Муқаддас Набиева: Тафовут байни таҳрирҳо
хNo edit summary |
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) илова |
||
Сатри 8: | Сатри 8: | ||
|ном ҳангоми таваллуд = |
|ном ҳангоми таваллуд = |
||
|номи пурра = |
|номи пурра = |
||
|санаи таваллуд = |
|санаи таваллуд = 7.01.1950 |
||
|зодгоҳ = |
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|ноҳияи Фархор|ноҳияи Фархор}}[[ҶШС Тоҷикистон]] |
||
|санаи марг = |
|санаи марг = 1979 |
||
|маҳалли марг = |
|маҳалли марг = |
||
|солҳои фаъолият = |
|солҳои фаъолият = |
||
Сатри 28: | Сатри 28: | ||
}} |
}} |
||
'''Муқаддас Набиева''' – сарояндаи [[Дастаи эстрадии «Гулшан»]], [[Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон]] ([[1977]]). |
'''Муқаддас Набиева''' (тав. 7 январи соли 1950 ноҳияи Фархор – сарояндаи [[Дастаи эстрадии «Гулшан»]], [[Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон]] ([[1977]]). |
||
== Зиндагинома== |
|||
Муқаддас Набиева 7 январи соли 1950 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст, вале тарбиятгирифтаи мактаб-интернати рақами 10-и шаҳри Душанбе мебошад. Азбаски аз ҷавонӣ духтараки чолок ва ҷасуру серғайрат буд, ӯро тез-тез ба чорабиниҳои варзишӣ ҷалб мекарданд. Пас аз хатми мактаб-интернат вай ба Институти тарбияи ҷисмонӣ дохил шуда, соли 1972 онро хатм намуд ва дар мактаби ибтидоии варзишии ноҳияи Фархор ба ҳайси тренер ба кор шурӯъ кард, аммо шавқу завқи сарояндагӣ ҳамоно қалбашро ором намегузошт. Ҳамин буд, ки Муқаддас дар баробари тренерӣ бо дастаи ҳаваскорони санъати хонаи маданияти Фархор пайваста, дар ҷашну чорабиниҳои мухталиф ширкат меварзид. |
|||
== Эҷодиёт == |
|||
Истеъдоди Худодод ва садои гуворою дилнишинаш, ки дар илми мусиқӣ онро сопранои лирикӣ мегӯянд, ба зудӣ ин духтараки резапайкарро шуҳратёр сохт ва овозаи Муқаддас аз Фархор то ба Душанбе расид. Соли 1973 нахустин озмуни эҷодиёти халқ – “Бӯстон-1” баргузор гардид ва Муқаддас Набиева дар он суруди «Республикаи ман»-ро иҷро кард. (Он замон аллакай хоҳари калонии Муқаддас [[Сабоҳат Қосимова]] ҳаёти худро бо [[Фаррух Қосимов]] пайваста, ҳар ду дар санъати тоҷик шуҳратёр шуда буданд.) Роҳбарияти ансамбли эстрадии «Гулшан», ки сарвараш Орифшо Орифов буд, истеъдоди волои ин духтараки ҷавонро дида, ӯро ба ҳайси яккахон ба кор қабул намуданд.<ref>{{Cite web|url=http://tajikistantimes.com/tajikistan/asrori-marg-va-ish-i-pin-onii-mu-addas-nabieva/|title=Асрори марг ва ишқи пинҳонии Муқаддас Набиева|author=|website=tajikistantimes.com|date=|publisher=2018-09-28 |lang=tg|accessdate=2019-01-06}}</ref> |
|||
Муқаддас Набиева соли 1974 ба [[Дастаи эстрадии «Гулшан»]] пайваста, дар як муддати кӯтоҳ дар ин ансамбл инқилоб кард. Муқаддас дар ҳунари сарояндагӣ, махсусан дар санъати эстрада роҳи наву сабки хоси сурудхонӣ кушод. Сурудҳои ӯ бо форамию салосат ва зарбу оҳанги дилнишинашон ба зудӣ дар хотири шунавандагон нақш мебастанд. «Кӯи ту» (шеъри Авҳадии Мароғаӣ), «''Хуршеди ҳаёт» (ғазали Ҳилолӣ), «Нури ман» (ғазали Мавлонои Румӣ) «Шарораи хотираҳо» (халқӣ), «Боди сабо» (Зебунисо), «Садои дил» (Аъзам Сидқӣ), «Ба ишқат интизорам» (Гулрухсор), «Дили зорам» (халқӣ), «Муҳаббат нест бе оташ» (Сайдалӣ Маъмур)'' ва даҳҳо таронаҳои дигари Муқаддас, ки теъдоди умумиашон ба 50 мерасад, то имрӯз куҳна нашуда, маҳбубият доранд. Муқаддас Набиева дар баробари таронаҳои тоҷикӣ ҳамчунин бо забонҳои русӣ (суруди «Надежда), арманӣ («Суруди ман»), туркӣ, қирғизӣ суруд хонда, дар саросари кишвари паҳновари Шӯравӣ шуҳратёр шуд. Дар ҳайати «Гулшан» Муқаддас соли 1975 ба Фаронса, соли 1977 ба Полшаю Эстония ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ намуда, нисфи ҷаҳонро қоил кард.<ref>{{Cite web|url=http://tajikistantimes.com/tajikistan/asrori-marg-va-ish-i-pin-onii-mu-addas-nabieva/|title=Асрори марг ва ишқи пинҳонии Муқаддас Набиева|author=|website=tajikistantimes.com|date=|publisher=2018-09-28 |lang=tg|accessdate=2019-01-06}}</ref> |
|||
== Нигаред== |
== Нигаред== |
||
* [[Рӯихати ҳунарпешаҳои хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон]] |
* [[Рӯихати ҳунарпешаҳои хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон]] |
||
== |
== Эзоҳ == |
||
{{ |
{{эзоҳ}} |
||
{{зиндагинома-нопурра}} |
{{зиндагинома-нопурра}} |
||
Нусха 14:13, 6 Январ 2019
Муқаддас Набиева | |
Таърихи таваллуд | 7 январ 1950 |
Зодгоҳ | ноҳияи ФархорҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 9 сентябр 1979[1] (29 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | сароянда |
Муқаддас Набиева (тав. 7 январи соли 1950 ноҳияи Фархор – сарояндаи Дастаи эстрадии «Гулшан», Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1977).
