Душанбе: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 84: Сатри 84:
Аз ҷойноми «Душанбе» ({{lang-fa|«دوشنبه»}}) барои нахустин бор дар китоби донишманди балхӣ Маҳмуд ибни Валӣ «Баҳр ул-аъроф фи маноқиб ал-хайр» (оғози садаи XVII м.) ва номаи хони [[Балх]] Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи давлати Рус Фёдор Алексеевич (декабри 1676) ёд шудааст. Дар санаде бозмонда аз соли 1826 ин шаҳр «'''Душанбе-қурғон'''» ({{lang-fa|«دوشنبه قورغان»}}) номида шудааст. «Қурғон» вожаи туркӣ ва маънояш «қалъа» ва «ҳисор» аст. Қалъаи Душанбе дар канораи чапи рӯди Варзоб ҷой дошта ва ҳар рӯзи душанбе дар назди он бозор баргузор мешудааст. Номи кунунии пойтахти Тоҷикистон ёдовари ҳамин бозор аст. Азбаски ин ҷойро «душанбебозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «душанбебозор» пайдо шуд, Душанбе ном гирифт.
Аз ҷойноми «Душанбе» ({{lang-fa|«دوشنبه»}}) барои нахустин бор дар китоби донишманди балхӣ Маҳмуд ибни Валӣ «Баҳр ул-аъроф фи маноқиб ал-хайр» (оғози садаи XVII м.) ва номаи хони [[Балх]] Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи давлати Рус Фёдор Алексеевич (декабри 1676) ёд шудааст. Дар санаде бозмонда аз соли 1826 ин шаҳр «'''Душанбе-қурғон'''» ({{lang-fa|«دوشنبه قورغان»}}) номида шудааст. «Қурғон» вожаи туркӣ ва маънояш «қалъа» ва «ҳисор» аст. Қалъаи Душанбе дар канораи чапи рӯди Варзоб ҷой дошта ва ҳар рӯзи душанбе дар назди он бозор баргузор мешудааст. Номи кунунии пойтахти Тоҷикистон ёдовари ҳамин бозор аст. Азбаски ин ҷойро «душанбебозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «душанбебозор» пайдо шуд, Душанбе ном гирифт.


Соли [[1924]], пас аз ташкил кардани [[Ҷумҳурии Мухтории Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон]] дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Душанбе шаҳр ва [[пойтахт]] эълон гардид.
Соли [[1924]], пас аз ташкил кардани [[Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон]] дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Душанбе шаҳр ва [[пойтахт]] эълон гардид.
=== Сталинобод ===
=== Сталинобод ===
[[16 октябр]]и соли [[1929]] Душанбе ба '''[[Сталинобод]]''' (бахшида ба роҳбари ҳамонвақтаи [[ИҶШС]] [[Иосиф Сталин]] (1924—1953), номаш иваз гардид. Соли [[1961]] дубора Душанбе номида шуд. Чунин иваз кардани номҳои шаҳру маҳалҳои аҳолинишин дар натиҷаи тағйир ёфтани сохти ҷамъиятиву сиёсӣ дар Тоҷикистон ба вуқуъ омадааст (Ниг: [[Рӯйхати номгузориҳои навини шаҳрҳои Тоҷикистон]])
[[16 октябр]]и соли [[1929]] Душанбе ба '''[[Сталинобод]]''' (бахшида ба роҳбари ҳамонвақтаи [[ИҶШС]] [[Иосиф Сталин]] (1924—1953), номаш иваз гардид. Соли [[1961]] дубора Душанбе номида шуд. Чунин иваз кардани номҳои шаҳру маҳалҳои аҳолинишин дар натиҷаи тағйир ёфтани сохти ҷамъиятиву сиёсӣ дар Тоҷикистон ба вуқуъ омадааст (Ниг: [[Рӯйхати номгузориҳои навини шаҳрҳои Тоҷикистон]])

