Баҳси корбар:TajikMaterialist: Тафовут байни таҳрирҳо

Page contents not supported in other languages.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Сатри 129: Сатри 129:
::::: Рафиқ [[корбар:TajikMaterialist|TajikMaterialist]], бо сипос аз роҳнамоиятон дубора хидмататон арз шавад, ки ин мақолаҳо бо мудирони Викитоҷикӣ ҳамоҳанг шудаанд ва бигзоред чуноне ки ҳастанд, бимонанд. Мақолаҳо бо риояти тамоми меъёрҳои донишнома навишта шудаанд ва ишколе надоранд. Аз Шумо дархост мешавад онҳоро дасткорӣ ва ҷобаҷо накунед. Хоҳишмандам нерӯятонро барои ислоҳу вироиши дигар мақолаҳо сарф кунед.
::::: Рафиқ [[корбар:TajikMaterialist|TajikMaterialist]], бо сипос аз роҳнамоиятон дубора хидмататон арз шавад, ки ин мақолаҳо бо мудирони Викитоҷикӣ ҳамоҳанг шудаанд ва бигзоред чуноне ки ҳастанд, бимонанд. Мақолаҳо бо риояти тамоми меъёрҳои донишнома навишта шудаанд ва ишколе надоранд. Аз Шумо дархост мешавад онҳоро дасткорӣ ва ҷобаҷо накунед. Хоҳишмандам нерӯятонро барои ислоҳу вироиши дигар мақолаҳо сарф кунед.
::::: Бо эҳтиром, Ҷайҳонӣ --Умед 06:49, 9 Декабри 2019 (UTC)
::::: Бо эҳтиром, Ҷайҳонӣ --Умед 06:49, 9 Декабри 2019 (UTC)
:::::: :) [[Акс:Nuremberg chronicles f 70v 2.png|26px]] [[User:TajikMaterialist|<b><span style="color:#c4a300;">Tajik</span><span style="color:#dd241d;">Materialist</span></b>]] 14:58, 9 Декабри 2019 (UTC)

Нусха 14:58, 9 Декабри 2019

Салом

Лутфан, шаблонҳои сохтаатонро то охир тарҷума намоед! Аз кори нимколву сарсарӣ даст бикашед! --Дӯстмурод Саид (talk) 14:59، 18 Декабри 2017 (UTC)

Парчами бот?

Парчами ботро ки ба шумо дод? Корбарони Википедияи Тоҷикӣ то кунун тарафдориашонро зикр накардаанд. Яъне чихел? --Дӯстмурод Саид (talk) 04:35، 25 Декабри 2017 (UTC)
Барои Шумо чи зарур аст?
*Ки парчамро дод?
ё
Барои чи дар давоми ҳафта то кунун Корбарон тарафдориашонро зикр накардаанд?
Тулӯъи футбол 06:17، 25 Декабри 2017 (UTC)
Ё ҳарду . Шояд фикр кунед, ки мо мудирон зидди парчами ботро соҳиб шудани шумо ҳастем, амммо ин турӣ нест! Ман аз он метарсам, ки бо гирифтани парчами бот мисли пештар ба вироишоти сарсарӣ сар кунеду, тоби шунидани огоҳиҳои мудиронро надошта бошед. Дар ҳоли ҳамдигарфаҳмии ҷомеъи ВТ мо метавонем Википедияамонро аз дигар Викиҳо пештсафтар гардонида бошем. --Дӯстмурод Саид (talk) 06:35، 25 Декабри 2017 (UTC)
ниг.: ҳавола 1, ҳавола 2, ҳавола 3 Тулӯъи футбол 06:41، 25 Декабри 2017 (UTC)
Алакай инро дидам. Мешудаст дия)) Бо уммеди ҳамдигарфаҳмӣ байни корбарону мудирони ВТ :-) --Дӯстмурод Саид (talk) 07:50، 25 Декабри 2017 (UTC)
Азбаски набудани бюрократ дар ин лоиҳа ба стюардон дар мета дархост кардан лозим аст. Аммо барои иҷрои ягон масъала дар ин лоиҳа, масалан, барои иҷрои масъала бо истифодаи бот дар Википедиа:Ботҳо дархост кардан ин шарт аст. -- Тулӯъи футбол
Акнун метавонед, дар ҳамкорӣ бо забондонон ба ислоҳи мақолаҳои футболбозон сар кунед. --Дӯстмурод Саид (talk) 08:25، 25 Декабри 2017 (UTC)
нигаред: Википедиа:Лоиҳа:Футбол/Ҳамкорӣ Тулӯъи футбол 12:54، 25 Декабри 2017 (UTC)
Дар ҳоли ҳозир бо забондонон дар Фейсбук дар мавриди ҳамин Вожагони футбол мубоҳиса дорем, дар наздиктарин фурсат натиҷаи онро инҷо мекорам. Бо эҳтиром --Дӯстмурод Саид (talk) 12:58، 25 Декабри 2017 (UTC)

