Узвҳои таносул: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х кӯчонидан
Сатри 5: Сатри 5:
== Узвҳои таносули одам ==
== Узвҳои таносули одам ==
{{Асосӣ|Узвҳои таносули одам}}
{{Асосӣ|Узвҳои таносули одам}}

=== Узвҳои таносули мардона ===
=== Узвҳои таносули мардона ===
{{Асосӣ|Узвҳои таносули мардона}}
{{Асосӣ|Узвҳои таносули мардона}}
Сатри 16: Сатри 15:
[[Акс:Blausen 0400 Женские тазовые органы 02-ru.png|thumb|Дастгоҳи тавлиди насл дар занон|265x265px]]
[[Акс:Blausen 0400 Женские тазовые органы 02-ru.png|thumb|Дастгоҳи тавлиди насл дар занон|265x265px]]
Ба узвҳои таносули занон тухмдонҳо, найчаҳои бачадон, маҳбал мансубанд. Тухмдон ғадуди ҷуфти таносулии занона аст, ки дар коси хурд дар ду тарафи бачадон воқеъ гардидааст. Дар тухмдонҳо ҳуҷайраҳои ҷинсии занона — ҳуҷайратухмҳо инкишоф меёбанд. Ғайр аз он тухмдон яке аз ғадудҳои муҳимми ихроҷи дарунӣ мебошад, ки ба хун гормон ҷудо мекунад. Он фаъолияти мӯътадили узвҳои таносул ва аломатҳои дуввумини ҷинси (овоз, рушди сина, баромадани мӯи хоси андоми зан ва ғ.)-ро муайян мекунад. Фаъолияти тухмдон ба синни зан ва вазъи умумии функсионалии организм вобаста аст.
Ба узвҳои таносули занон тухмдонҳо, найчаҳои бачадон, маҳбал мансубанд. Тухмдон ғадуди ҷуфти таносулии занона аст, ки дар коси хурд дар ду тарафи бачадон воқеъ гардидааст. Дар тухмдонҳо ҳуҷайраҳои ҷинсии занона — ҳуҷайратухмҳо инкишоф меёбанд. Ғайр аз он тухмдон яке аз ғадудҳои муҳимми ихроҷи дарунӣ мебошад, ки ба хун гормон ҷудо мекунад. Он фаъолияти мӯътадили узвҳои таносул ва аломатҳои дуввумини ҷинси (овоз, рушди сина, баромадани мӯи хоси андоми зан ва ғ.)-ро муайян мекунад. Фаъолияти тухмдон ба синни зан ва вазъи умумии функсионалии организм вобаста аст.



== Бемориҳо ва осеби узвҳои таносул ==
== Бемориҳо ва осеби узвҳои таносул ==

Нусха 21:42, 10 Декабри 2019

Узвҳои таносул, аъзои ҷинсӣ — узвҳои афзоиш. Узвҳои таносул дарунӣ ва берунӣ мешаванд. Узвҳои таносули занон ҷои обистанӣ ва рушди ҷанин мебошад. Ғадудҳои таносул марбути узвҳои эндокринӣ буда, ғайр аз ҳуҷайраҳои ҷинсӣ гормонҳои ҷинсии занона ва мардона ҳосил мекунанд. Онҳо бевосита ба хун ҳамроҳ шуда, дар танзими фаъолияти ҷинсӣ, ширкат меварзанд. Гормонҳои ҷинсӣ инкишофи аломатҳои дуюмини ҷинсиро, ки хоси марду зананд, танзим менамоянд.

Дар батн тухмаи одам аз ғадуди ҷинсии бетафовуте (индофференти)-е ташаккул меёбад, ки аз он дар баъзе афрод ҷанини ҷинси мардона, дар афроди дигар ҷанини ҷинси занона падид меояд. Аҳёнан дар як одам каму беш нишонаҳои ҳарду ҷинс — хунсоӣ зоҳир мегардад.