Нусха 18:33, 18 Декабри 2019

Шаҳр
Душанбе
Акс:Presidential Palace (Dushanbe, Tajikistan).jpg
Нишон
Нишон
38°24′23″ с. ш. 68°47′11″ в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Тақсимоти дохилӣ 4 ноҳия (Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ)
Мири шаҳр Рустами Эмомалӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис асри XVII |чоряки якуми асри XVII
Аввалин номбарӣ 1676
Номҳои пешина Сталинобод 19291961
Масоҳат 126,6 (01.2016) км²
Баландии марказ 706 м
Минтақаи замонӣ {{{минтақаи замонӣ}}}
Аҳолӣ
Аҳолӣ 802 700 тан (2016)
Зичӣ 6 366 тан/км²
Агломератсия 1 485 100 (2016)
Миллият тоҷикон 90 %, ӯзбекҳо 6 %, русҳо 1 %
Эътиқодот мусалмонон, насрониён
Номи қавмӣ душанбегӣ, душанбегиҳо
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 37
Нишонаи почта 734000
Коди мошин 01 ва 05

dushanbe.tj
(тоҷ.)(рус.)(англ.)
Душанбе дар харитаи
Душанбе
Душанбе
 Парвандаҳо дар Викианбор


Таърих

Сарзамине, ки ҳамакнун шаҳри Душанбе дар он ҷой дорад, дар садаҳои миёна «Шумон» (форсӣ: «شومان»‎) ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи «Сумон» (форсӣ: «سومان»‎) низ навишта шудааст. Дар «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» омада: «Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр».[1] Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд, акнун — Файзобод) воқеъ буд, ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Муқаддасӣ дар «Аҳсан ал-тақосим» гӯяд: «Шумон маконе пурҷамъият ва ободу неку аст». Шарафуддин Алии Яздӣ дар «Зафарномаи Темурӣ» аз ин қалъа ба номи «Ҳисори Шодмон» (форсӣ: «حصار شادمان»‎) ёд карда ва ғолибан онро ба сурати мухтасар «Ҳисор» (форсӣ: «حصار»‎) ё «Ҳисорак» (форсӣ: «حصارک»‎) навишта ва имрӯз ҳам «Ҳисор» маъруф аст.[2] Шоёни ёдоварист, ки вожаи «ҳисор» арабӣ ва маънояш «диж» ва «қалъа» аст. Қалъае, ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV—XVII м. «ҳисори Шодмон», яъне «қалъаи Шодмон», номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз «Шодмон» аз он афтоду «ҳисор» монд ва исми хос — «Ҳисор» — гашт.

Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи 8 сентябри соли 1907 вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду кӯҳ барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба қалъаи Душанбе кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас Душанбе тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.

Аз ҷойноми «Душанбе» (форсӣ: «دوشنبه»‎) барои нахустин бор дар китоби донишманди балхӣ Маҳмуд ибни Валӣ «Баҳр ул-аъроф фи маноқиб ал-хайр» (оғози садаи XVII м.) ва номаи хони Балх Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи давлати Рус Фёдор Алексеевич (декабри 1676) ёд шудааст. Дар санаде бозмонда аз соли 1826 ин шаҳр «Душанбе-қурғон» (форсӣ: «دوشنبه قورغان»‎) номида шудааст. «Қурғон» вожаи туркӣ ва маънояш «қалъа» ва «ҳисор» аст. Қалъаи Душанбе дар канораи чапи рӯди Варзоб ҷой дошта ва ҳар рӯзи душанбе дар назди он бозор баргузор мешудааст. Номи кунунии пойтахти Тоҷикистон ёдовари ҳамин бозор аст. Азбаски ин ҷойро «душанбебозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «душанбебозор» пайдо шуд, Душанбе ном гирифт.

Соли 1924, пас аз ташкил кардани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Душанбе шаҳр ва пойтахт эълон гардид.

