Лашкарсолор: Тафовут байни таҳрирҳо
Omid Jeyhani (баҳс | ҳисса) х викисозӣ |
Omid Jeyhani (баҳс | ҳисса) х викисозӣ, вироишоти сабкӣ, илова |
||
Сатри 2: | Сатри 2: | ||
| image = Tajikistan-Army-OF-7.png |
| image = Tajikistan-Army-OF-7.png |
||
| image_size = 100px |
| image_size = 100px |
||
| caption = ''Сардӯшии лашкарсолор дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон'' |
| caption = ''Сардӯшии лашкарсолор дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон'' |
||
| image2 = |
| image2 = |
||
| caption2 = |
| caption2 = |
||
| name = Лашкарсолор |
| name = Лашкарсолор |
||
| country = {{flag|Tajikistan}} |
| country = {{flag|Tajikistan}} |
||
| service branch = [[ |
| service branch = [[Артиш]] |
||
| abbreviation = {{lang-fa|'''لشکرسالار'''}} |
| abbreviation = {{lang-fa|'''لشکرسالار'''}} |
||
| rank = «''Дуситора''» |
| rank = «''Дуситора''» |
||
| NATO rank = [[Дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон|OF-7]] |
| NATO rank = [[Дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон|OF-7]] |
||
| Non-NATO rank = |
| Non-NATO rank = |
||
| formation = |
| formation = |
||
| abolished = |
| abolished = |
||
| higher rank = [[Сипаҳсолор]] |
| higher rank = [[Сипаҳсолор]] |
||
| lower rank = [[Гундсолор]] |
| lower rank = [[Гундсолор]] |
||
| equivalents = {{bulleted list|{{nowrap|{{lang-fa|'''سرلشکر'''}}}}|{{lang-ru|''Генерал-лейтенант''}}|{{lang-en|''Major-general''}}|{{lang-de|Generalmajor}}|{{lang-fr|Général de division}}|{{lang-tr|''Tümgeneral''}}|{{lang-ar|'''لواء'''}}}} |
| equivalents = {{bulleted list|{{nowrap|{{lang-fa|'''سرلشکر'''}}}}|{{lang-ru|''Генерал-лейтенант''}}|{{lang-en|''Major-general''}}|{{lang-de|Generalmajor}}|{{lang-fr|Général de division}}|{{lang-zh|大校 ''Da xiao''}}|{{lang-tr|''Tümgeneral''}}|{{lang-ar|'''لواء'''}}}} |
||
}} |
}} |
||
'''Лашкарсолор''' ({{lang-fa|'''لشکرسالار'''}}) — [[дараҷаи низомӣ|дараҷае]] [[афсар|солорӣ]] ва симате дар [[нерӯҳои мусаллаҳ]] ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз ''[[сипаҳсолор]]'' ва болотар аз ''[[гундсолор]]'' мебошад; ''генерал-лейтенант''. |
'''Лашкарсолор''' ({{lang-fa|'''لشکرسالار'''}}) — [[дараҷаи низомӣ|дараҷае]] [[афсар|солорӣ]] ва симате дар [[нерӯҳои мусаллаҳ]] ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз ''[[сипаҳсолор]]'' ва болотар аз ''[[гундсолор]]'' мебошад; ''генерал-лейтенант''. |
Нусха 09:11, 1 феврали 2019
Дараҷаи болотар | Сипаҳсолор |
---|---|
Дараҷаи поинтар | генерал-майор |
Ҳамто | General of the Cavalry[d], Generalleutnant[d], divisional general[d] ва vice admiral[d] |
Лашкарсолор (форсӣ: لشکرسالار) — дараҷае солорӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз сипаҳсолор ва болотар аз гундсолор мебошад; генерал-лейтенант.
Лашкарсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати муъовини вазорати дифоъ, умури дохилӣ, амният, сардори ситод ё фармондеҳии лашкарро дорад, ки ягони роҳкунишие хурдтар аз сипоҳ ва бузургтар аз гунд буда ва таҷҳизоту ҷангафзорҳои лозим барои иҷрои амалиёти размӣ дорад[1]; дивизия[2].
Решашиносӣ
«Лашкарсолор» аз ду вожа сохта шудааст: лашкар (порсии миёна: laškar[3] > порсии бостон: *rakiš- ‘нерӯ’ > порсии бостон: *ark- : *rak- ‘диж’[4]) + солор (форсӣ: سالار < порсии миёна: sālār > паҳлавӣ: sarδār > эронии бостон: *sar(a)-dāra-). Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (лашкар) + исм (солор)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст. «Солор» гунае дигар аз «сардор» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал» дар номгузории симату дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад.