Зиндагинома
Муқаддас Набиева 7 январи соли 1950 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст, вале тарбиятгирифтаи мактаб-интернати рақами 10-и шаҳри Душанбе мебошад. Азбаски аз ҷавонӣ духтараки чолок ва ҷасуру серғайрат буд, ӯро тез-тез ба чорабиниҳои варзишӣ ҷалб мекарданд. Пас аз хатми мактаб-интернат вай ба Институти тарбияи ҷисмонӣ дохил шуда, соли 1972 онро хатм намуд ва дар мактаби ибтидоии варзишии ноҳияи Фархор ба ҳайси тренер ба кор шурӯъ кард, аммо шавқу завқи сарояндагӣ ҳамоно қалбашро ором намегузошт. Ҳамин буд, ки Муқаддас дар баробари тренерӣ бо дастаи ҳаваскорони санъати хонаи маданияти Фархор пайваста, дар ҷашну чорабиниҳои мухталиф ширкат меварзид.
Эҷодиёт
Истеъдоди Худодод ва садои гуворою дилнишинаш, ки дар илми мусиқӣ онро сопранои лирикӣ мегӯянд, ба зудӣ ин духтараки резапайкарро шуҳратёр сохт ва овозаи Муқаддас аз Фархор то ба Душанбе расид. Соли 1973 нахустин озмуни эҷодиёти халқ – “Бӯстон-1” баргузор гардид ва Муқаддас Набиева дар он суруди «Республикаи ман»-ро иҷро кард. (Он замон аллакай хоҳари калонии Муқаддас Сабоҳат Қосимова ҳаёти худро бо Фаррух Қосимов пайваста, ҳар ду дар санъати тоҷик шуҳратёр шуда буданд.) Роҳбарияти ансамбли эстрадии «Гулшан», ки сарвараш Орифшо Орифов буд, истеъдоди волои ин духтараки ҷавонро дида, ӯро ба ҳайси яккахон ба кор қабул намуданд.[2] Муқаддас Набиева соли 1974 ба Дастаи эстрадии «Гулшан» пайваста, дар як муддати кӯтоҳ дар ин ансамбл инқилоб кард. Муқаддас дар ҳунари сарояндагӣ, махсусан дар санъати эстрада роҳи наву сабки хоси сурудхонӣ кушод. Сурудҳои ӯ бо форамию салосат ва зарбу оҳанги дилнишинашон ба зудӣ дар хотири шунавандагон нақш мебастанд. «Кӯи ту» (шеъри Авҳадии Мароғаӣ), «Хуршеди ҳаёт» (ғазали Ҳилолӣ), «Нури ман» (ғазали Мавлонои Румӣ) «Шарораи хотираҳо» (халқӣ), «Боди сабо» (Зебунисо), «Садои дил» (Аъзам Сидқӣ), «Ба ишқат интизорам» (Гулрухсор), «Дили зорам» (халқӣ), «Муҳаббат нест бе оташ» (Сайдалӣ Маъмур) ва даҳҳо таронаҳои дигари Муқаддас, ки теъдоди умумиашон ба 50 мерасад, то имрӯз куҳна нашуда, маҳбубият доранд. Муқаддас Набиева дар баробари таронаҳои тоҷикӣ ҳамчунин бо забонҳои русӣ (суруди «Надежда), арманӣ («Суруди ман»), туркӣ, қирғизӣ суруд хонда, дар саросари кишвари паҳновари Шӯравӣ шуҳратёр шуд. Дар ҳайати «Гулшан» Муқаддас соли 1975 ба Фаронса, соли 1977 ба Полшаю Эстония ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ намуда, нисфи ҷаҳонро қоил кард.[3]
Нигаред
Эзоҳ
- ↑ 1.0 1.1 http://life.ansor.info/muqadas_nabieva_ru/
- ↑ Асрори марг ва ишқи пинҳонии Муқаддас Набиева(тоҷ.). tajikistantimes.com. 2018-09-28. 6 Январ 2019 санҷида шуд.
- ↑ Асрори марг ва ишқи пинҳонии Муқаддас Набиева(тоҷ.). tajikistantimes.com. 2018-09-28. 6 Январ 2019 санҷида шуд.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Зодагони 7 январ
- Зодагони соли 1950
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Фархор
- Даргузаштагони 9 сентябр
- Даргузаштагони соли 1979
- Даргузаштагони вилояти Суғд
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Рӯихати ҳунарпешагон
- Ҳунарпешаи театр
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон