Афзор: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 7: Сатри 7:
* [[Абзордон]]
* [[Абзордон]]
==Манбаъ==
== Сарчашма ==
{{ЭМТ||2}}
<references/>
{{ЭМТ}}


[[Гурӯҳ:Афзор]]
[[Гурӯҳ:Афзор]]

Нусха 10:22, 13 июли 2018

Қуттии афзорҳои навин

Афзор - олоти меҳнати инсон ё механизми иҷрокунандаи мошинҳои технологӣ барои кор дар истеҳсолоти саноатӣ. Афзор ҳанӯз дар асри биринҷӣ, алалхусус баъди аз маъдан ҷудо кардани оҳан (ҳазорсолаи якуми то мелод) хеле тараққӣ кард. Дар он замон ва давраҳои минбаъда то пайдоиши техникаи ҳозиразамон Афзорҳои ҳунармандон, махсусан дар соҳаҳои коркарди филиззот, бо андозаву вазни худ фарқ мекарданд (масалан, афзорҳои оҳангарӣ, мисгарӣ, заргарӣ). Феълан навъҳои афзорҳоро мувофиқи вазифаашон ба буранда (арра, миқроз, ранда, корд, парма ва ғайра), зарбавӣ (путк, болға ва ғайра), нақшакашӣ (паргор, хаткаш ва ғайра) суфтагарӣ (милаи суфтагарӣ, қурси суфтагарӣ ва ғайра), дастӣ (анбур, сунба ва ғайра), дастгоҳӣ (қалам, парма, фреза ва ғайра), механиконидашудаи дастӣ (миқрозҳои фишангӣ, арраҳои шаддабур, болғаҳои ангиштканӣ ва ғайра) ҷудо мекунанд. Асбобу олотеро, ки барои ченкуниҳои гуногун (гунё, калибр, микрометр ва ғайра) ва амалиётҳои дигар дар илму техника (штампҳо, қолибҳои рехтагарӣ ва ғайра), барои амалиёти ҷарроҳию муолиҷавӣ ва тадқиқот дар тиб ва байторӣ истифода мешаванд, низ афзор меноманд.[1]

Нигаред

Сарчашма

Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.

  1. Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2
  2. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 1 А – Н (нашри дувум)./Зери таҳрири С. Назарзода, А. Сангинов, С. Каримов, М. Ҳ. Султон. – Душанбе 2010, - c. 96 ISBN 978-99947-69-39-1