Узвҳои таносули одам

Мақолаи асосӣ: Узвҳои таносули одам

Узвҳои таносули мардона

Акс:Male anatomy number.svg
Системаи шошаю таносули мардон:
1. пешобдон 2. устухони шармгоҳ 3. нара 4. танаи нара 5. сараки нара 6. ғилофа 7. сӯрохии берунии пешоброҳа 8. рӯдаи канорӣ 9. рӯдаи рост 10. манидон 11. маҷрои манигузар 12. ғадуди простата 13. ғадуди пиёзӣ-мизроҳӣ 14. маъқад 15. маҷрои манӣ 16. зоиди хоя 17. хоя 18. хоядон

Узвҳои таносули мардона ва занона вобаста ба ҷойгирӣ берунӣ ва дарунӣ мешаванд; вазифаи онҳо идомаи насл аст. Хоя бо зоидҳояш, маҷрои манирон, ғадуди простата ва ғадудҳои булбоуретравӣ (мансуб ба пиёзаки пешоброҳа) ба узвҳои дарунӣ, нара ва хоядон ба узвҳои берунии таносули мардон мансубанд. Узвҳои дарунии таносули занон аз тухмдон, найчаҳои бачадон, бачадон, маҳбал ва даромадгоҳи маҳбал, узвҳои берунии таносу аз лабҳои калону хурди фарҷ ва клитор иборат мебошанд. Ба узвҳои таносули мардон хоя бо зоидҳояш, ки дар хоядон воқеанд, манироҳа бо манидон, ғадуди простата, ғадудҳои Купер ва олати таносул мансубанд.

Узвҳои таносули занона

Дастгоҳи тавлиди насл дар занон

Ба узвҳои таносули занон тухмдонҳо, найчаҳои бачадон, маҳбал мансубанд. Тухмдон ғадуди ҷуфти таносулии занона аст, ки дар коси хурд дар ду тарафи бачадон воқеъ гардидааст. Дар тухмдонҳо ҳуҷайраҳои ҷинсии занона — ҳуҷайратухмҳо инкишоф меёбанд. Ғайр аз он тухмдон яке аз ғадудҳои муҳимми ихроҷи дарунӣ мебошад, ки ба хун гормон ҷудо мекунад. Он фаъолияти мӯътадили узвҳои таносул ва аломатҳои дуввумини ҷинси (овоз, рушди сина, баромадани мӯи хоси андоми зан ва ғ.)-ро муайян мекунад. Фаъолияти тухмдон ба синни зан ва вазъи умумии функсионалии организм вобаста аст.

Бемориҳо ва осеби узвҳои таносул

Ҳам дар мардон ва ҳам дар занон нуқси инкишоф, мавқеи нодурусти узвҳои таносул ба назар мерасанд, бемориҳои илтиҳобӣ ва омосӣ ба вуҷуд меоянд. Нуқси инкишоф аҳёнан дучор мешавад (хурд ё калон шудани узвҳои таносул, рушди ноқиси онҳо ва ғ.). Бемориҳои сироятӣ дар давраи аввали ҳомилагӣ, шуоъ хӯрдани модар, ки дар он вақт ҷанин ба таъсири омилҳои зиёновар хеле ҳассос аст, метавонанд боиси пайдоиши нуқси инкишоф гарданд. Барои пешгирии нуқси инкишофи тифли батн занҳои ҳомила бояд худро аз амрози сироятӣ эмин доранд, ба аёдати чунин беморон нараванд, ба онҳо нигоҳубин накунанд; ҳангоми эпидемияи грипп аз рафтан дар байни анбӯҳи мардум — кино, театр ва ғ. худдорӣ намоянд, бе тавсияи духтур дору нахӯранд, ба тартиби дурусти кору истироҳат риоя кунанд, дар ҳавои кушод бештар гарданд.

Хунсоӣ (гермафродитизм, нармодагӣ), яъне дар як фард мавҷуд будани аломатҳои ҳарду ҷинс, аз ҷумлаи нуқсҳои инкишофи узвҳои таносул мебошад. Хунсоӣ ҳақиқӣ ва козиб мешавад. Ба хунсоии ҳақиқӣ, ки аҳёнан дучор меояд, мавҷудияти ҳам тухмдону ҳам хоя хос аст. Дараҷаи зуҳури аломатҳои ин ё он ҷинс ба кори ғадудҳои таносул вобаста аст. Ҳангоми хунсоии козиб (псевдогермафродитизм), ки назар ба хунсоии ҳақиқӣ бештар вомехӯрад, ғадудҳои ҷинсӣ тибқи навъи муайян — мардона ё занона ташаккул меёбанд, вале дар сохти узвҳои берунаи таносул тағйирот ба назар мерасад. Дар кӯдак ба мушоҳида расидани гипоспадия (дар поёни нара қарор гирифтани сӯрохи пешоброҳа) якҷоя бо крипторхизм, (чуки норасида), ки клитори калоншударо ба хотир меорад, хоядони дутақсим, ки ба лабҳои калони фарҷ мемонад, аз хунсоии кӯдак гувоҳӣ медиҳад. Барои муайян кардани ҷинси ҳақиқии кӯдак усулҳои махсуси ташхисро ба кор мебаранд. Волидони кӯдаки хунсо бояд бидонанд, ки чунин ноҷурӣ илоҷпазир аст ва ҳарчи зудтар ба пизишк муроҷиат кунанд, муолиҷа ҳамон қадар самараи бештар медиҳад, дар оянда кӯдак камтар осеби рӯҳӣ мебинад. Муайян кардани ҷинси кӯдак дар синни то дусолагӣ мақбултар аст.

Дар мардон аз ҷумлаи ноқисиҳои инкишоф ихтилоли рушди хояҳо — набудани як ё ҳарду хоя, рушди ноқиси онҳо, хояҳои иловагӣ, ки одатан нарасидаанд, ба хоядон нафаромадани хояҳо (крипторхизм) ва ҷойгирии ғайримуқаррарии онҳо ба назар мерасад.

Аз навоқиси рушди узвҳои таносул иллатҳои зайл бештар дучор меоянд: чок ва кӯтоҳии девораи пеш ё ақиби маҷрои шоша (уретра); баста ё танг шудани сӯрохи берунаи уретра. Фимоз ҳам аз ҷумлаи нуқси инкишоф мебошад, ки ба пурра кушода шудани сари олати таносул имкон намедиҳад. Зӯран луч кардани сари олати таносул боиси парафимоз мешавад. Истисқои хоядон, кистаи манироҳаро ҳам аз ҷумлаи навоқиси инкишоф меҳисобанд.

Нуқсҳои назарраси рушди узвҳои таносул боиси имконнопазирии таваллуд ва ҳаёти ҷинсӣ мегарданд. Нуқсҳои сабуктар ҳаёти ҷинсӣ ва пешоброниро халадор мекунанд, ба илтиҳоб ва диг. бемориҳо гирифтор месозанд.

Аксар амрози узвҳои таносулро дар сурати барвақт ба пизишк муроҷиат кардани волидон пурра табобат намудан мумкин аст. Амрози илтиҳобии узвҳои таносули мардон аксар вақт табиати сироятӣ, занбӯруғӣ ё паразитӣ дошта, аз таъсири вирусҳо, занбӯруғҳо, соддатаринҳо, гелминтҳо ба вуҷуд меоянд. Аз бемориҳои илтиҳобии узви таносул баланит ва баланопостит бештар вомехӯрад. Ба илтиҳоби узвҳои таносул микроорганизмҳои маскуни организми одам — қаламчамикроби рӯда, протея, энтерококкҳо ва ғ. сабаб мешаванд. Ҳангоми заъфи умумии организм уфунат тавассути қад — қади маҷрои шоша ба рагҳои лимфа паҳн гашта, боиси иллати уретра (ниг. Уретрит), ғадуди простата (ниг. Простатит), манидон (везикулит), маҷрои манӣ, зоидҳо ва хояҳо мешавад. Баъзан уфунат ба аҷсоми исфанҷии олати таносул гузашта, боиси илтиҳоби онҳо мегардад. Аз бемориҳое, ки зери таъсири соддатаринҳо ба вуҷуд меоянд, бештар трихомониаз ба мушоҳида мерасад (ҳангоми мубошарат мегузарад).

Як силсила амрози сироятӣ — паротити вогир, туляремия, сил, грипп, гепатити вирусӣ — боиси илтиҳоби хоя (ниг. Орхит) ё зоидҳои он (ниг. Эпидидимит) шуда метавонанд.

Бемориҳои зӯҳравӣ, ки бо роҳи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд (ниг. Сӯзок, Сифилис), гурӯҳи махсусро ташкил мекунанд. Сироят аксар вақт ҳангоми алоқаҳои тасодуфии ҷинсӣ, риоя накардан ба беҳдошти ҳаёти ҷинсӣ (ниг. Ҳаёти ҷинсӣ) ба амал меояд; ба ин ҳолати мастӣ ҳам сабаб мешавад (ниг. Майзадагӣ).

Осебҳои узвҳои таносул пӯшида ва кушода мешаванд. Лат хӯрдани узвҳои таносул асосан боиси дард ва хунрезӣ мегардад. Осебҳои кушодаи узвҳои таносул мумкин аст сатҳӣ (осеби пӯст) ва амиқ (даридани аҷсоми исфанҷии олати таносул, маҷрои шоша, захми хоя) бошанд. Ҳодисаҳои дар натиҷаи садама канда шудани олати таносул ва кастратсия ҳам рӯй медиҳанд. Осебҳои кушодаи узвҳои таносул боиси хуншории хатарнок, ихтилоли шошаронӣ, раҳ ёфтани ангезандаҳои уфунат мегардад.

Осебҳои пӯшида, ғайр аз латхӯрӣ, ҷарроҳиро тақозо мекунанд, ки ба манъи хунравӣ, бурида партофтани хуномос (гематома), барқарор намудани таносуби мӯътадили анатомӣ, рафъи монеаи роҳи шоша нигаронида шудааст.

Ҳангоми муолиҷаи осебҳои кушодаи узвҳои таносул бофтаҳои пӯла ва мавтшуда, лахтаи хун ва аҷсоми бегонаро гирифта мепартоянд, кӯшиш мекунанд, ки томияти узвро нигоҳ доранд.

Аз амрози омосии узвҳои таносули мардон бештар омоси некфарҷом — аденомаи ғадуди простата вомехӯрад. Қариб нисфи мардони куҳансол ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, ки сабабаш тағйироти гормонӣ мебошад. Ихтилоли тарашшуҳи шоша, уфунати пешоброҳа, пайдоиши санг дар масона, заъфи гурда ва ғ. оқибати табобат накардани аденомаи ғадуди простата аст.

Саратони ғадуди простата нисбатан кам дучор мешавад. Аз ҷумлаи омосҳои некфарҷоми маҷрои шошаи мардон (уретра) аз ҳама бештар кондиломаи тез (онро папилломаи вирусӣ, баъзан полип ва аденома ҳам меноманд) паҳн шудааст. Саратони уретра асосан мардони куҳансолро мубтало месозад. Саратони узви таносул аҳёнан рӯй дода, одатан, натиҷаи илтиҳоби музмин мебошад.

Омоси хоя аксар вақт бадфарҷом буда, ҷавононро мубтало месозад. Он аксар вақт гормонҳои ҷинсӣ ҳосил мекунад, ки боиси балоғати бармаҳали бачагон мегардад.

Ҳангоми илтиво (печиши хоя) фавран ба духтур муроҷиат бояд кард. Дар ин ҳолат гардиши хун ихтилол ёфта, дарди сахт падид меояд, хоядон варам карда, одам дилбеҳузур мешавад, қай мекунад, аз ҳуш меравад. Дар сурати сари вақт муолиҷа накардан, хоя мавт мегардад.

Пешгирии бемориҳои узвҳои таносули мардон, хусусан бемориҳои илтиҳобӣ, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва гигиенаи ҳаётии ҷинсӣ, ҳар рӯз шустани узвҳои берунаи таносулро талаб мекунад. Ба ин қоидаҳо бояд аз кӯдакӣ риоя кард.

Дар занҳо ноқисии инкишоф мумкин аст ҳам дар ихтилоли сохти анатомии узвҳои таносул (набудани маҳбал, бачадон, дутоӣ будани онҳо ва ғайра), ҳам дар таъхири рушди онҳо — инфантилизм зоҳир гардад. Ҳангоми баъзе навъҳои нуқси инкишоф, мас., дутоӣ будани бачадон ва маҳбал вазифаи узвҳои таносул мумкин аст халал наёбад: давраи ҳаёз мавҷуд аст, занҳо ҳомила мешаванд, таваллуд мекунанд. Аммо баъзеи онҳо дар давраи аввали ҳомилагӣ бача мепартоянд ё ба заъфи таваллуд гирифтор мешаванд. Бинобар ин, чунин занҳои ҳомила бояд таҳти назорати қатъии пизишк бошанд. Набудани маҳбал боиси аменорея ва имконнопазирии ҳаёти ҷинсӣ мегардад. Ин нуқсро бо роҳи ҷарроҳӣ муолиҷа мекунанд.

Мавқеи нодурусти узвҳои таносул, хусусан бачадон, афтидан ва баромадани он аз роғи фарҷ, инчунин ба пешу қафо ғеҷидани бачадон ба ихтилоли тонуси бачадон, осеби дастгоҳи нигоҳдорандаи он ва мушакҳои қаъри кос вобаста аст; ғайр аз он дар натиҷаи илтиҳоби узвҳои дохилии таносул, ки боиси кафшерак мегардад, мумкин аст бачадон ба ақиб хам хӯрад. Дар ин ҳол бачадон қобилияти ҳаракаташро гум мекунад. Дар натиҷа ҳомилагии носолим (фишурда шудани бачадони бордор, бачапартоӣ) рух менамояд. Барои пешгирии беҷошавии бачадон, ки дар натиҷаи илтиҳоб рӯй медиҳад, бо тавсияи духтур барои рафъи пурраи он табобат кардан зарур аст. Мунтазам холӣ кардани масона муҳим мебошад, зеро баъзе духтарон ва занон пешобро нигоҳ медоранд, ки ба қатшавии бачадон мусоидат мекунад. Барои пешгирии беҷошавии узвҳои таносул варзиш хеле судманд аст.

Бемориҳои илтиҳобии узвҳои таносули занон дар натиҷаи ба онҳо роҳ ёфтани микроорганизмҳои бемориовар сар мезанад. Вобаста ба он ки кадом қисмати узвҳои таносул бештар осеб дидааст, амрози зерини онҳоро тасниф мекунанд: илтиҳоби зоидҳои бачадон — аднексит, илтиҳоби бачадон — метроэндометрит, илтиҳоби гарданаи бачадон — сервитсит, инчунин эрозияи гарданаи бачадон, илтиҳоби маҳбал — колпит, илтиҳоби узвҳои берунаи таносул — вулвит ва ғ. Риоя накардан ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва гигиенаи ҳаёти ҷинсӣ, алоқаи тасодуфии ҷинсӣ, ки хатари бо трихомониаз, сӯзок, сифилис ва СПИД сироят ёфтанро дорад, ба роҳ ёфтани организмҳои бемориовар ба узвҳои таносули зан мусоидат мекунанд. Ғайр аз он, микробҳои бемориовари маскуни организм ҳангоми заъфи муқовамат бо рагҳои хуну лимфа ба роҳҳои таносули зан меоянд. Сили узвҳои таносул, ки бо роҳи ҷинсӣ намегузарад, бо ҳамин роҳ пайдо мешавад.

Дар узвҳои таносули занон, бештар дар бачадон ва тухмдонҳо, омосҳои некфарҷом ва бадфарҷом инкишоф меёбанд. Аз ҷумлаи омосҳои некфарҷом бештар миомаи бачадон (фибромиома) ва кистаи тухмдонҳо рӯй медиҳанд. Аксар вақт ҳангоми миома давраи ҳайз халал меёбад (ҳайзи зиёди тӯлони то ба дараҷаи хунравӣ аз бачадон). Миомаи ҳаҷман калон узвҳои атрофро фишор медиҳад, ки ин боиси зуд-зуд пешоб кардан ё қабзият мегардад. Ҳангоми миомаи ҳаҷман хурд занҳо мумкин аст мисли занҳои солим обистан шаванд, аммо ҳолатҳои безуррётӣ, бачапартоӣ, ҳангоми таваллуд заъфи қувваи зоиш ва дар давраи баъди таваллуд хунравӣ рӯй медиҳад. Миомаи бачадон, агарчи ҳаҷман калон бошад ҳам, мумкин аст ноаён ҷараён гирад. Занҳои мубталои ин амроз бояд таҳти назорати доимии духтур бошанд.

Кистаи тухмдонҳо баъзан тамоман зоҳир намегардад ва фақат зимни таҳқиқи гинекологӣ муайян карда мешавад. Аммо печиши киста имконпазир аст, ки он боиси дарди сахт дар поёни шикам, қай, баъзан ҳарорати баланд мегардад. Чунин беморонро фавран ба бемористон хобонида муолиҷа кардан зарур аст.

Омосҳои бадфарҷом (саратони бачадон ва тухмдонҳо) бештар дар давраи климакс ё наздик ба он ба вуҷуд меоянд. Бинобар ин, барои сари вақт ошкор ва муолиҷа кардани амрози онкологӣ ҳамаи занон бояд соле ду бор аз муоинаи духтури генеколог гузаранд; ҳарчанд онҳо худро комилан солим ҳис кунанд ҳам, аз муоинаи профилактикӣ низ саркашӣ кардан раво нест.

Эзоҳ