Кори бот дар ворид намудани шаблонҳои нав

Хоҳиш мекунам ба воситаи Бот барои иваз намудани шаблонҳои кӯҳнашудаи "шахсият", "олим", ки то соли 2017 ворид шуда буданд, дар ворид намудани шаблонҳои нав Шаблон:Олим, Шаблон:Адиб ва диг. дар мақолаҳои кӯҳнаи Википедияи тоҷикӣ кумак расонед. Бо зҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 03:24، 28 январи 2018 (UTC)

Лутфан шаблонҳои кӯҳнашударо аниқтар кунед, ки кадомҳоянд, масалан ягон мақола (ё гурӯҳи мақолаҳо) бо шаблони кӯҳнашуда барои намуна. Бо эҳтиром -- Тулӯъи футбол 07:59، 18 феврали 2018 (UTC)
Ба корбар Тулӯъи футбол

Барои мисол:

1. шаблони нопрурра дар Абдураҳмон_Бухоризода ва диг., нигаред: > w:tg гурӯҳ:Дар Самарқанд таваллудшудагон;

2. шаблони кӯҳна (беэътибор) шаблон:Шахсият дар Абдулло_Ғанӣ ва диг., нигаред: > w:tg гурӯҳ:Дар Самарқанд таваллудшудагон;

Бо эҳтиром--Шухрат Саъдиев (talk) 07:56، 20 феврали 2018 (UTC)


Баррасӣ ба корбар:TajikMaterialist.

Хоҳиш мекунам ба воситаи Бот барои иваз намудани шаблонҳои кӯҳнашудаи "шахсият", "олим", ки дар мақолаҳои кӯҳнаи Википедияи тоҷикӣ то соли 2017 ворид шуда буданд, дар ивазу ворид намудани шаблонҳои нав Шаблон:Олим, Шаблон:Адиб ва диг. кумак расонед. Бо зҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 17:48، 26 апрели 2018 (UTC)

Салом хоҳиш мекунам, ки як саҳифаро барои намуна вирош намоед Тулӯъи футбол 17:53، 26 апрели 2018 (UTC)
Савол оиди мисолҳо:
1. Шаблонҳои нопурра Абдураҳмон_Бухоризода... чи кор карда шаванд?
2. Бо нав кардани шабон ба Шаблон:Адиб чунинро дар назар доред?: Diff1
Бо эҳтиром Акс:Marx engels lenin.jpg TajikMaterialist 19:17، 26 апрели 2018 (UTC)

Ба зиёдшавии миқдори Википедия: Жарфо (заб русӣ [Википедия:Глубина]) низ кӯшиш кунед

Ҳангоми вироиш имконият бошад ба зиёдшавии миқдори Википедия: Жарфо (заб русӣ [Википедия:Глубина]) кӯшиш кунед.

Масалан, дар мақолаи ислоҳ кардашудаи Фаёз_Ҳакимов якчанд миқдор иловаҳо ворид шудааст. Аз миқдори вироишҳои БОТ дар мақолаи чопшуда нишондоди Жарфо (Глубина) ҳам зиёд мешавад. Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 08:30، 20 феврали 2018 (UTC)

Вогардонии беасоси вироишот!