Сталинобод

16 октябри соли 1929 Душанбе ба Сталинобод (бахшида ба роҳбари ҳамонвақтаи ИҶШС Иосиф Сталин (1924—1953), номаш иваз гардид. Соли 1961 дубора Душанбе номида шуд. Чунин иваз кардани номҳои шаҳру маҳалҳои аҳолинишин дар натиҷаи тағйир ёфтани сохти ҷамъиятиву сиёсӣ дар Тоҷикистон ба вуқуъ омадааст (Ниг: Рӯйхати номгузориҳои навини шаҳрҳои Тоҷикистон)

Аҳолӣ

(ҳазор нафар)

Мувофиқи барӯйхатгирии аҳолӣ:

  • cоли 1926 — 5,6;
  • cоли 1939 — 82,6;
  • cоли 1959 — 233,5;
  • cоли 1970 — 376,2;
  • cоли 1979 — 492,2;
  • cоли 1989 — 594,1;
  • cоли 2000 — 562,0;
  • cоли 2010 — 724,8;
  • cоли 2012 — 747,5;
  • cоли 2013 — 764,3;
  • cоли 2014 — 778,5;
  • cоли 2015 — 788,7[3]
  • cоли 2016 — 802,7[4]

Иқлим

Иқлими Душанбе
Нишондод Янв. Фев. Март Апр. Май Июн Июл Авг. Сен. Окт. Нояб. Дек. Сол
Максимуми мутлақ, °C 21,6 23,1 29,6 33,8 38,8 42,8 49,0 42,8 38,9 36,8 29,7 24,3 49,0
Максимуми миёна, °C 9,4 10,6 15,6 20,6 26,1 32,8 35,6 34,4 30,0 23,3 15,6 10,6 22,1
Ҳарорати миёна, °C 1,7 4,0 8,8 15,1 19,7 24,8 27,4 25,4 20,3 14,2 8,6 4,0 14,5
Минимуми миёна, °C −0,6 1,7 5,6 9,4 13,3 17,8 19,4 17,2 12,8 7,8 3,3 0,6 9,0
Минимуми мутлақ, °C −26,6 −17,3 −13,4 −7,8 1,2 8,4 10,9 8,1 3,0 −4,4 −13,5 −19,5 −26,6
Андозаи бориш, мм 66 75 108 105 66 6 3 1 3 31 45 60 568
Сарчашма: Sistema de Clasificación Bioclimática Mundial Hong Kong Observatory

[1]

Саноат

Душанбе ба калонтарин маркази саноатӣ табдил ёфтааст. Дар пойтахт ба миқдори 40 фисад (%) иқтидори саноати мамлакат ҷойгир буд. Дар пойтахт тақрибан 15 фисади (%) аҳолии ҷумҳурӣ зиндагӣ мекард ва чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакатро истеҳсол мекард.

Комплекси саноатии пойтахт ҳоло 230 корхонаи саноатии гуногуншаклро дар бар мегирад, ки дар он зиёда аз 19 ҳазор аҳолии пойтахт фаъолият доранд.[5] Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 30 % молҳои сермасриф (аз ҷумла хурокворӣ) ташкил медиҳад. Маҳсулоти аз коргоҳҳои пойтахт ба фуруши беруна содиротшаванда: матоъҳои пахтагин, ресмони пахтагин, коркарди маҳсулоти ҷуроббарорӣ, маҳсулоти кабелбарорӣ, арматура ва маҳсулоти коркарди кишоварзӣ ва диг. ташкил медиҳад. Зиёда аз 10 корхонаҳои якҷоя бо ширкатҳои хориҷӣ дар Душанбе фаъолият доранд.

Тақсимоти корхонаҳои истеҳсолӣ аз нуқтаи назари соҳаҳои бартарӣ дошта.

  • Саноати сабук — соҳаи бештар тараққикардаи саноати комплексии пойтахт мебошад. Чунин ҳолат ба он маънидод мешавад, ки манбаи асосии ашёҳо (пахта, нахи маҳинах ва ғайра) дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд. На танҳои корхонаҳои шаҳр, балки корхонаҳои бузурги ҷумҳуриро ба мисли ташкилоти истеҳсолии ҶММ «Насоҷӣ» (корхонаи бофандагӣ ва ресандагӣ), ки бо қувваи истеҳсолӣ дар як сол коркарди пахтаи маҳинахро ба 25 ҳазор тонна мерасонад, дар бар мегирад. ҶС «Чевар» корхонаи барои истеҳсоли махсулоти дузандагии тайёр, ҶС «Нафиса» корхонаи коркарди маҳсулоти ҷуроббарорие, ки дар айни замон асосан маҳсулоти худро ки аз нахи пахта иборат аст, истеҳсол меамоянд.
  • Соҳаҳои барқӣ, мошинсозӣ ва металлургӣ — корхонаҳои азими ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд. ИИВД «Текстилмаш» (истеҳсоли дастгоҳҳо ва таҷҳизот барои саноати пахтатозакунӣ, хоҷагии қишлоқ, истеҳсоли ҳисобкунакҳои газӣ, неъругоҳҳои барқии хурд ва автономӣ, васл намудани техникаи хоҷагии қишлоқ) ҶС «Тоҷиккабел» — корхонаи истеҳсли маҳсулоти кабелӣ (зиёда 40 номгӯи ва намуд сар карда, аз кабелҳои телефонӣ то кабеҳои пуриқтидори электронӣ) ҶС «Сомон-таҷҳизот» корхонаи истеҳсоли техникаи электронӣ, молҳои электрикӣ маиши, ҶС «Торгмаш» — корхонаи истеҳсоли таҷҳизот барои муассисаҳои савдо, ҶС «Заводи арматурбарорӣ» — корхонаи истеҳсоли рехти чуян, арматура.
  • Саноати хурокворӣ ва коркардабарорӣ: Тамоми намуди маҳсулоти хуроквориро истеҳсол менамоянд, инчунин молҳои машруботиро. Яке аз соҳаҳои калонтарин ин комбинати ширбарорӣ ва гушту консерва, заводи машруботи шаҳри Душанбе, комбинати хуроквории Тоҷикистон, корхонаҳои маҳсулоти нон «Нонпаз», қанодӣ, фабрикаи «Ширин» мебошанд.
  • Саноати масолеҳи бинокорӣ — заводи сементбарории шаҳри Душанбе, заводи шифербарорӣ, заводи хишбарорӣ ва инчунин дигар корхонаҳоро, ки масолеҳи бинокорӣ конструксияи бетонӣ истеҳсол менамоянд, дар бар мегирад.
  • Соҳаи электроэнергетикӣ — корхонаҳои ТЭТС-и Душанбе ва неругоҳҳоии барқии Варзоб — корхонаҳои коркарди электроэнергетикӣ ва гармиро дар бар мегирад.
  • Саноати кимиёвии пойтахт — аз корхонаҳои коркардбарории масолеҳи нефтӣ ва истеҳсоли ашёи пластмассагӣ иборат аст.
  • Саноати ҷангал, коркарди чӯб, қоғаз ва селюлоза — ба худ корхонаҳои истеҳсоли коркарди ҷангал, истеҳсоли ашё барои мебел, ки ба стандартҳои давлатӣ таносуб аст, дар бар мегирад.
  • Саноати полиграфӣ — зиёда аз 20 коргоҳҳро дар бар гирифта, ки китоб ва дигар намуди чопи полиграфиро истеҳсол менамоянд[6].

