Мирзо Олимов: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 25: Сатри 25:


== Асосгузори осоишгоҳи [[Зумрад]] ==
== Асосгузори осоишгоҳи [[Зумрад]] ==
Дар ташкили осоишгоҳ ӯ асосан ба омилҳои тибии-табобатӣ такя мекард, ки яке аз он "Оби Шифо" буд. Орзуи ташкили осоишгоҳро хамеша дар дил дошт. Акнун шахсе лозим буд, ки ӯро ҳаматарафа дастгирӣ намояд. Ин шахси бузург, ки барои имрӯзи [[Исфара]] хеле корҳои шоёнро кардааст, Ортиқбой Қурбонов гардид. Бунёди осоишгоҳ дар шаҳри [[Исфара]] бо иқдом ва ташаббуси бевоситаи Ортиқбой Қурбонов оғоз шуд, ки барои фардои дурахшон ҳамчун шаҳри курортӣ асос гардид. Дар аввал ин минтақа ҳамчун хонаи истироҳатӣ амал кард. Баъди се соли фаъолияти хонаи истироҳатӣ, ки соли 1972 ташкил шуда буд, бо пешниҳоди кумитаи ҳизбии шаҳр, декабри соли 1975 Мирзо Олимовро сардухтури осоишгоҳи байниколхозии "[[Зумрад]]" тасдиқ намуданд. Ӯ ҳамеша кӯшиш мекард, ки "[[Зумрад]]" ҷойи дӯстдоштаи мардуми [[Тоҷикистон]] гардад. Барои ин заҳматҳои зиёд кашид. Дар муддати роҳбарии ӯ биноҳои нав комат афрохт. [[Чойхонаи Сино]], Қасри "Шифокорон" ва ахиран "Осрорхони тиббӣ тоҷик" ба намуди осоишгоҳ ҳусни абадият бахшид. Гулу гулзор ва табиати дилфиреб акнун дар ҳақиқат ҷой дӯстдоштаи аҳли [[Тоҷикистон]] гаштааст. Хизмати бузурги сарпизишки осоишгоҳи "[[Зумрад]]" Мирзо Олимов дар он буд, ки у тавонист Исфараи куҳандиёрро дар амал чун макони истироҳату фароғат ба оламиён нишон дода, "[[Зумрад]]"-ро ба ҷойи зеботарини [[Ҷумҳурӣ]] мубуддал гардонад. Имрӯз дар ин ҷо зиёда аз 30 омили табобатӣ, чор шуъбаи муолиҷа, се хобгоҳ барои 500 нафар, Қасри " Шифокорон", [[Чойхонаи Сино]] ва "Осорхонаи тибби тоҷик ба номи Мирзо Олимов"<ref>[http://elint.kunstkamera.ru/catalog/muzej_narodnoj_mediciny_imeni_mirzo_olimova/ Музей народной медицины им. Мирзо Олимова]</ref> барои мардум хизмат карда истодааст. Маҳз бо шарофати кордонии Мирзо Олимов 11 километр болотар дар ҷойи хушбоду ҳаво осоишгоҳи мавсимии "Зумрад-2" ташкил ёфт ва соли 1990 аввалин беморони худро қабул кард.
Дар ташкили осоишгоҳ ӯ асосан ба омилҳои тиббӣ-табобатӣ такя мекард, ки яке аз он "Оби Шифо" буд. Орзуи ташкили осоишгоҳро хамеша дар дил дошт. Акнун шахсе лозим буд, ки ӯро ҳаматарафа дастгирӣ намояд. Ин шахси бузург, ки барои имрӯзи [[Исфара]] хеле корҳои шоёнро кардааст, Ортиқбой Қурбонов гардид. Бунёди осоишгоҳ дар шаҳри [[Исфара]] бо иқдом ва ташаббуси бевоситаи Ортиқбой Қурбонов оғоз шуд, ки барои фардои дурахшон ҳамчун шаҳри курортӣ асос гардид. Дар аввал ин минтақа ҳамчун хонаи истироҳатӣ амал кард. Баъди се соли фаъолияти хонаи истироҳатӣ, ки соли 1972 ташкил шуда буд, бо пешниҳоди кумитаи ҳизбии шаҳр, декабри соли 1975 Мирзо Олимовро сардухтури осоишгоҳи байниколхозии "[[Зумрад]]" тасдиқ намуданд. Ӯ ҳамеша кӯшиш мекард, ки "[[Зумрад]]" ҷойи дӯстдоштаи мардуми [[Тоҷикистон]] гардад. Барои ин заҳматҳои зиёд кашид. Дар муддати роҳбарии ӯ биноҳои нав комат афрохт. [[Чойхонаи Сино]], Қасри "Шифокорон" ва ахиран "Осорхонаи тибби тоҷик" ба намуди осоишгоҳ ҳусни абадият бахшид. Гулу гулзор ва табиати дилфиреб акнун дар ҳақиқат ҷой дӯстдоштаи аҳли [[Тоҷикистон]] гаштааст. Хизмати бузурги сарпизишки осоишгоҳи "[[Зумрад]]" Мирзо Олимов дар он буд, ки ӯ тавонист Исфараи куҳандиёрро дар амал чун макони истироҳату фароғат ба оламиён нишон дода, "[[Зумрад]]"-ро ба ҷойи зеботарини [[Ҷумҳурӣ]] мубуддал гардонад. Имрӯз дар ин ҷо зиёда аз 30 омили табобатӣ, чор шуъбаи муолиҷа, се хобгоҳ барои 500 нафар, Қасри " Шифокорон", [[Чойхонаи Сино]] ва "Осорхонаи тибби тоҷик ба номи Мирзо Олимов"<ref>[http://elint.kunstkamera.ru/catalog/muzej_narodnoj_mediciny_imeni_mirzo_olimova/ Музей народной медицины им. Мирзо Олимова]</ref> барои мардум хизмат карда истодааст. Маҳз бо шарофати кордонии Мирзо Олимов 11 километр болотар дар ҷойи хушбоду ҳаво осоишгоҳи мавсимии "Зумрад-2" ташкил ёфт ва соли 1990 аввалин беморони худро қабул кард.