Шумо дар кадом асос худсарона мақолаҳо ва гуруҳои марбут ба илми оммафаҳмро вомегардонед? Дар ҳоле ки созандаи ин мақолот Шумо нестед! Ва он асосе ки аз забони русӣ меоред ҳарзиз далел буда наметавонад! Лутфан, дар Вайбер ё Фейсбук бо ман дар тамос шавед! Ва ин дар ҳолест, ки Шумо корбари таҷирибадори Википедия нестед! Бо эҳтром! --Дӯстмурод Саид (talk) 06:31، 5 марти 2018 (UTC)

Магар фарқ дорад кӣ созанда аст?, Шумо ҳам беасос сарсарона якчанд маротиба вогардонишу вироиш намудаед, бинобар ин ба тарзи дурусташ иваз намудам (манбаъ: луғат), Вайбер ё Фейсбук надорам, дар ҳамин ҷо гап занед. Тулӯъи футбол 06:37، 5 марти 2018 (UTC)
Ва он асосе ки аз забони русӣ меоред ҳарзиз далел буда наметавонад!:
(VASHGIRD moved page Гурӯҳ:Тарғибкунандагони илм to Гурӯҳ:Оммавикунадагони илм: тарғиб - это пропаганда)
Ман то замони то ба хулосаи "Содданигорони илм" омадан аз 4-5 забонишнос ва мутахассисони соҳа маслиҳат гирифтам, баъдан гурӯҳро чунин ном гузоштам. На ҳама вожагонро аз дигар забонҳо "таҳтуллафзӣ" тарҷума мекунанд!
Ва инҷо ба англ. Popular science (илми машҳур), русӣ: Популяризация науки (оммависозии илм), исп. Divulgación científica (интишори илмӣ) форсӣ: علم به زبان ساده، علم عامه‌فهم یا علم عامه‌پسند‎ (илм ба забони сода, илми оммафаҳм ё илми оммаписанд), ар. الأدبيات العلمية أو علوم مبسطة‎ (адабиёти илмӣ, ё илмҳои сода) бубинед, ҳар кадоме бо ҳам мутафоввит ҳастанд. Дар ин ҳол мо тоҷик ҳастему забонамон порсӣ, пас аз забони худ бояд истифода кунем!
Гап нест. Тулӯъи футбол 07:04، 5 марти 2018 (UTC)

Бот дер боз беҳаракат аст

корбар:TajikMaterialist Кори ботро дар ВП тоҷикӣ давом диҳед. Вақт ғанимат аст. Масалан ивази шаблонҳои кӯҳнаро ба наваш (Шаблон:Олим, Шаблон:Адиб ва диг. ба охир расонидан лозим аст.

Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 17:54، 13 июни 2018 (UTC)

@Шухрат Саъдиев Салом хоҳиш мекунам, ки як саҳифаро барои намуна вирош намоед.
Савол оиди мисолҳо:
1. Шаблонҳои нопурра Абдураҳмон_Бухоризода... чи кор карда шаванд?
2. Бо нав кардани шабон ба Шаблон:Адиб чунинро дар назар доред?: Diff1
Бо эҳтиром TajikMaterialist 18:28، 13 июни 2018 (UTC)
Нав кардани шабон ба Шаблон:Адиб чунинро дар назар доред?: Diff1
  1. ОРЕ ҳамин шаблони кӯҳнашудаи ишора намудаатонро ба шаблони нав Шаблон:Адиб иваз намудан лозим аст.
  2. ва ҳамчунин дар бораи олимон бошад ба Шаблон:Олим иваз менамудед кори хуб мешуд. Норасоиҳои Шаблонҳои нопурра Абдураҳмон_Бухоризодаро дигар корбарон бо дарёфти сарчашмаҳои нав пур хоҳанд кард.
  3. Инчунин нигаред ба шаблонҳои нави дигари ВП тоҷикӣ

Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 18:49، 13 июни 2018 (UTC)

Ташаккур барои аниқкунӣ TajikMaterialist 18:52، 13 июни 2018 (UTC)

Саҳифа дар қисмати Саҳифаи аслӣ

Саҳифаи Ҷоми ҷаҳонии футбол 2018 дар қисмати Саҳифаи аслӣ нигаред: [1] гузошта шуд. Ин саҳифаро кушиш кунед, бо тарҷумаи қисматҳояш аз рӯи ҷадвали мусобиқа давом диҳед. Барори кор. Бо эҳтиром--Шухрат Саъдиев (talk) 08:16، 16 июни 2018 (UTC)

Миннатдорам TajikMaterialist 08:20، 16 июни 2018 (UTC)

Watch request

Since you seem to be one of the most active users here at the moment, I'm wondering if you could please "watch" (put on your watchlist) the page Меъморӣ, which has seen several recent edits that I believe are unhelpful and/or simple vandalism (and which were apparently not noticed by other users or admins here). Unfortunately, since I do not read this language (Tajik), I don't think I can continue to "patrol" changes to that page — or, indeed, any others. Since I expect more such edits in the future, I'm hoping you can "take over" watching that page. - dcljr (talk) 04:50، 17 июни 2018 (UTC)

Мақолаҳои ЭМТ ва БОТ

Салом. Чанд рӯзи пеш чизе дар мавриди воридсозии мақолоти ЭМТ гуфтан мехостеду аммо нагуфтед . Метавонед ҳозир шарҳ бидиҳед? Бо эҳтиром --Дӯстмурод Саид (talk) 13:12، 9 июли 2018 (UTC)

Салом. Нигаред баинҷо (танҳо барои шиносоӣ, таърих) TajikMaterialist 14:28، 9 июли 2018 (UTC)
Бо ин алакай дирӯз шинос шудам. Беҳтарин иқдом аст. Аммо дар «ҳолатҳои эҳтимолӣ»-ро метавонед каме равшантар инҷо нависед? --Дӯстмурод Саид (talk) 14:44، 9 июли 2018 (UTC)
Эҳтимолияти пайдо шудан/сохтани элемент номаълум шояд мешавад ва шояд не (номаълум ки ӯҳдааш мебарод ё не) TajikMaterialist 14:48، 9 июли 2018 (UTC)
Матни ҷилдҳои ЭМТ-ро алакай рӯи даст доред, ё…? --Дӯстмурод Саид (talk) 14:51، 9 июли 2018 (UTC)
Ҳа, TNE TajikMaterialist 15:36، 9 июли 2018 (UTC)
Ҷилди аввал тақрибан 90 дарсад ва ҷилди дуввум наздики 50 дарсад ба Википедия ворид карда шуданд? Бот метавонад инро ташхис бидҳад, то ки мақолаҳо дубора такрор нашаванд? --Дӯстмурод Саид (talk) 15:41، 9 июли 2018 (UTC)
  • Инчунин гузоштани рақами Ҷилдҳои ЭМТ-ро дар мақолаҳои воридшуда дарназар гиред. Танҳо эмблемаи ЭМТ сарчашмаи боэътимод шуда наметавонад.--Шухрат Саъдиев (talk) 16:22، 9 июли 2018 (UTC)