Маркази илмӣ-фарҳангӣ

Қасри Миллат
Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ китобхонаи ба номи А. Фирдавсӣ
Маркази ақди никоҳ
Театри ҷавонон ба номи М. Воҳидов
Амфитеатр дар Душанбе
Намоиши театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ
Акс:Sadriddin Ayni.jpg
Ҳайкали нависандагон С.Айнӣ ва М. Горкий

Душанбе яке аз калонтарин маркази илмӣ-фарҳангӣ ба шумор меравад. Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки ба он 20 Пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ шомил буда, дар онҳо дар соҳаҳои физика, астрофизика, риёзиёт, зилзилашиносӣ, кимиё, геология, гастроэнтрология, зоология, ботаника, растаниҳои физиологӣ, генетика, иқтисод, фалсафа, ҳуқуқ, таърих ва бостоншиносӣ, этнографӣ, забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ тадқиқотҳо бурда мешаванд. 21 донишгоҳҳу донишкадаҳои пойтахт ҳар сол ҳазорҳо мутахассисони соҳаи гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳуриро тайёр менамоянд.

Нақши Душанбе дар рушди фарҳанг бузург аст. Устодони барҷастаи назму насри муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Мӯъмин Қаноат, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигарҳо дар рушди адабиёти муосири тоҷик на танҳо дар Ватани худ, балки дар дигар мамлакатҳои Шарқу Ғарб машҳур буда, саҳми беандозае гузоштаанд[7].

Соли 2011 дар Душанбе бузургтарин дар Осиёи Марказӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон бунёд карда шудааст, теъдоди хазинаи китобҳояш зиёда аз 6 000 000 нусхаро ташкил медиҳад.

Маориф

Тоҷикон яке аз мардумони қадими Осиёи Марказӣ мебошанд, ки фарҳанги бостонӣ ва муассисаҳои таълиму тарбияи дар замони қадим ва ибтидои асрҳои миёна ташаккулёфта (дабистон, дабиристон ва ғайра) доштанд. Дар асрҳои миёна ин низоми таълиму тарбия дар шакли мактабу мадрасаҳо, ки барои омӯзонидани шариати ислом ва дигар улуми мутадовилаи вақт роиҷ буд, амал менамуданд. Дар мактабҳо таълими ибтидоӣ ва дар мадрасаҳо таълими миёна ва олӣ марсум буд[8].

Даврони шӯравӣ

Пас аз истиқрори Ҳокимияти Шӯравӣ масоили маориф, омӯзишу парвариш, сохтмони мактабҳо, муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар мадди аввал қарор гирифтанд. 15 марти 1921 дар Душанбе Нозироти вилоятӣ (Шуъбаи маорифи халқи Бухорои Шарқӣ) таъсис ёфт. Бо ташаббуси ин Шуъба июли 1921 Анҷумани вилоятии кормандони маориф давъат шуд. Дар ин Анҷуман камбудҳои кори мактабу маориф мавриди муҳокима қарор гирифтанд ва роҳҳои бартараф намудани онҳо муайян гардиданд[8].

Баъди таъсиси ҶМШС Тоҷикистон инкишофи маорифи халқ тибқи нақшаҳои муайян оғоз ёфт, шумораи мактабҳо ва шогирдон зиёд шуд[8]. 14 декабри 1924 дар Душанбе ба ҷойи Шуъбаи маорифи халқи Бухорои Шарқӣ Комиссариати маорифи халқ созмон дода шуд, ки сарварии онро Аббос Алиев ба уҳда дошт. Дар назди Комиссариат Шӯрои илмии давлатӣ бо сарварии шоири тавоно Абулқосим Лоҳутӣ амал мекард. Ташкили мактабҳои нави шӯравӣ, маҳви бесаводӣ, ба мактаб овардан ва бо таълим фаро гирифтани кӯдакони ятим вазифаҳои асосии Комиссариат гардиданд. Яке аз нахустин иқдомот дар кори маҳви бесаводӣ ҷорӣ намудани таълими ҳамагонии ҳатмӣ буд. Барои тайёр намудани муаллимон соли 1926 дар Душанбе техникуми омӯзгорӣ таъсис ёфт. Барои мактабҳо барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ мураттаб мегаштанд[8].

