Рутбаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х Вироиши TajikMaterialist (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки Omid Jeyhani анҷом дода буд
Барчасб: вогардонӣ
Сатри 102: Сатри 102:


== Дараҷаҳои пешниҳодии тоҷикӣ ==
== Дараҷаҳои пешниҳодии тоҷикӣ ==
{| style="border:1px solid #8888aa; background-color:#f7f8ff; padding:5px; font-size:95%; margin: 0px 12px 12px 0px; width: 100%;"
{| width="100%" style="border:1px solid #8888aa; background-color:#FFFFFF; padding:5px; font-size:95%; margin: 0px 12px 12px 0px;"
|- style="background-color:#CCCCCC; width: 100%"
|- bgcolor="#CCCCCC"
! colspan="32" | [[Афсар|Афсарон]]
! [[Афсар|Афсарҳо]] !! colspan=2 | — !! colspan=2 | [[Артишсолор|Генерали артиш]] !! colspan=2 | [[Сипаҳсолор|Генерал-полковник]] !! colspan=2 | [[Лашкарсолор|Генерал-лейтенант]] !! colspan=2 | [[Гундсолор|Генерал-майор]] !! colspan=2 | [[Сарҳанг|Полковник]] !! colspan=2 | [[Сарҳангёр|Подполковник]] !! colspan=2 | [[Саргурд|Майор]] !! colspan=2 | [[Сарвашт|Капитан]] !! colspan=2 | [[Таҳмбон|Лейтенанти калон]] !! colspan=2 | [[Таҳмдор|Лейтенант]] !! colspan=2 | [[Таҳмовар|Лейтенанти хурд]] !! colspan=12 | [[Курсант]]
|- bgcolor="#dadada"
!
! colspan="10" | [[Солор]]он
! colspan="6" | [[Сардор]]он
! colspan="8" | [[Саркарда]]гон
! colspan="6" | [[Курсант|Размомӯзон]]
|- align="center"
! [[Дараҷаи низомӣ|Дараҷаҳо]] !! colspan=2 | — !! colspan=2 | Генерали артиш!! colspan=2 | Генерал-полковник!! colspan=2 | Генерал-лейтенант !! colspan=2 | Генерал-майор!! colspan=2 | Полковник !! colspan=2 | Подполковник !! colspan=2 | Майор !! colspan=2 | Капитан !! colspan=2 | Лейтенанти калон !! colspan=2 |Лейтенант !! colspan=2 | Лейтенанти хурд !! colspan=12 | [[Курсант]]
|- style="text-align:center;"
|- style="text-align:center;"
|rowspan=2| {{flagicon|Tajikistan}} '''[[Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон|Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон]]'''</b><br />[[File:Roundel_of_Tajikistan.svg|100px]]</b><br />'''Дараҷаҳои пешниҳодии тоҷикӣ'''<ref name="Джайхани">[http://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20181110/umed-dzhaihani-v-natsionalnoi-armii-i-terminologiya-dolzhna-bit-maksimalno-natsionalnoi Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной]</ref>
|rowspan=2| {{flagicon|Tajikistan}} '''[[Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон|Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон]]'''</b><br />[[File:Roundel_of_Tajikistan.svg|100px]]</b><br />'''Дараҷаҳои пешниҳодии тоҷикӣ'''<ref name="Джайхани">[http://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20181110/umed-dzhaihani-v-natsionalnoi-armii-i-terminologiya-dolzhna-bit-maksimalno-natsionalnoi Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной]</ref>
Сатри 140: Сатри 148:


<noinclude>
<noinclude>
{| style="border:1px solid #8888aa; background-color:#f7f8ff; padding:5px; font-size:95%; margin: 0px 12px 12px 0px; width: 100%"
{| width="100%" style="border:1px solid #8888aa; background-color:#FFFFFF; padding:5px; font-size:95%; margin: 0px 12px 12px 0px;"
|- bgcolor="#CCCCCC"
|- style="background-color:#CCCCCC; text-align:center; width: 100%"
! colspan="38" | [[Сарбоз|Сарбозон]]
![[Аскар|Сарбозон]]||colspan=3|[[Размсоз|Прапоршики калон]]||colspan=3|[[Размовар|Прапоршик]]||colspan=2|[[Саргурӯҳбон|Старшина]]||colspan=2|[[Гурӯҳбон|Сержанти калон]] ||colspan=6|[[Гурӯҳдор|Сержант]]||colspan=6|[[Гурӯҳвар|Сержанти хурд]]||colspan=4|[[Радабон|Ефрейтор]]||colspan=2| — ||colspan=6| — ||colspan=2|[[Аскар]]
|- bgcolor="#dadada"
!
! colspan="6" | [[Размсоз]]он
! colspan="14" | [[Гурӯҳбон]]он
! colspan="18" | [[Сарбоз]]он
|- align="center"
![[Дараҷаи низомӣ|Дараҷаҳо]]||colspan=3| Прапоршики калон||colspan=3| Прапоршик ||colspan=2| Старшина ||colspan=2| Сержанти калон ||colspan=6| Сержант ||colspan=6|Сержанти хурд ||colspan=4| Ефрейтор ||colspan=2| — ||colspan=6| — ||colspan=2| Аскар
|-
|-
</noinclude>
</noinclude>