  • Алҳол ман ин корро кардани нестам, аммо ҳангоми воридкунӣ, масалан, пешина мақолаи «дастӣ» ворид карда шуда сарлавҳаи аз китоб фарқунандаро дошта бошад, дубора такрор шуданаш мумкин аст. TajikMaterialist 16:26، 9 июли 2018 (UTC)
Мутассифона сарлавҳаҳо хеле зиёд фарқ доранд, бо як исм чандин шоириу хаттоту меъмор дар ЭМТ омадааст, фикри шахсии ман ин аст, ки шумо дубора ҷилди 1 ва қисман 2- ро тавассути БОТ барномарезӣ накунед, балки ман садаҳо ва мақолаҳои вориднашудаи ҳама ҷилдҳои ЭМТ-ро дар шакли Ворд дастрасатон мекунам, ки ниёзе ба дубора баргардонии ПДФ ба Ворд нест. Ҳамчунин метавонед корро дар ҳамин рӯзҳои наздик оғоз намоед, аммо бо суръати пасттар (шояд на бештар аз 150-200 мақола дар як рӯз), то мо тавонем, ҳар кадоми онро бидкни бот аз назар гузаронем. На чун маҷолаҳои футболбозон, ки "сарҳисоб"-амонро гум карда будему то ҳол ҳама барғалат рафтанду ислоҳашон акнун мушкиламон шудааст. --Дӯстмурод Саид (talk) 16:58، 9 июли 2018 (UTC)
Чи хеле ки гуфта будам мақсади "резиши" ЭМТ-ро алҳол надорам... Мавзуи "Футболбозон" ба фикрам пӯшида будем, хай агар хоҳед пас як ду сухан: ҳамаи мақолаи футболбозон ҳафз шудаанд... а не як ё якчандо боқимондааст, ки бо онҳо ҳам ягон чора андешидан мумкин аст, ба ҳар ҳол ҳамаи мақолаҳои футболбозонро бо суръати пасти "резиш" ҳам, дастӣ ислоҳ кардан қариб ки номумкин буд. TajikMaterialist 22:14، 9 июли 2018 (UTC)
Манзури ман "коҳи куҳнаро бод додан" нест, балки манзурам инаст ки иқдоми пешгирифтаатонро дар якҷоягӣ бо дигар корбарони ВТ ба роҳ монда бошед, беҳтар аст, чун кори якбора мешавад. Гуфтанӣ будам, ки нашавад дар як рӯз ҳамаи ЭМТро БОТ ворид созаду мо дар ислоҳаш дарбимонем )) Ва аз ин ки мегӯед "алҳол мақсад надоред", пас кай? О мо дастӣ ҳамаша тамом кунем баъд?))) --Дӯстмурод Саид (talk) 01:04، 10 июли 2018 (UTC)
    • Фаҳмидам. Дархостатонро доир ба Воридоти мақолаҳои ЭМТ ба воситаи бот, дар саҳифаҳои Википедиа:Қаҳвахона гузоред, то инки амалатон ба ҷомеа ошкор бошад.Барори кор. --Шухрат Саъдиев (talk) 16:30، 9 июли 2018 (UTC)