Соли 1926 дар Душанбе Анҷумани умумитоҷикии Шӯроҳо барпо шуд. Дар ин Анҷуман оид ба ҷорӣ намудани таҳсилоти ҳамагонии ҳатмӣ Декларатсия қабул карда шуд. Дар Декларатсияи мазкур оид ба фаро гирифтани меҳнаткашони ҶМШС Тоҷикистон ба таҳсилоти пурра, гуногунҷабҳа ва ройгон сухан мерафт. Кумитаҳои фавқулодаи маҳви бесаводӣ ва ҷамъияти ихтиёрии «Нест бод бесаводӣ» ташкил гардиданд. Аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ шиор-даъвати «Босавод, биомӯз бесаводро» дастгирӣ карданд. Чорабиниҳо бо номи «Ду ҳафта», «Моҳ»-и маорифи халқ, маъракаҳои маданӣ-маърифатӣ, ҷамъоварии маблағ барои маорифи халқ ва ғайра баргузор мешуданд. Сокинони Душанбе дар ҳашари сохтмони мактабҳо, синфхонаҳо, марказҳои маҳви бесаводӣ фаъолона ширкат мекарданд. Дар муддати кӯтоҳ гурӯҳҳои махсуси таълимӣ баҳри таълими меҳнаткашон ва маҳви бесаводӣ ба кор сар карданд. Пас аз ташкил ёфтани ҶШС Тоҷикистон дар рушду инкишофи маорифи халқ давраи нав оғоз ёфт[9].

Мактабҳои таҳсилоти умумӣ

Соли хониши 1930-1931дар ҷумҳурӣ таҳсилоти умумии ибтидоӣ ҷорӣ карда шуд. Дар баробари ин шабакаи мактабҳои ҳафтсола ва миёна низ афзоиш ёфт. Ба кори сохтмон ва инкишофи мактабҳо қарорҳои Ҳизби коммунист ва Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи ҷорӣ намудани таълими умумии ҳатмии ибтидоии бачаҳои 8-9-10-сола» (25 июли 1930; 14 августи 1930), «Дар бораи рафти таълими ибтидоии умумӣ» (21 феврали 1931), «Дар бораи мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар СССР» (16 майи 1934), «Дар бораи сохтмони мактаб дар шаҳрҳо» (28 феврали 1935) ва ғайра такони ҷиддие шуданд. Дар миёнаи солҳои 30 асри 20 масъалаи маҳви бесаводӣ дар шаҳрҳо ба таври умумӣ ҳал гардид[9].

Ба сохтмон ва рушду такомули мактабҳо Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) халал расонд.

Таҳсилоти миёнаи махсус

Солҳои 40 асри 20 дар Душанбе техникумҳои индустриалӣ, гидромелиоративӣ, тарбияи ҷисмонӣ, омӯзишгоҳи роҳи оҳан ва ғайра ифтитоҳ шуданд[10].

Муассисаҳои олии таълимӣ

Нахустин мактаби олии Тоҷикистон Институти давлатии педагогии Душанбе мебошад, ки соли 1931 таъсис ёфтааст. Дар ибтидо он се шуъба — забон ва адабиёт, педагогӣ, агробиологӣ дошт. Баъдан, солҳои 1935—1940 факултетҳои нав таъсис ёфтанд[10].

Тарбияи томактабӣ

Аз рӯзҳои аввали таъсиси ҶМШС Тоҷикистон ва баъдан ҶШС Тоҷикистон Ҳукумат ба масоили тарбияи томактабӣ таваҷҷуҳ менамуд. Нахустин боғча барои 25 нафар кӯдак ифтитоҳ шуд. Минбаъд шумораи муассисаҳои томактабӣ ва тарбиятгирандагони онҳо афзоиш ёфт. Аз соли 1955 бунёди боғчаҳои бачагон дар назди корхонаҳои шаҳри Душанбе оғоз гардид. Соли 1955 дар назди корхонаҳо 20 боғчаи бачагон фаъолият мекард[11].

