Фарқият байни намунаҳои "Антигуа ва Барбуда"

Jump to navigation Jump to search
 
== Таърих ==
[[File:The Mill Yard - Ten Views in the Island of Antigua (1823), plate V - BL.jpg|thumb|left|Антигуа соли 1823]]
Аввалин бошишгоҳҳои ҳиндуёни маҳаллӣ ба ҳазорсолаи 2 то м. мансубанд. Дар асри 13 мардуми бумиро қабилаҳои карибҳо танг карда бароварданд. Аз соли 1493, баъди Америкаро кашф кардани Х. Колумб, ҷазираҳоро мустамликадорони Испанияю Франсия ва баъдтар англисҳо ишғол карданд ва дар ин ҷо пахта, тамоку, нил (индиго), занҷабил ва найшакар мекориданд. Британиҳо барои кор фармудан дар плантатсияҳо аз Африка ғуломонро меоварданд. Дар натиҷа, соли 1671 Антигуа ва Барбуда мустамликаи Британия гашт. Баъди бекор карда шудани ғуломдорӣ (1834) талабот ба найшакар кам гардида, иқтисоди ин ҷоро суст кард. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939 — 45) аз соли 1940 дар Антигуа пойгоҳҳои ҳарбӣ-баҳрӣ ва ҳарбӣ-ҳавоии ИМА ҷой дода шуданд. Солҳои 1958 — 62 Антигуа ва Барбуда дар ҳайати Федератсияи Вест-Индия буд. Соли 1967 Антигуа ва Барбуда қисми таркибии Иттиҳоди Британия эълон шуда, соҳиби ҳуқуқи худидоракунии дохилӣ гашт (масъалаҳои марбут ба мудофиа ва ҳалли баҳсҳои байналхалқии мамлакат бар дӯши Британия аст). 1 ноябри 1981 Антигуа ва Барбуда давлати соҳибистиқлол дар таркиби Иттиҳоди Британия эълон шуд. Ба аҳолии Барбуда, ки пешвоёни сиёсиашон аз Антигуа ҷудо шуданро талаб мекарданд, ҳуқуқи худидоракунӣ дода шуд. Аз ноябри 1981 то марти 2004 Ҳизби лейбористии Антигуа ҳизби ҳукмрон буд, апрели 2004 Ҳизби муттаҳиди прогресивӣ дар интихоботи парламентӣ ғолиб омад. Дар интихоботи охирини парламентӣ бори аввал ба ҳайати ҳукумат намояндаи Ҳаракати халқии Барбуда ворид шуд.
 

Менюи гаштан