Баҳри Кариб: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1: Сатри 1:
{{Баҳр
{{Море
|Название = Карибское море
|Название = Карибское море
|Изображение = Cayol2.jpg
|Изображение = Cayol2.jpg

Нусха 11:56, 4 Декабри 2018

Баҳри Кариб
?
Характеристики
Наибольшая глубина7 686 м
Средняя глубина2 500 м
Ҷойгиршавӣ
Парвандаҳо дар Викианбор

Баҳри Кари́б (исп. Mar Caribe, англ. Caribbean Sea, ҳоитиёӣ: Lamè Karaïb, фр. Mer des Caraïbes, ҳол. Caraïbische Zee, Шаблон:Lang-pap) — окраинное[1]

Баҳри Кариб - баҳри канории Уқёнуси Атлантик, байни ҷаз-ҳои Антили Калону Хурд дар Шим. ва Ш. ва Амрикои Марказию Ҷанубӣ дар Ғ. ва Ҷ. Дар Шим. Ғ. ба воситаи гул. Юкатан бо халиҷи Мексика, дар Шим. Ш. ва Ш. бо гул. камоби байни ҷаз-ҳои Антил ба Уқёнуси Атлантик, дар Ҷ. ба воситаи наҳри Панама бо Уқёнуси Ором пайваст аст. Масоҳ. 2777 ҳазор км2. Умқи миёнааш 2429 м, ҷои аз ҳама амиқтаринаш 7680, ҳаҷми миёнаи об 6745 ҳазор км3. Соҳилҳояш ҷо-ҷо кӯҳсор, баъзан паст; соҳилҳои Амрикои Марказӣ аксаран серҷангал; дар Ғ. ва назди ҷаз-ҳои Антил бо рифҳои марҷонӣ иҳота шудаанд. Ҳарор. миёнаи сатҳи об дар янв. +24–27°С, авг. +27–30°С. Ҳарор. аз ҳама баланд то ба +38°С мерасад, аммо аз +12°–5°С паст намешавад. Боришоти солона аз 500 мм (дар Ш.) то ба 2000 мм (дар Ғ.) мерасад. Ҷараёнаш ба самти Ғ. ва Шим. Ғ. равон аст, суръаташ дар як соат 1–6 км. Аз июн то окт. дар қисми ғарбии баҳр тӯфони тропикӣ (суръати шамол 250–550 км дар як шабонарӯз) ба қайд гирифта шудааст. Шӯрии оби баҳр қариб 35 дарсад. Мадди баҳр аксаран номураттаби нимшабонарӯзист ва баландии он то ба 1 м мерасад. Дар Б. К. 800 навъи моҳӣ мавҷуд буда, аз он 450 навъаш шикорбоб аст. Бештар аломоҳии марҷонӣ, карас, сардинелла, зағӯтамоҳӣ, камбала шикор карда мешавад. Дар Б. К. инчунин наҳанг, моҳии паррон, сангпушти баҳрӣ ва ғ. мавҷуд буда, баъзан китҳои кӯжпушт, анбарзо, кашалот, тюлен ва лимантин низ вомехӯранд. Шикори моҳӣ ва ҷамъоварии марворидҳои баҳрӣ ривоҷ ёфтаанд. Б. К. чун роҳи кӯтоҳи баҳрӣ, ки бандарҳои Уқёнуси Атлантикро ба воситаи наҳри Панама бо Уқёнуси Ором мепайвандад, дорои аҳаммияти иқтисодӣ ва стратегӣ аст. Бандарҳои муҳиммаш: Маракайбо, Ла-Гуайро (Венесуэла), Картахена (Колумбия), Лимон (Коста-Рика), Колон (Панама), Санто-Доминго (Ҷумҳурии Доминикан), Сантяго-де-Куба (Куба) ва ғ.

Нигаред низ

Эзоҳ

  1. James C. F. Wang (1992). Handbook on ocean politics & law. Greenwood Publishing Group. pp. 14–. ISBN 978-0-313-26434-4. Retrieved 9 December 2010. 

Адабиёт