Нусха 15:25, 20 Январ 2020

Ҳайати хизматчиёни ҳарбӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ

Дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қўшунҳо ва сохтори ҳарбӣ чунин ҳайати хизматчиёни ҳарбӣ муайян карда шуда, мувофиқан рутбаҳои ҳарбии зерин аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад[1]:

Аскарҳо
Аскари қаторӣ
Ефрейтор
Сержантҳо
Сержанти хурд
Сержант
Сержанти калон
Старшина
Прапоршикҳо
Прапоршик
Прапоршики калон
Афсарҳои хурд
Лейтенанти хурд
Лейтенант
Лейтенанти калон
Капитан
Афсарҳои калон
Майор
Подполковник
Полковник
Афсарҳои олӣ
Генерал-майор
Генерал-лейтенант
Генерал-полковник
Генерали артиш


Пас аз рутбаи ҳарбии хизматчии ҳарбие, ки дар қисми ҳарбии гвардия ё ҷузъу томи гвардиявӣ хизмат мекунанд, калимаи «гвардия» илова карда мешавад.

Ба рутбаи ҳарбии хизматчии ҳарбие, ки ихтисоси қайди ҳарбии ҳуқуқӣ, тиббӣ дорад, мутобиқан калимаҳои «адлия», «хизмати тиббӣ», илова карда мешавад.

Ба рутбаи ҳарбии шаҳванде, ки дар эҳтиёт ё дар истеъфо мебошад, мутобиқан калимаи «эҳтиёт» ё «мустаъфӣ» илова карда мешавад.

Ҷорӣ намудани рутбаҳои хизматӣ, махсус ё дараҷаи ихтисосии ба рутбаҳои ҳарбӣ монанд барои шахсони мансабдор, кормандон ва хизматчиёни вазорату идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ манъ аст.

Додани рутбаҳои ҳарбӣ

Барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳар як рутбаи ҳарбӣ муддати муайян муқаррар карда мешавад.

Рутбаи навбатии ҳарбӣ ба хизматчии ҳарбӣ бо баохиррасии мўҳлати хизмати ў дар рутбаи пешинаи ҳарбӣ, агар ў вазифаи ҳарбиеро ишғол намояд, ки дар штат барои он рутбаи ҳарбии баробар ё нисбатан болотар аз рутбаи ба хизматчии ҳарбӣ додашаванда пешбинӣ гардида бошад, дода мешавад.

Рутбаи навбатии ҳарбӣ ба хизматчии ҳарбие, ки рутбаи афсарии то худи подполковник дораду ҳамзамон бомуваффақият дар шўъбаи рўзонаи муассисаи ҳарбии таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунад, бо баитмомрасии хизмати ў дар рутбаи ҳарбии пешина, новобаста аз вазифаи ҳарбии то дохилшавӣ ба муассисаи таълимии ишғолкардааш, дода мешавад.

Рутбаи навбатӣ ба хизматчии ҳарбӣ пеш аз мўҳлат барои хизматҳои шоёни шахсӣ, вале на баландтар аз рутбаи ҳарбие, ки штат барои вазифаи ишғолкардаи ў пешбинӣ намудааст, баъди гузаштани на камтар аз нисфи мўҳлати муқарраркардаи хизмат дар рутбаи ҳарбии пешина ва на зиёда аз як маротиба дар тамоми давраи хизматии ҳарбӣ дода мешавад. (қҷт аз 01.08.03, №38)

Ба хизматчии ҳарбие, ки мўҳлати хизмати ҳарбии ў дар рутбаи ҳарбии гирифтааш ба охир расидааст, барои хизматҳои шоёни шахсияш як зина боло рутбаи ҳарбие додан мумкин аст, ки он барои мансаби ишғолкунандаи ин хизматчии ҳарбӣ мувофиқи штат пешбинӣ гардидааст аммо на зиёда аз як маротиба дар тамоми давраи хизмати ҳарбӣ. (қҷт аз 01.08.03, №38)

Рутбаи ҳарбӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ:

-афсарони олирутба-аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-ба хизматчиёни ҳарбии рутбаҳои то худи полковник-мувофиқи тартиби муқарраргардидаи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ дода мешавад.