Пешина
Лашкар ҳамчун ягони размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву «бевара» (порсии бостон: *baivara-) номида мешуда ва онро «беварабад» (порсии бостон: *baivarapati-) фармондеҳӣ мекард[5]. Бевара аз 10 ҳазора (порсии бостон: *hazāra-) ташкил мешуд ва 10 000 сарбозро дар бар мегирифт.
Дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[6], бевара «гунд» (паҳлавӣ: «gund» ‘лашкар; гурӯҳ, даста’[7] > порсии бостон: «*gunda-» > эронии бостон: «*gau-n-: *gunda-, *gumba-»[8]) ном гирифта ва фармондеҳи он «гунд-солор» (паҳлавӣ: gund-sālār) хонда мешуд[9].
Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651) низ ҳамин радабандӣ ва номгузорӣ ба кор мерафта, вале ҳар гунд аз 5 дирафш (порсии миёна: «drafš») ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбозро дар бар мегирифт[10]. Фармондеҳи гунд дар сипоҳи Сосониён низ гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) номида мешуд[11].
Аммо аз миёнаҳои садаи V дар канори истилоҳи «гунд» истилоҳи «лашкар» (порсии миёна: laškar) низ ба кор мерафтааст[12]. Истилоҳи «лашкар» (форсӣ: لشکر) дар осори адабии форсӣ, бавижа «Шоҳнома», бисёр ба кор рафтааст. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:
Дар сипоҳи Сомониён, Ғазнавиён ва Салҷуқиён фармондеҳи лашкарро «солори лашкар» ва «амири лашкар» мегуфтанд[14]. Чунончи, «солори лашкар» дар «Шоҳнома» борҳо ба кор рафта ва аз бофтор чунин бар меояд, ки он мансабе поинтар аз сипаҳсолор буда ва мақоми ҷонишинӣ доштааст, чуноне ки генерал-лейтенант дар артишҳои урупоӣ муъовини генерал-полковник будааст:
Сипаҳро ба солори лашкар супурд,
Бирафту ҷаҳондидагонро бибурд.[15]
Фарҳангистони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш дар соли 1935 «лашкар»-ро ҷойгузини истилоҳоти туркӣ-муғулии «тумон» (форсӣ: تومان > муғ. түмэн) ва фаронсавии «дивизюн» (форсӣ: دیویزیون > фр. division) ва «сарлашкар»-ро ҷойгузини «амири тумон» кард[16], ки ҳамакнун дар Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дараҷае баробар бо генерал-лейтенант аст.
«Лашкар» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ»[17]) ва «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ»[18] оварда шудааст.
Бо таваҷуҳ ба ин додаҳо, истилоҳоти «лашкар» ва «лашкарсолор», ки дар пайравӣ аз «гундсолор» аз ибораи «солори лашкар» сохта шудааст, барои ҷойгузин кардани вомвожаи русии «дивизия» (аз лаҳӣ: dywizja > лот. dīvīsiō «бахш») ва дараҷаи низомии «генерал-лейтенант» (аз олмонӣ: Generalleutnant) ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[19].
Манобеъ
- ↑ Фарҳанги ҳазор вожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 165
- ↑ Коллектив авторов. Том 3, статья «Дивизия» // Военная энциклопедия / Под ред. Грачёв П. С.. — М.: Воениздат, 1995. — С. 68—76. — 543 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-00748-9.
- ↑ MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 52
- ↑ Рérikhanian А.. Arm. łakiš et la racine indo-iranienne *ark-/*rak-. Studia Iranica, 17, 1988, p. 134, 137
- ↑ J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896, p. 19 n. 84
- ↑ Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
- ↑ MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 38
- ↑ Расторгуева В. С., Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2007. — Т. 3 (f—h). — 496 с. — 1000 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 5-02-018550-7. (в пер.). — с. 221—223
- ↑ Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7
- ↑ Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
- ↑ Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4. — p. 47
- ↑ Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000. — р. 7
- ↑ Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 15
- ↑ Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳангу тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — С. 252. — 904 с. — ISBN 964-00-1086-3.
- ↑ Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 376
- ↑ Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Фаслномаи «Ганҷинаи аснод». Зимистони 1373, №16. — с. 38
- ↑ Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 1, с. 596.
- ↑ Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 1, с. 718.
- ↑ Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной