Аспирантура: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
 
Сатри 7: Сатри 7:


== Сарчашма ==
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ|Аспирантура|4|муаллиф=Х. Раҳимов}}
* {{ЭМТ|Аспирантура|2|муаллиф=Х. Раҳимов}}
* Луғати тафсирии истилоҳоти педагогика. Душанбе, 1988.
* Луғати тафсирии истилоҳоти педагогика. Душанбе, 1988.



Нусхаи кунунӣ то 03:58, 27 августи 2019

Аспирантура (лот. aspiro мекӯшам, кӯшиш мекунам наздик шавам) — яке аз воситаҳои асосии тайёр намудани кормандони соҳаи илм.

Таҳсил дар аспирантура, маъмулан, бо ҳимояи рисолаи номзадӣ ба охир мерасад. Аспирантура рӯзона ва ғоибона мешавад. Дар аспирантураи рӯзона шахсони то 35-сола (муҳлати таҳсил се сол) ва ғоибона шахсони то 45-сола (муҳлати таҳсил чор сол) ҷалб мегарданд. Шахсони маълумоти олидор ва мутахассисони соҳибмаълумоти ботаҷриба, ки ба корҳои илмӣ шавқу ҳавас доранд, барои супурдани имтиҳони дохилшавӣ ба аспирантурароҳ дода мешаванд. Мутахассисони ҷавон баъди хатми мактаби олӣ ба тавсияи шӯрои илмии он бевосита ба аспирантура дохил шуда метавонанд. Дохилшавандагон аз рӯи ихтисос, фалсафа ва забони хориҷӣ имтиҳон месупоранд. Қабл аз ҳимояи диссертатсия имтиҳонҳои номзадӣ супурда мешаванд. Дар назди АИ ҶТ ва як қатор мактабҳои олии ҷумҳурӣ доир ба соҳаҳои гуногуни илм аспирантура мавҷуд буда, дар онҳо аспирантҳо таҳсил менамоянд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Луғати тафсирии истилоҳоти педагогика. Душанбе, 1988.