Такмили ихтисос

Бо мақсади самарабахш гардидани ҷараёни таълиму тарбия, таъмини омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, дастурҳои илмию педагогӣ ва методӣ 21 августи 1930 дар Душанбе Институти илмӣ-таҳқиқотии илмҳои педагогӣ таъсис ёфт. 20 январи 1935 Институти такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи педагогика (омӯзгорӣ) ба кор шурӯъ кард. Соли 1962 он номи Институти марказии такмили ихтисоси муаллимонро гирифт. Ҳоло ин муассиса чун Институти марказии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф фаъолият менамояд[11].

Омори кунунии маориф

  • Миқдори мактабҳои маълумоти олӣ — 20;

дар онҳо:

  • Донишҷӯён, ҳазор нафар — 97,2;
  • Мутахассисони хатмкунанда, ҳазор нафар — 17,1;
  • Миқдори омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ — 9;

дар онҳо:

  • Хонандагон, ҳазор нафар — 9,0;
  • Коргарони мутахассиси хаимкунанда, ҳазор нафар — 2,1;
  • Миқдори мактабҳои таҳсилоти умумӣ — 140;

дар онҳо:

  • Хонандагон, ҳазор нафар — 172;
  • Омӯзгорон, ҳазор нафар — 7,2;
  • Миқдори муассисаҳои бачагонаи томактабӣ — 112;
  • Бача дар онҳо, ҳазор нафар — 24,1

Илм

  • Ташкилотҳои илмӣ — 45;
  • теъдоди кормандони илмӣ — 2828;

Дорандагони унвони илмӣ дар онҳо:

  • докторони илм, нафар — 231;
  • номзадҳои илм, нафар — 583.

аз ҷумла:

Дорандагони унвони илмӣ дар онҳо:

  • докторони илм, нафар — 115;
  • номзадҳои илм, нафар — 229.[12]

Мактабҳои олӣ

Ёдгориҳои меъморӣ-таърихӣ

Осорхонаҳо

Муассисаҳои театрӣ

Муассисаҳои консертӣ

Боғу гулгаштҳо


Нашрияҳо

Миқдори рӯзнома ва маҷалаҳои ҷумҳуриявии дар шаҳр нашршаванда:

  • рӯзнома — 37;
  • маҷалла — 37.

аз ҷумла Маҷаллаи «Тоҷикистон»,«Илм ва ҳаёт», Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», «Фарҳанг», «Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», Рӯзномаи «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Азия-плюс», «Паёми Душанбе», «Вечерний Душанбе» «Нидои ранҷбар» ва диг. нашр мешаванд.

Дар пойтахт 4 Оҷонсиҳои иттилоотии Тоҷикистон амал карда истодаанд: Оҷонсии иттилоотии «СИМОНЮС», Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс», АМИТ «ХОВАР», Оҷонсии умумимиллии иттилоот «ТОҶНЮС» («TOJNEWS») (фаъолияти оҷонсӣ дар соли 2016 қатъ шудааст).

Тандурустӣ

Аз ҳама беморхонаи калонтарин дар Осиёи Маркази
  • Теъдоди беморхонаҳо — 43;
  • Кати беморони онҳо — 5447;
  • Теъдоди духтурони ҳамаи тахассусҳо, нафар — 6282;
  • Теъдоди муассисаҳои тиббии ёрии амбулаторӣ-дармонӣ диҳанда — 16.[13]


