Соли 2015: Тафовут байни таҳрирҳо
No edit summary |
х Бот:ивазкунии автоматии матн (-ӯзбак +ӯзбек) |
||
Сатри 26: | Сатри 26: | ||
Тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ 35 нафар номзадҳои ҲХДТ, 2 номзади ҲАТ, 2 намояндаи ҲКТ ва 1 нафарӣ номзадҳои ҲДТ ва ҲИИТ пирӯзӣ ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд.<ref>[http://www.news.tj/tj/news/kmir-nati-oi-ni-oii-intikhobotro-elon-kard КМИР натиҷаҳои ниҳоии интихоботро эълон кард]</ref> |
Тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ 35 нафар номзадҳои ҲХДТ, 2 номзади ҲАТ, 2 намояндаи ҲКТ ва 1 нафарӣ номзадҳои ҲДТ ва ҲИИТ пирӯзӣ ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд.<ref>[http://www.news.tj/tj/news/kmir-nati-oi-ni-oii-intikhobotro-elon-kard КМИР натиҷаҳои ниҳоии интихоботро эълон кард]</ref> |
||
* [[29 март]] |
* [[29 март]] |
||
** Интихоботи президентӣ дар [[ |
** Интихоботи президентӣ дар [[Ӯзбекистон]].Дар натиҷа [[Ислом Каримов]] ғолиб омад. |
||
===Апрел=== |
===Апрел=== |
Нусха 09:30, 30 ноябри 2019
2015
Соли 2015 (ду ҳазору понздаҳ) - мувофиқи гоҳшумори мелодӣ аз панҷшанбе оғоз мешавад.Соли 2015 соли мелоди мо, 15-ум соли ҳазораи 3, 15-ум соли асри XXI мебошад.
Соли Оила дар Ҷумҳӯрии Тоҷикистон. Соли адабиёт дар Русия.
Рӯйдодҳо
Январ
- Дар моҳи январи соли 2015 ба Википедиаи Тоҷикӣ https://tg.wikipedia.org/ 1 038 935 маротиба муштариёни INTERNET ворид шудаанд. Шумораи мақолаҳои тоҷикӣ ба 30 750 расид.[1]
- 1 январ
- Литва ба евро гузашта, узви 19-уми минтақаи евро шуд.
- Шартнома оиди сохтани Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ба кори худ шурӯъ кард.
- 8 январ
- Дар Шри-Ланка интихоботи президентӣ гузаронида шуд. Дар интихобот Маитрипала Сирисена бурд кард.
- 23 январ
- Шоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ Ал-Сауд вафот кард.
Феврал
Март
- 1 март - Интихоботи порлумони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 1 марти соли 2015 интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тибқи натиҷаҳои ниҳоӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) - 65,4%, Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) - 11,7%, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) - 7,5%, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) - 5,5%-и раъйи интихобкунандагонро касб намуданд. Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав ҲХДТ-ро 16 нафар, ҲАТ-ро - 3 нафар, ҲИИТ-ро 2 нафар ва ҲСТ-ро 1 нафар вакил намояндагӣ мекунанд.
Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) - 1,6% , Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ) - 2,2%, Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) - 1,7% ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) - 0,5%-и интихобкунадагон овоз доданд. Ба иттилои манбаъ, дар интихобот 4 млн. 319 ҳазору 395 интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 3 млн. 791 ҳазору 827 нафар овоз доданд. Тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ 35 нафар номзадҳои ҲХДТ, 2 номзади ҲАТ, 2 намояндаи ҲКТ ва 1 нафарӣ номзадҳои ҲДТ ва ҲИИТ пирӯзӣ ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд.[2]
- 29 март
- Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон.Дар натиҷа Ислом Каримов ғолиб омад.
Апрел
- 25-28 апрел
- Заминларза дар Непал бо қувваи 7,8 балл. Дар Непал 8699 кас ҳалок, 22 489 кас маҷрӯҳ шуданд. Дар Ҳиндустон 69 кас ҳалок ва 270 кас маҷрӯҳ шуданд.