Муроҷиатнома

Мӯҳтарам TajikMaterialist

Саҳми беғарази Шумо дар Википедияи тоҷикӣ назаррас аст ва имрӯз кӯшиши дигаре аз ҳамаи корбарон лозим аст, ки адади шумораи мақолаҳои Википедияи тоҷикӣ ба 100 000 бирасонем.

Бо камоли эҳтиром ----Шухрат Саъдиев (баҳс) 17:42, 23 октябри 2019 (UTC)[reply]

Миннатдори

Барои корбарии таҳрири Бот ташаккур. Шухрат Саъдиев (баҳс) 06:11, 2 Декабри 2019 (UTC)[reply]

Марҳамат. Ботҳо корҳои бисёр такроршавадаро осон мекунанд. TajikMaterialist 12:55, 2 Декабри 2019 (UTC)[reply]

Дархост: дараҷаҳои низомиро вироиш накунед!

  • Ҳамкори гиромӣ, корбар:TajikMaterialist!
  • Хоҳишмандам мақолаҳо дар бораи дараҷаҳои низомиро вироиш накунед. Ин мақолаҳо бо мудирони Википедияи тоҷикӣ ҳамоҳанг шудаанд. Вожаҳои пешниҳодшуда барои ҷойгузинии рутбаҳои кунунии Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Шурои амнияти миллӣ ва Вазорати мудофиа баррасӣ мешаванд. Дар назар аст, ки Қонуни хидмати низомӣ ислоҳ ва дараҷаҳои низомии русӣ бо дараҷаҳои тоҷикӣ ҷойгузин шаванд. Аз ин рӯ муҳтарамона дархост мешавад аз ислоҳу вироиши мақолаҳои мавҷуд даст нигаҳ доред.
  • Бо эҳтиром, --Умед 08:53, 6 Декабри 2019 (UTC)
Саломатӣ мехоҳам рафиқ Omid Jeyhani,
Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки айни ҳол дар ҳамаи сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дар Нерӯҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вожаҳои русии рутбаҳои ҳарбӣ мавриди истифода қарор дорад. Дар баррасӣ қарор доштани истифодаи ин вожаҳои таърихӣ ягон хабаре мавҷуд нест[1]. Аз ин лиҳоз бинобар дар амал будани Қонуни ҳозираи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди рутбаҳои ҳарбӣ бо истилоҳоти русӣ, мақолаҳо оиди рутбаҳои ҳарбӣ бояд аз қонуни амалкунанда навишта шаванд, ва вожаҳои рутбаҳои таърихии пешниҳодшуда ҳамчун мақолаҳои таърихи рутбаҳо бояд нишон дода шаванд. Бо нигоҳ доштани чунин мақолаҳои ғайривоқеи хонадаро гумроҳ кардан мумкин асту бас.
Бо эҳтиром TajikMaterialist 10:18, 6 Декабри 2019 (UTC)[reply]
Рафиқ TajikMaterialist, иттилоъи Шумо дар бораи раванди тоҷикисозии дараҷаҳои низомии Тоҷикистон ба рӯз нест. Бино бар охирин хабарҳо, Кумитаи забону истилоҳот вожаҳои овардашуда дар мақоларо барои ҷойгузин кардани рутбаҳои русӣ ба гурӯҳи кории Шурои амнияти миллӣ ва Вазорати дифоъ пешниҳод кардааст[1]. Ман худ узви гурӯҳи муштараки кории вожагузинии Кумитаи забону истилоҳот ва Вазорати мудофиа ҳастам ва аз ин раванд иттилоъи комил дорам. Мо бо мудирони Википедияи тоҷикӣ ба тавофуқ расидаем, ки ин мақолаҳо ба ҳамин шакле, ки навишта шудаанд, дар Википедия мемонанд. Аз Шумо дубора дархост мекунам ин мақолаҳоро даст назанед.
Бо эҳтиром, Ҷайҳонӣ --Умед 10:57, 6 Декабри 2019 (UTC)
Салом корбар Omid Jeyhani, ташаккур барои расонидани маълумот,
бинобар вобаста будани Шумо бо Вазорати мудофиа, медонед, ки расман дар ҳуҷҷатҳо ва дар хизмат, рутбаҳои пешинаро истифода мебаранд. Мақолаҳои навиштаи Шумо оиди рутбаҳои ҳарби сифатан хуб мебошанд, танҳо мақсад ҳамин аст, ки мақолаҳо ҳолати аслиро нишон диҳанд (чи хеле ки ҳаст). Инчунин Шумо дар Википедиа таҷрибаи бисёрсола доред ва аз таҷриба медонед, ки мақола бояд реалӣ бошад, асос дошта бошанд, оиди таърихи мавзӯъ дар қисми таърих ва оиди оянда бошад дар қисми пешниҳодҳо барои мисол.
Бо эҳтиром, TajikMaterialist 15:54, 6 Декабри 2019 (UTC)[reply]
Рафиқ TajikMaterialist, бо сипос аз роҳнамоиятон дубора хидмататон арз шавад, ки ин мақолаҳо бо мудирони Викитоҷикӣ ҳамоҳанг шудаанд ва бигзоред чуноне ки ҳастанд, бимонанд. Мақолаҳо бо риояти тамоми меъёрҳои донишнома навишта шудаанд ва ишколе надоранд. Аз Шумо дархост мешавад онҳоро дасткорӣ ва ҷобаҷо накунед. Хоҳишмандам нерӯятонро барои ислоҳу вироиши дигар мақолаҳо сарф кунед.
Бо эҳтиром, Ҷайҳонӣ --Умед 06:49, 9 Декабри 2019 (UTC)
:) TajikMaterialist 14:58, 9 Декабри 2019 (UTC)[reply]