Иншоотҳои варзишӣ

  • Стадионҳо — 8;
  • Толорҳои варзишӣ — 121;
  • Ҳавзҳои шиноварӣ — 4;
  • Толорҳои теннисбозӣ — 3;
  • Майдонҳои футболбозӣ — 57;
  • Машқгоҳи тирандозӣ — 3;
  • Муҷтамаи майдонҳои варзишӣ — 140;
  • Теъдоди ҷой дар иншоотҳои асосии варзишӣ:
  • Стадиони Фрунзе — 24 ҳазор;
  • Стадиони Спитамен (Спартак) — 6 ҳазор;
  • Стадиони Авиатор — 2 ҳазор.[14]


Робитаҳои байналмилалӣ

Бародаршаҳрҳо

Айни замон шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои зерини дунё бародаршаҳр мебошад[15]:

Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бо шаҳри Москваи Федератсияи Русия пайваста дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд.[17]

Дар баробари ин, пойтахти Тоҷикистон аъзои фаъоли Ташкилоти умумиҷаҳонии Шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ (ОГМВ), Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП) мебошад.

Дар Душанбе намояндаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Фонди байналхалқии асъор ва дигар институтҳои байналмилалии бонуфуз, корпуси дипломатии давлатҳои хориҷӣ мустақар мебошанд. Барои саҳми беандозаи Душанбе дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, ҳамфикрӣ ва ҳамрайъӣ дар ҳайёти ҳамарӯза 4 августи соли 2004 бо қарори ЮНЕСКО ба шаҳри Душанбе Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ»-и ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором барои солҳои 2002—2003 дода шуд.[7]

Донистаниҳо

  • 31 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта шуд. Ин рекорди нави ҷаҳонӣ, — ифтитоҳи парчами баландтарини дунё, ки баландии он 165 метрро ташкил мекунад, ба ҳисоб меравад.
  • Ба ифтихори 90-умин солгарди шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе аз ҷониби Форуми байналмилалии «Мегаполис»-и асри XXI бо Дипломи VII-умин озмуни байналмилалии таҷрибаҳои шаҳрии шаҳрҳои ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё «Шаҳре, ки он ҷо зистан мефорад» — 2014 барои ободонӣ, рушди инфарасохтории муосири шаҳрӣ ва дар сатҳи олии ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои байнидавлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай сарфароз гардид.[18]
  • Душанбе соли 2017 аз ҷумлаи 20 шаҳри тамошобоби қитаъаи Осиё дар маҷаллаи The Telegraph Бритианияи Кабир номбар карда шудааст.[19]

Аксҳои Душанбе

Адабиёт дар бораи Душанбе

Эзоҳ

  1. «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 хиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. Теҳрон: Китобхонаи Таҳурӣ, Ширкати офсети «Гулшан». 1983 — саҳ. 110
  2. ЛеСтренж, Ги. «Сарзаминҳои Хилофати шарқӣ». Тарҷумаи Маҳмуд Ирфон. Теҳрон: Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб. 1336 ҳ.ш. = 1958 м. — саҳ. 468
  3. «TAJIKISTAN». City Population. Retrieved 2015.01.01
  4. Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016 Ахбороти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  5. Отголоски приватизации, или Столица без заводов…
  6. [ http://www.dushanbe.tj/economic/industry/]
  7. 7.0 7.1 http://www.dushanbe.tj/capital/capital/
  8. 8.0 8.1 8.2 8.3 Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 70. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7
  9. 9.0 9.1 Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 71. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7
  10. 10.0 10.1 Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 72. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7
  11. 11.0 11.1 Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 73. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7
  12. Шиносномаи шаҳр
  13. Шиносномаи шаҳр/тандурусти
  14. Шиносномаи шаҳр/варзиш
  15. Бародаршаҳрҳо. Муносибатҳои хориҷӣ Сайти расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе(тоҷ.)(рус.)(англ.)
  16. http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=35049
  17. Шаҳрҳои шарик. Муносибатҳои хориҷӣ Сайти расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе(тоҷ.)(рус.)(англ.)
  18. Шаҳре, ки он ҷо зистан мефорад
  19. The 20 least liveable cities on Earth

Пайвандҳо

Нигаред

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: