Ираклий Абашидзе: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Replacing Flag_of_Georgian_SSR.svg with File:Flag_of_the_Georgian_Soviet_Socialist_Republic.svg (by CommonsDelinker because: File renamed:).
х →‎Сарчашма: ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 68: Сатри 68:


== Сарчашма ==
== Сарчашма ==
{{ЭМТ}}
* {{ЭМТ||1}}


[[Гурӯҳ:Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»]]

Нусха 05:34, 13 июли 2018

Ираклий Виссарионович Абашидзе
гурҷӣ: ირაკლი ბესარიონის ძე აბაშიძე
парчам
9-умин Раиси Шӯрои Олии РСС Гурҷистон
12 июли 1971 — 14 ноябри 1990
Пешгузашта Двали, Рафаэл Рафаэлович
Ҷонишин Гамсахурдия, Звиад Константинович

Таваллуд 10 (23) ноябр 1909
Даргузашт 14 январ 1992(1992-01-14) (82 сол)
Мадфан
Ном ҳангоми таваллуд гурҷӣ: ირაკლი აბაშიძე
Ҳизб
Таҳсилот
Касб шоир, сиёсатмадор
Фаъолият шеър
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1979
Ордени Ленин Ордени Ленин Ордени Ленин Ордени Ленин
Ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II— 1985 Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Дӯстии халқҳо
Ордени «Нишони Фахрӣ» Медали «Барои шуҷоати меҳнатӣ»

Ира́клий Виссарио́нович Абаши́дзе (гурҷӣ: ირაკლი ბესარიონის ძე აბაშიძე; 10 (23) ноябр 1909 — 14 январи 1992) — шоир ва ходими ҷамъиятии гурҷӣ, академик АИ РСС Гурҷистон (1960). Раиси Шӯрои Олии РСС Гурҷистон (1971). Раиси Садорати ИН Гурҷистон (1953 — 67), сармуҳаррири Энсиклопедияи Советии Гурҷистон. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1979).

Зиндагинома

Дар деҳаи Хони губернияи Кутаиси ба дунё омадааст. Шеърҳояш аз соли 1928 чоп шудаанд.

Эҷодиёт

Дар маҷмӯаҳои ӯ «Шеърҳо» (1932), «Шеърҳои нав» (1938), силсилаи шеърҳои «Сурудҳои даравгарон», «Гурия шукуфон аст», «Шаби шикорчиён» (1950 — 51) ва ғайра ҳаёти нав, ишқи Ватан, меҳнати фидокорона ва диловаронаи халқи эҷодкор тараннум шудааст. Дар мавзӯи ҶБВ (1941 — 45) ва корнамоии диловарони ҷанг шеърҳои «Капитан Бухаидзе», «Суруди марди маҷрӯҳ», «Ба хотираи Леселидзе» ва ғайраро офаридааст.

Дар силсилаи шеърҳои «Фаластин, Фаластин» (гурҷӣ: პალესტინა, პალესტინა, 1963, Мукофоти давлатии Гурҷистон ба номи Руставелӣ, 1966), «Бо пайраҳаҳои Руставелӣ» ва (гурҷӣ: რუსთველის ნაკვალევზე; мукофоти ба номи Ҷ. Неру, 1972) ва «Ин сурудҳои Гурҷистони ман аст» (1971) зиндагии душвору мураккаб ва олами ботинии шоири бузурги гурҷӣ тасвир ёфтааст.

Китобҳои «Қаробат» (1966), «Маҷмӯаи шеърҳо» (1982) аз хусуси мавқеи ҷамъиятии шоир, таърихи Гурҷистону халқи кишвар, дӯстии халқҳо ва сулҳ баҳс мекунанд.

Шеърҳои Абашидзе ба забони халқҳои собиқ СССР ва хориҷӣ, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ (шеърҳои «Ба шоири Ҳинд», «Ба шоирони Шарқ», «Дӯстиро завол нест», «Се қалъа») чоп шудаанд.

Осор

  • Ба шоирони Шарқ, дар маҷмӯа «Эътиқод», Д., 1982.
  • Избранные стихи. Тбилиси, 1984
  • Ищу заветный след. Москва, Детская литература, 1979. Перевод Е. Евтушенко, Н. Гребнева, М. Максимова, А. Межирова, Н. Тихонова, Б. Ахмадулиной, П. Шубина
  • Избранное: Стихотворения. — М., 1979.

Мукофотҳо

  • Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (22.11.1979)
  • 4 ордени Ленин (17.04.1958; 02.04.1966; 18.12.1969; 22.11.1979)
  • ордени Ҷанги ватанӣ дараҷаи 2 (11.03.1985)
  • 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (24.02.1946; 22.12.1959)
  • ордени Дӯстии халқҳо (16.11.1984)
  • ордени «Нишони Фахрӣ» (31.01.1939)
  • медали «Барои шуҷоати меҳнатӣ» (29.08.1960)
  • медалҳо

Эзоҳ

Адабиёт

  • Маргвелашвили Г. Ираклий Абашидзе. — Тб., 1958.

Пайвандҳо

 Ираклий Абашидзе. Сайти «Герои Страны».

  • Абашидзе Ираклий Виссарионович // Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1969—1978.

Сарчашма