиёт, намоишнома) - Дар адабиётшиносӣ драма дар қатори ҷинсҳои эпикӣ (ҳамосӣ) ва лирикӣ (ғиноӣ) яке аз се ҷинси адабӣ ба шумор меравад. Асарҳои драмавӣ, одатан, барои саҳнаи театрҳо офарида мешаванд ва онҳоро (песа) ва баъди ба намоиш гузоштанашон (спектакл) меноманд. Нависандаи асарҳои драмавиро - драматург ва ҷамъи асарҳои саҳнавиро - драматургия низ меноманд.

мазҳакаи итолиёвии Дел Арте дар асри XVI

Имкониятҳои драма нисбати дигар асарҳо

Сужети драма мӯҷаз, сода ва мухтасар буда, зиддияти персонажҳо кӯтоҳ, вале пуршиддату тезутунд мебошад. Яъне манзараи табиат ва персонажҳо бо тамоми қиёфа яку якбора пайдо мегарданд. Забони драма дар асоси гуфтугӯи персонажҳо бунёд меёбад ва дар он забони зиндаи халқ, ҷумлаҳои содаю таркибҳои мафҳум мақоми арзанда доранд.

Таърих

саҳнае аз Мелодрамаи Оноре Доме дар солҳои1856—1860

Драма дар адабиёти ҷаҳон таърихи қадим ва бой дорад. Аввалҳо дар мамлакатҳои Мисри қадим, Чин , Ҳиндустон, Япония дар шакли бозиҳои маросимӣ ва намоишномаҳои халқӣ ба вуҷуд омаддаст. Дар Юнони қадим, дар асрҳои V ва IV то мелод, драма дар эҷодиёти Эсхил, Софкол, Еврипид, Аристофан ва дигарон идома меёбад. Дар Ғарб дар давраҳои Эҳё (асрҳои XV-XVI ), Маорифпарварӣ (асрҳои XVII-XVIII ) ва минбаъд навиштани асарҳои драмавӣ (саҳнавӣ) авҷ мегирад. Вилям Шекспир, А.Н. Островский, Максим Горкий, Виктор Гюго ва ғайраҳо дар драматургияи ҷаҳонӣ саҳми муносиб гузоштаанд.

Таърихи драматургияи тоҷик

Драматургияи тоҷик ҳам дар асоси эҷодиёти шифоҳии халқ ба вуҷуд омадааст ва баъди инқилоби Октиябр, аз солҳои 1917 - 1918 сар карда, дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент, Душанбе намоишномаҳои "Кӯри Шермат", "Эшони фиребгар", "Бой ва хизматгор", "Амир Олимхон" дар саҳнаҳои театрҳои худфаъолиятӣ намош дода шудаанд. Драма аз се жанри маънавӣ - фоҷеа (трагедиа), мазҳака ва драма иборат аст.

Пайвандҳо