==Осор==
==Осор==
Мирзо Олимов дар тӯли умри худ зиёда аз 50 мақалои илмӣ-оммавӣ, 3 китоби алоҳида бо номи "Курорт Исфара - санаторий Зумрад", "Меҳрномаи Сино", "Уринамуолиҷа" ва ду филми мустанаде дар ситоиши "Зумрад" эҷод намуда, дар бобати омилҳои табобатӣ, усул ва тарзи гирифтани табобатҳо, роҳҳои пешбурди ояндаи кор дар шифогоҳ таври илмӣ маслихатҳои судманд додааст. Дар ҷашни 60 - солагиаш чун эхтиром бар кору бори "Зумрад" ва ахли кормандон ду китоби дигар бо номи "Дуои модар" ва "Ошёни булбулон" нашр шуд.
Мирзо Олимов дар тӯли умри худ зиёда аз 50 мақалои илмӣ-оммавӣ, 3 китоби алоҳида бо номи "Курорт Исфара - санаторий Зумрад", "Меҳрномаи Сино", "Уринамуолиҷа" ва ду филми мустанаде дар ситоиши "Зумрад" эҷод намуда, дар бобати омилҳои табобатӣ, усул ва тарзи гирифтани табобатҳо, роҳҳои пешбурди ояндаи кор дар шифогоҳ таври илмӣ маслихатҳои судманд додааст. Дар ҷашни 60 - солагиаш чун эхтиром бар кору бори "Зумрад" ва ахли кормандон ду китоби дигар бо номи "Дуои модар" ва "Ошёни булбулон" нашр шуд.

Нусха 00:00, 5 июни 2019

Мирзо Олимов
Мирзо Раҳимович Олимов
Сурат
Таърихи таваллуд 18 июн 1935(1935-06-18)
Зодгоҳ ноҳияи Сӯхи Ҷумҳурии Узбекистон
Таърихи даргузашт 10 феврал 2001(2001-02-10) (65 сол)
Маҳалли даргузашт
Пеша пизишк

Мирзо Раҳимович Олимовтабиби варзидаи тоҷик, бунёдгузори осоишгоҳи Зумрад дар ноҳияи Исфара.

Зиндагинома

Мирзо Олимов 18 июни соли 1935 дар ноҳияи Сӯхи Ҷумҳурии Узбекистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Мухтасар

  • 1959 - Баъди хатми Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон як муддат духтури оддии БМН-Исфара буд.
  • 1962 - Мудири дармонгоҳи шаҳр.
  • 1963 - Муовини сардухтури БМН.
  • 1964 - Сардухтури БМН.
  • 1967 - Мудири шӯъбаи касалиҳои дарунии БМН.
  • 1975 - Сардухтури Осоишгоҳи «Зумрад»

Муфассал

Дар яке аз деҳкадаҳои ноҳияи Сӯх, ки аҳолиаш саропо тоҷикон буданд, дар хонаводаи деҳқон - Олим саркор тифле ба дунё омад, ки номашро Мирзомуҳаммад ниҳоданд. Мирзо ҳангоме ба дунё омад, ки аҳволи иҷтимоии оилаашон хеле хароб буд, модараш аз ҳар чиҳат дар зиндагӣ азоб мекашид. Ин буд ки Мирзои хурдсол ҳанӯз хеле барвақт бори зиндагиро бар души худ гирифт. Дар он солҳо деҳкадаашон мактаби миёна надошт. Мирзо пас аз итмоми мактаби ҳафтсола ба шаҳраки Сӯх рафту дар интернат манзил гирифт. На ҳар кас кӯшиш мекард, ки мактаб хонад, вале Мирзо ҳанӯз барвақт дониста буд, ки дониш, хирад ва илм метавонад ӯро ба қуллаи мурод барад. Бо вуҷуди ин Мирзо пас аз хатми мактаби минёна таҳсилашро идома надод, ҳарчанд, ки аз ҷону дил мехост хонаду пизишк шавад. Шароити вазнини оилавӣ ӯро маҷбур намуд, ки баъди таҳсили мактаби миёна дар колхоз ба сифати подабон ба кор дарояду пеш аз ҳама зиндагии хонаашонро дуруст кунад. Пас аз як соли кор модараш ӯро намонда, хоҳиш кард, ки таҳсилашро давом диҳад. Ба нияти пизишк шудан соли 1953 ӯ роҳи пойтахти Тоҷикистонро пеш гирифт. Дар мактаби олӣ хуб хонд. Соли 1959 вай Донишгоҳи тиббиро ба охир расонд. Табиби ҷавон бо умеди он, ки ба модараш наздик шавад, бисёр мехост ӯро ба Исфара ба кор фиристонанд. Рӯзи аввали ба маркази вилоят омаданаш ӯро ба ноҳияи Ашт ба кор таъин карданд, вале аз чӣ сабаб бошад, ки баъди як-ду рӯз хушхабар расониданд, ки ӯро ба шаҳри Исфара ба кор таъин карданд ва он марди фозил Нарзӣ Ҳайитов буду Мирзои ҷавонро ба сифати духтур ба кор гирифт. Мирзо Олимов бо тамоми вуҷудаш ба кор часпид. Меҳнатдӯстӣ ва соҳибтаҷрибагии ӯро ба назар гирифта, баъди шаш моҳи кораш ба ӯ хона доданд. Акнун ӯ тамоман Тоҷикистонӣ буд. Соли аввали кораш ӯро мудири дармонгохи шаҳр таъин карданд. Шояд сифати кори баланди ӯ буд, ки баъдтар ба вазифаи муовини сардухтур оид ба корҳои табобатӣ пешбарӣ гардид. Вақте, соли 1964 Нарзи Ҳайитовро ба вазифаи мудури шуъбаи тандурустии шаҳр ба кор гузарониданд, ӯ ба ҷои худ Мирзо Олимовро сарпизишки беморхонаи марказии ноҳия таъин намуд. Дар ин вазифа ӯ чор сол кор кард, ки имрӯзҳо аз он давра ба неки ёд мекунанд. Охирҳои солҳои 1967 шӯъбаи тандурустии ноҳия барҳам хӯрду Нарзи Ҳайитов боз ба вазифаи пештарааш баргашт. Мирзо Олимов мудири шӯъбаи бемориҳои дарунӣ таъин гардид. Дар ин вазифа то соли 1975 кор кард. Мирзо Олимов ба ҷуз муоинаи беморон барои ташкили осоишгоҳ низ дар Исфара масъалагузорӣ кардааст. Ӯ бо маколаҳои илми ва масъалагузориҳояш собит месохт, ки дар Исфара шароити ташкил кардани осоишгоҳ аз ахамият холӣ нест. Аз соли 1975 то дами маргаш Мирзо Олимовро дар паи обод кардани "Зумрад" буд. 10 феврали с.2001 баъди беморӣ инсони шариф, табиби варзидаи Тоҷикистон Мирзо Олимов дар синни 66 - солагӣ аз олам чашм пӯшид. Мирзо Олимов борҳо ба мақомотҳои шаҳриву вилоятӣ вакил интихоб шуда, баҳри пешрафти зиндагии мардуми Исфара ҳамчун намояндаи мардум хизмат кардааст. Хизматҳои бузурги Мирзо Олимов имрӯз дар ёди ҳамагон ҳаст. Ҳар субҳу шом аз назди қабри хоксоронаи ӯ, ки дар даромадгоҳи осоишгоҳ ҷой гирифтааст, мегузаранду ёди некашро бо дуо ба хотир меоваранд. Номи чунин инсони созанда, ташаббускори фозил ҳамеша дар дилу дидаи халқ боқӣ хоҳад монд.

