Саййид Алӣ Муҳаммади Шерозӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х clean up, replaced: {{Зиндагинома → {{Шахсият, |Номи тоҷикӣ → | ном , |Номи аслӣ → | номи аслӣ , |Акс → | тасвир , |Зодрӯз → | санаи using AWB
clean up, added orphan tag using AWB
Сатри 1: Сатри 1:
{{Orphan|date=ноябр 2018}}

{{Шахсият
{{Шахсият
| ном =
| ном =
Сатри 21: Сатри 23:
== Сарчашма ==
== Сарчашма ==
* М. Ҳазратқулов.
* М. Ҳазратқулов.
* {{ЭМТ||2|муаллиф=}}

[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]

[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]

Нусха 05:34, 23 ноябри 2018


Саййид Алӣ Муҳаммади Шерозӣ
باب علی محمد شیرازی
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд форсӣ: عَلی مُحَمَّد شیرَازی
Таърихи таваллуд 20 октябр 1819(1819-10-20)[1][2][3]
Зодгоҳ Шероз
Таърихи даргузашт 9 июл 1850(1850-07-09)[1][4][2][…] (30 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша ходими дин, воиз, Manifestation of God, бозаргон
Ҳамсар Khadíjih-Bagum[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

БОБ (порсӣ: باب علی محمد شیرازی) Алимуҳаммади Шерозӣ (1821, Шероз – 1850, Табрез), муассиси бобия, роҳбари шӯриши бобиён дар Эрон (1848–50).

Зиндагинома

Аз оилаи тоҷир. Пас аз марги падараш зери ҳимояти тағояш ба тоҷирӣ пардохт, вале масъалаҳои маорифи динӣ бештар таваҷҷуҳи ӯро ҷалб карда буданд. Ба омӯзиши усулу аҳкоми дин пардохт, дар Карбало бо таълимоти шайхияи шиа шиносоӣ пайдо кард ва баъди ба Шероз баргаштанаш ба ислоҳи дин пардохт.

Дастхати Боб

Ислоҳи ӯ як ислоҳи маъмулӣ ва хусусияти куллӣ дошт. Ӯ худро «Боб» (ё худ даре) эълон кард, ки Маҳдӣ ба тавассути он иродаташро ба ӯ мунтақил намудааст. Ӯ дар масҷиди Ҳаддодон дар ваъзу суханрониҳояш намояндагони расмии дини исломро зери тозиёнаи танқид гирифта, ба тарғибу ташвиқи таълимоти тозаи ислоҳталабонаи худ пардохта, «Алӣ пеш аз набӣ» ном шиори шиъиёнро ба шиори «Алӣ оинаест, ки сояи Худо дар он намоён аст» иваз намуд. Ин амали ӯ боиси ошӯби мардум гардид ва с. 1847 барои чунин ақидаҳои ислоҳталабонааш ҳабс карданд.

Мақбараи Боб дар Ҳифо

Муддате дар қалъаи «Моку»-и Озарбойҷон нигоҳ доштанд, баъд ба қалъаи Ҷаҳрик институтиқол доданд ва аз он ҷо ба Табрез оварданд. Ҳангоми сар задани шӯриши бобиён бо дастури ҳукумат дар ҳабсхона Бобро ба қатл расонданд.

Осор

Ӯ муаллифи китобҳои «Баён», «Байн-ул-ҳа­ра­майн» ва тафсири сураи «Юсуф»-и Қуръон мебошад.

Сарчашма

  1. 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. 2.0 2.1 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
  3. Proleksis enciklopedija, Opća i nacionalna enciklopedija (хорв.) — 2009.
  4. Gran Enciclopèdia Catalana (кат.)Grup Enciclopèdia, 1968.