Jump to content

Узвҳои таносул: Тафовут байни таҳрирҳо

731 байт хориҷ карда шуд ,  3 сол пеш
х
хулосаи таҳрир нест
хNo edit summary
{{Асосӣ|Узвҳои таносули одам}}
=== Узвҳои таносули мардона ===
{{Асосӣ|Узвҳои таносули мардона}}
[[Акс:Male anatomy number.svg|thumb|''Системаи шошаю таносули мардон:''<br>1. пешобдон 2. устухони шармгоҳ 3. нара 4. танаи нара 5. сараки нара 6. ғилофа 7. сӯрохии берунии [[пешоброҳа]] 8. рӯдаи канорӣ 9. рӯдаи рост 10. манидон 11. маҷрои манигузар 12. ғадуди простата 13. ғадуди пиёзӣ-мизроҳӣ 14. маъқад 15. маҷрои манӣ 16. зоиди хоя 17. хоя 18. хоядон|265x265px]]
Узвҳои таносули мардона ва занона вобаста ба ҷойгирӣ берунӣ ва дарунӣ мешаванд; вазифаи онҳо идомаи насл аст. Хоя бо зоидҳояш, маҷрои манирон, ғадуди простата ва ғадудҳои булбоуретравӣ (мансуб ба пиёзаки пешоброҳа) ба узвҳои дарунӣ, нара ва хоядон ба узвҳои берунии таносули мардон мансубанд. Узвҳои дарунии таносули занон аз тухмдон, найчаҳои бачадон, бачадон, маҳбал ва даромадгоҳи маҳбал, узвҳои берунии таносу аз лабҳои калону хурди фарҷ ва клитор иборат мебошанд.
Ба узвҳои таносули мардон хоя бо зоидҳояш, ки дар хоядон воқеанд, манироҳа бо манидон, ғадуди простата, ғадудҳои Купер ва олати таносул мансубанд.
 
=== Узвҳои таносули занона ===
{{Асосӣ|Узвҳои таносули занона}}
[[Акс:Blausen 0400 Женские тазовые органы 02-ru.png|thumb|Дастгоҳи тавлиди насл дар занон|265x265px]]
Ба узвҳои таносули занон тухмдонҳо, найчаҳои бачадон, маҳбал мансубанд. Тухмдон ғадуди ҷуфти таносулии занона аст, ки дар коси хурд дар ду тарафи бачадон воқеъ гардидааст. Дар тухмдонҳо ҳуҷайраҳои ҷинсии занона — ҳуҷайратухмҳо инкишоф меёбанд. Ғайр аз он тухмдон яке аз ғадудҳои муҳимми ихроҷи дарунӣ мебошад, ки ба хун гормон ҷудо мекунад. Он фаъолияти мӯътадили узвҳои таносул ва аломатҳои дуввумини ҷинси (овоз, рушди сина, баромадани мӯи хоси андоми зан ва ғ.)-ро муайян мекунад. Фаъолияти тухмдон ба синни зан ва вазъи умумии функсионалии организм вобаста аст.
 
2 585

edits