Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х ислоҳ
→‎Сохтор: савол таъсисёбии кушунхои зудамал
Сатри 78: Сатри 78:
* Литсеи ҳарбии ба номи генерал-майор М. Д. Тошмуҳаммадов фаъолият доранд
* Литсеи ҳарбии ба номи генерал-майор М. Д. Тошмуҳаммадов фаъолият доранд
<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 3. БОЗ-ВИЧКУТ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2014, - с.395-396</ref>
<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 3. БОЗ-ВИЧКУТ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2014, - с.395-396</ref>

== Роҳбарон ==
== Роҳбарон ==
* Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант [[Шералӣ Мирзо]][http://www.prezident.tj/node/5846];
* Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант [[Шералӣ Мирзо]][http://www.prezident.tj/node/5846];

Нусха 13:22, 21 феврали 2019

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иттилооти куллӣ
Кишвар
Қаламрави додрасӣ Тоҷикистон
Таърихи таъсис 4 январи 1992
Роҳбарӣ
Масъули иҷроия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири масъул Генерал-полковник, Шералӣ Мирзо
Вебгоҳ mudofia.tj

Вазорáти мудофиáи Ҷумҳури́и Тоҷикистóн — мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳифзи Ватан, таъмини амнияти давлат, сулҳу субот дар кишвар ва тамомияти арзии он, таҳкими иқтидори мудофиавии давлат, мустаҳкам кардани тартибу интизом дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст.

Таъсис

Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № ФП-4 аз 4 январи 1992 таъсис ёфта буд. 30 сентябри 1992 Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои фармони Президенти Тоҷикистон аз 17 сентябри 1992, № ФП-188 «Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиа» таҳти № 363 қарор қабул кард. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июни 1993 таҳти № 296–13 қароре ба тасвиб расонда, сохтор ва тарҳи В.-ро муайян ва сохтори Дастгоҳи марказии Вазоратро тасдиқ кард. Дар рафти бунёди нахустин раёсатҳову қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори мазкур ба миён омад. Ин буд, ки Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 августи 1994 ин масъаларо аз сари нав баррасӣ намуда, сохтор ва тарҳи Вазоратро бо дарназардошти вазъу шароити муосир бо Қарори № 440–9 тасдиқ кард. Тибқи санади мазкур сохтори Дастгоҳи марказии В. ва Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муайян карда шуд.

Сохтор

Айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият дорад:

  • Қӯшунҳои хушкигард;
  • Қӯшунҳои зудамал;
  • Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ.

Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз ҳам идома дорад.

Сохтори Вазорат

  • Роҳбарият
  • Раёсати корҳо
  • Раёсати кадрҳо ва маълумоти ҳарбӣ
  • Раёсати корҳои тарбиявӣ
  • Раёсати қӯшунҳои муҳандисӣ
  • Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ
  • Раёсати ақибгоҳ, Раёсати бозрасии ҳарбӣ
  • Раёсати ҳамкориҳои ҳарбӣ – байналхалқӣ
  • Раёсати молия ва буҷет
  • Раёсати ҳарбии тиббӣ
  • Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Дар ҳайати Вазорат инчунин Осорхонаи «Шуҳрати ҷангӣ»
  • Клуби марказии варзишии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Шуъбаи сохтмони асосӣ
  • Қисми истифодабарии манзил
  • Газетаи «Ҳомии Ватан»
  • Маркази матбуот
  • Донишкадаи ҳарбии Тоҷикистон ба номи С. Сафаров
  • Литсеи ҳарбии ба номи генерал-майор М. Д. Тошмуҳаммадов фаъолият доранд

[1]

Роҳбарон

  • Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо[1];
  • Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ - муовини якуми вазири мудофиа генерал-майор Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим;
  • Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майор Ғуломзода Абдулҳошим Даврон;
  • Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майор Латифзода Асрор Қурбон;
  • Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ - сардори Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ генерал-майор Маҳмадзода Сӯҳроб Талбак;
  • Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон- генерал-майор Саидзода Бобоҷон Абдуқодир;
  • Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - генерал-майор Сафарализода Раҳмонали Давлат;
  • Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - генерал-майор Раҳматзода Мирали Сайфулло.

Инчунин нигаред

Пайвандҳои беруна

Эзоҳ

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 3. БОЗ-ВИЧКУТ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2014, - с.395-396

Сарчашма