Асосгузори осоишгоҳи Зумрад

Дар ташкили осоишгоҳ ӯ асосан ба омилҳои тиббӣ-табобатӣ такя мекард, ки яке аз он "Оби Шифо" буд. Орзуи ташкили осоишгоҳро хамеша дар дил дошт. Акнун шахсе лозим буд, ки ӯро ҳаматарафа дастгирӣ намояд. Ин шахси бузург, ки барои имрӯзи Исфара хеле корҳои шоёнро кардааст, Ортиқбой Қурбонов гардид. Бунёди осоишгоҳ дар шаҳри Исфара бо иқдом ва ташаббуси бевоситаи Ортиқбой Қурбонов оғоз шуд, ки барои фардои дурахшон ҳамчун шаҳри курортӣ асос гардид. Дар аввал ин минтақа ҳамчун хонаи истироҳатӣ амал кард. Баъди се соли фаъолияти хонаи истироҳатӣ, ки соли 1972 ташкил шуда буд, бо пешниҳоди кумитаи ҳизбии шаҳр, декабри соли 1975 Мирзо Олимовро сардухтури осоишгоҳи байниколхозии "Зумрад" тасдиқ намуданд. Ӯ ҳамеша кӯшиш мекард, ки "Зумрад" ҷойи дӯстдоштаи мардуми Тоҷикистон гардад. Барои ин заҳматҳои зиёд кашид. Дар муддати роҳбарии ӯ биноҳои нав комат афрохт. Чойхонаи Сино, Қасри "Шифокорон" ва ахиран "Осорхонаи тибби тоҷик" ба намуди осоишгоҳ ҳусни абадият бахшид. Гулу гулзор ва табиати дилфиреб акнун дар ҳақиқат ҷой дӯстдоштаи аҳли Тоҷикистон гаштааст. Хизмати бузурги сарпизишки осоишгоҳи "Зумрад" Мирзо Олимов дар он буд, ки ӯ тавонист Исфараи куҳандиёрро дар амал чун макони истироҳату фароғат ба оламиён нишон дода, "Зумрад"-ро ба ҷойи зеботарини Ҷумҳурӣ мубуддал гардонад. Имрӯз дар ин ҷо зиёда аз 30 омили табобатӣ, чор шуъбаи муолиҷа, се хобгоҳ барои 500 нафар, Қасри " Шифокорон", Чойхонаи Сино ва "Осорхонаи тибби тоҷик ба номи Мирзо Олимов"[1] барои мардум хизмат карда истодааст. Маҳз бо шарофати кордонии Мирзо Олимов 11 километр болотар дар ҷойи хушбоду ҳаво осоишгоҳи мавсимии "Зумрад-2" ташкил ёфт ва соли 1990 аввалин беморони худро қабул кард.

Осор

Мирзо Олимов дар тӯли умри худ зиёда аз 50 мақалои илмӣ-оммавӣ, 3 китоби алоҳида бо номи "Курорт Исфара - санаторий Зумрад", "Меҳрномаи Сино", "Уринамуолиҷа" ва ду филми мустанаде дар ситоиши "Зумрад" эҷод намуда, дар бобати омилҳои табобатӣ, усул ва тарзи гирифтани табобатҳо, роҳҳои пешбурди ояндаи кор дар шифогоҳ таври илмӣ маслихатҳои судманд додааст. Дар ҷашни 60 - солагиаш чун эхтиром бар кору бори "Зумрад" ва ахли кормандон ду китоби дигар бо номи "Дуои модар" ва "Ошёни булбулон" нашр шуд.

Мукофот

Хизматҳои арзандаи сардухтури осоишгоҳи "Зумрад" Мирзо Олимов аз тарафи ҳизбу ҳукумат бо ордени "Байрақи Сурхи Меҳнат", медали "Барои меҳнати шоён", бахшида ба 100-солагии В.И. Ленин, "Аълочии нигаҳдории тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ", медалҳои ба номи Пирогов, ба номи Боткин ва ниҳоят унвони баланди соҳаи тандурустии Тоҷикистон "Ходими шоистаи сиҳатии оммаи Тоҷикистон" қадр шудааст.

Нигаред

Пайвандҳои беруна