Андре-Мари Ампер: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
х мукофот ҶОИЗА нест, replaced: Место смерти → маҳалли марг, Дата рождения → санаи таваллуд, Дата смерти → санаи марг, Награды и using AWB
Сатри 5: Сатри 5:
|бар =
|бар =
|тавсифи тасвир = Сурати Андре-Мари Ампера амали рассоми номаълум, ибтидои асри XIX
|тавсифи тасвир = Сурати Андре-Мари Ампера амали рассоми номаълум, ибтидои асри XIX
|Дата рождения = 20.01.1775
|санаи таваллуд = 20.01.1775
|Место рождения = {{МестоРождения|Лион}}, [[Королевство Франция]]
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|Лион}}, [[Королевство Франция]]
|Дата смерти = 10.06.1836
|санаи марг = 10.06.1836
|Гражданство = {{флагификация|Королевство Франция}}
|шаҳрвандӣ = {{флагификация|Королевство Франция}}
|Место смерти = {{МестоСмерти|Марсель}}, [[Королевство Франция]]
|маҳалли марг = {{МаҳаллиМарг|Марсель}}, [[Королевство Франция]]
|фазои илмӣ = [[физика]], [[риёзиёт]], [[кимиё]], [[фалсафа]]
|фазои илмӣ = [[физика]], [[риёзиёт]], [[кимиё]], [[фалсафа]]
|Место работы = [[Политехническая школа]] <br />[[Коллеж де Франс]]
|Место работы = [[Политехническая школа]] <br />[[Коллеж де Франс]]
Сатри 18: Сатри 18:
|Знаменитые ученики =
|Знаменитые ученики =
|Известен как = один из основателей [[Электродинамика|электродинамики]], первооткрыватель [[Закон Ампера|закона Ампера]]
|Известен как = один из основателей [[Электродинамика|электродинамики]], первооткрыватель [[Закон Ампера|закона Ампера]]
|Награды и премии = {{Кавалер ордена Почётного легиона}}
|ҷоизаҳо = {{Кавалер ордена Почётного легиона}}
|Роспись =
|имзо =
|Ширина росписи =
|бар росписи =
}}
}}
'''Андре-Мари́ Ампе́р''' ({{lang-fr|André-Marie Ampère}}; [[20 январ]]и [[1775]]<ref>[http://www.ampere.cnrs.fr/unevieenimages/index.php?limite=0 Акт крещения]{{ref-fr}}</ref> — [[10 июн]]и [[1836]]) — [[физикдон]], {{риёзидон}} ва [[табиатшинос]]и бузурги фаронсавӣ, яке аз асосгузорони [[электродинамика]], узви Академияи илмҳои Париж ([[1814]]).

Нусха 05:40, 1 феврали 2019

Андре-Мари Ампер
фр. André-Marie Ampère
Сурати Андре-Мари Ампера амали рассоми номаълум, ибтидои асри XIX
Сурати Андре-Мари Ампера амали рассоми номаълум, ибтидои асри XIX
Таърихи таваллуд 20 январ 1775(1775-01-20)[1][2][3][…]
Зодгоҳ Лион, Королевство Франция
Таърихи даргузашт 10 июн 1836(1836-06-10)[4][5][6][…] (61 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар Шаблон:Country data Королевство Франция
Фазои илмӣ физика, риёзиёт, кимиё, фалсафа
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Шогирдон Jean Baptiste Firmin Demonferrand[d]
Ҷоизаҳо Шаблон:Кавалер ордена Почётного легиона
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Андре-Мари́ Ампе́р (фр. André-Marie Ampère; 20 январи 1775[8]10 июни 1836) — физикдон, риёзидон ва табиатшиноси бузурги фаронсавӣ, яке аз асосгузорони электродинамика, узви Академияи илмҳои Париж (1814).

Зиндагинома

Ампер дар шаҳри Лион ба дунё омадааст. Баъди вафоти падараш соли 1793, ӯ аввал ҳамчун репититори матаби политехникии Париж, баъд дар кафедраи физикаи Бурге буд ва соли 1805 дар кафедраи математикаи мактаби политехникии Париж ба кор даромад. Соли 1814 вай аъзои Академияи илмҳо интихоб шуд, ва соли 1824 соҳиби унвони профессори физикаи таҷрибавии Коллеҷ де Франс мегардад.

Ампер 10 июни соли 1836 дар шаҳри Марсел аз олам чашм пӯшид.

Тадқиқот

Тадқиқоти Ампер дар соҳаи математика ва назарияи эҳтимолият, татбиқи ҳисоби вариатсионӣ дар механика ва таҳлили математикӣ оид аст. Ампер соли 1820 қонуни таъсири мутақобилаи механикии ҷараёнҳо, қоидаи бо таъсири ҷараён самти худро дигар кардани ақрабаки магнитиро кашф намуд (ниг. Қоидаи Ампер) ва бори аввал назарияи магнетизмро пешниҳод кард. Дар соҳаи таъсири магнит ва ҷараёни электрикӣ асбобҳои бисёр ихтироъ карда, таҷрибаҳо гузарондааст. Худи ҳамон сол қонуни таъсири мутақобилаи ҷараёнҳои электрикиро ошкор намуд, назарияи магнетизмро вусъат дод. Соли 1822 Ампер падидаи магнитии ғалтаки ҷараёндор (соленоид)-ро ошкор кард. Пас аз тадқиқоти Ампер магнетизм қисми электродинамика гардид.

Ампер назарияи электродинамикаро дар асарҳои «Назарияи ҳодисаҳои электродинамикие, ки комилан аз таҷриба бармеояд» (1826) ва «Назарияи ҳодисаҳои электродинамикӣ» баён карда, дар «Таҷрибаи фалсафии илмҳо» (1834) ном асараш илмҳои замонаашро хеле моҳирона тасниф намудааст.

Ихтироъот

Ампер ихтироъкори коммутатор, телеграфи электромагнитӣ, муаллифи истилоҳҳои кинематика ва кибернетика мебошад. Дар соҳаи ботаника, химия ва фалсафа низ тадқиқот бурдааст. Яке аз бузургиҳои асосии электрикӣ – воҳиди қувваи ҷараён (Ампер) ва асбоби онро ченкунанда – амперметр ба шарафи Ампер номида шудаанд.

Эзоҳ

Сарчашма