- 26 апрел
- Интихоботи президентӣ дар Қазоқистон. Нурсултон Назарбоев ғолиб омад.
Май
- 8 май
- Қирғизистон ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ҳамроҳ шуд.
Июн
- Шумораи мақолаҳо - зиёда аз 32 500
- Шумораи саҳифаҳо - зиёда аз 70 000
Аз рӯи шумораи мақолаҳо Википедиаи Тоҷикӣ дар ҷойи 85-ӯм қарор гирифтааст. [3]
- 22 июн
- Қазоқистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ҳамроҳ шуд.
Июл
Август
- 23 августи соли 2015 гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи Бозиҳои ҷаҳонӣ оид ба варзиши сабук дар ш. Пекин соҳиби ҷойизаи дуюм гардид. Ӯ ҳоло якумин аз варзишгарони тоҷикистониест, ки барои иштирок намудан дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-Дежанейрои Бразилия (соли 2016) роҳхат гирифтааст.[4]
Сентябр
Октябр
- 18 октябр - дар ноҳияи Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакентро ифтитоҳ намуд. Роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент 112,6 километрро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2012 оғоз гардида, моҳи октябри соли 2015 ба охир расид. Навсозии роҳ бо маблағи 115 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ иҷро карда шудааст.
Дар ин шоҳроҳ, 31 адад пулҳои хурду бузург ва иншооти зиёди ёрирасон сохта шудаанд. Корҳои асосии сохтмонӣ ва таъмиру навсозиро ширкати чинии Сансиян Бейсин бо ҷалби мутахассисону роҳсозони маҳаллӣ, ки беш аз 80% шумораи умумии коргаронро ташкил медиҳанд, иҷро кардааст.[5]
- Дар Панҷакент Президенти мамлакат Фабрикаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки заршӯии “Зарафшон”-ро ифтитоҳ намуд. Коргоҳи дуюми заршӯии корхонаи муштараки «Зарафшон» дар давоми як сол сохта, ба истифода супорида шуд. Арзиши лоиҳавии Фабрикаи заршӯӣ бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз бо инфрасохтори мавҷуда 1миллиард сомонӣ мебошад. Дар ин коргоҳ дар як сол то 2,2 тонна тиллои холис истеҳсол карда шуда, қариб 11 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард менамояд. Дар корхонаи муштараки "Зарафшон" то имрӯз танҳо ду коргоҳ фаъолият мекард, ки имкон дошт то 4 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард намояд. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи бузург иқтидори умумии корхона дар як шабонарӯз ба коркарди 17 ҳазор тонна маъдан баробар гардида, иқтидори истеҳсолии корхонаи муштараки «Зарафшон» то 5 тонна тилло дар як сол расонида мешавад.[6]
Ноябр
Декабр
- 25 декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» ба имзо расонид. Қонун дар асоси пешниҳоди бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 9 декабри соли 2015 аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» қабул ва 18 декабри соли 2015 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон якдилона ҷонибдорӣ карда шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон таҳия ва қабул карда шудааст.
- Қонуни мазкур аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро муқаррар мекунад.[7]
- Шумораи мақолаҳо - зиёда аз 40 000
- Шумораи саҳифаҳо - 89 426 саҳ.
Аз рӯи шумораи мақолаҳо Википедиаи Тоҷикӣ дар ҷойи 83-ӯм қарор гирифтааст.
Таввалуд
Вафот
Эзоҳ
- ↑ Tajik Wikipedia at a glance January 2015
- ↑ КМИР натиҷаҳои ниҳоии интихоботро эълон кард
- ↑ Википедия:Список Википедий 14.06.2015
- ↑ Дилшод Назаров получил медаль и $30 тыс на чемпионате мира
- ↑ Ифтитоҳи роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент
- ↑ Ифтитоҳи Фабрикаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки заршӯии “Зарафшон”
- ↑ Ба имзо расидани як қатор қонунҳо