Рутбаи ҳарбӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Ба шахсони дорои рутбаи махсуси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, рутбаҳои махсуси мақомоти гумрук, мақомоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дараҷаҳои тахассусии мақомоти прокуратура, дараҷаҳои тахассуси мақомоти суд, ки барои ишғоли вазифаҳои ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қўшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ мегарданд, дар асоси аттестатсия рутбаҳои ҳарбии ҳайати афсари баробар ба рутба, дараҷаи тахассус, категорияи онҳо дода мешаванд, вале на баландтар аз он рутбае, ки штат пешбинӣ намудааст. Зимнан мўҳлати хизмати ҳарбӣ дар мансабҳои ҳарбӣ аз рўзи ба мақомоти мазкур ба хизмат (кор) дохил шудани ин шахсон, ки додани рутбаи махсус, дараҷаҳои тахассусӣ пешбинӣ мешаванд, ҳисоб карда мешавад. (қҷт аз 22.04.03, №16); (ҚҶТ аз 21.07.2010, №609)

Тартиби додани рутбаҳои ҳарбӣ ва мўҳлати хизмати ҳарбиро дар рутбаҳои ҳарбӣ ҳамин Қонун ва Низомнома дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян менамоянд.

Тоҷикисозии дараҷаҳои низомии Тоҷикистон

Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар соли 2018 хостори тоҷикисозии дараҷаҳои низомии Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар шуд ва аз Кумитаи забону истлоҳоти Тоҷикистон дархост кард, ки баробарҳои тоҷикӣ барои дараҷаҳои низомии русӣ пешниҳод кунад. Умед Ҷайҳонӣ, узви коргурӯҳи муштараки вожагузинии Кумитаи забону истилоҳот ва Вазорати дифоъи Тоҷикистон, вожаҳои артиш, сипоҳ, лашкар, гунд, ҳанг, гурдон, вашт, таҳм, гурӯҳ ва радаро ба тартиб ба ҷои истилоҳоти русии армия, корпус, дивизия, бригада, полк, баталион, рота, взвод, отделение ва звено пешниҳод кард. Вай ҳамчунин аз ин вожаҳо барои фармондеҳони ин ягонҳои артишӣ, ба тартиб, дараҷаҳои артишсолор, сипаҳсолор, лашкарсолор, гундсолор, сарҳанг, саргурд, сарвашт, таҳмбон, гурӯҳбон ва радабонро пешниҳод кард, ки аз истилоҳоту алқоб ва маносиби низомии даврони Ашкониён, Сосониён, Сомониён ва дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон баргирифта ва ё аз рӯи онҳо сохта шудаанд[2]. Кумитаи забону истилоҳот ин вожаҳоро барои ҷойгузин кардани рутбаҳои русӣ ба гурӯҳи кории Шурои амнияти миллӣ ва Вазорати дифоъ пешниҳод кардааст[3].

Дараҷаҳои пешниҳодии тоҷикӣ

Афсарон
Солорон Сардорон Саркардагон Размомӯзон
Дараҷаҳо Генерали артиш Генерал-полковник Генерал-лейтенант Генерал-майор Полковник Подполковник Майор Капитан Лейтенанти калон Лейтенант Лейтенанти хурд Курсант
Тоҷикистон Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон

Дараҷаҳои пешниҳодии тоҷикӣ[4]
Ҳамто надорад
Артишсолор Сипаҳсолор Лашкарсолор Гундсолор Сарҳанг Сарҳангёр Саргурд Сарвашт Таҳмбон Таҳмдор Таҳмовар Размомӯз
Ҳамто дар НАТО OF-10 OF-9 OF-8 OF-7 OF-6 OF-5 OF-4 OF-3 OF-2 OF-1 OF(D) and student officer


Сарбозон
Размсозон Гурӯҳбонон Сарбозон
Дараҷаҳо Прапоршики калон Прапоршик Старшина Сержанти калон Сержант Сержанти хурд Ефрейтор Аскар
Тоҷикистон Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон

Дараҷаҳои пешниҳодии тоҷикӣ[4]
Ҳамто надорад Ҳамто надорад
Размсоз Размовар Саргурӯҳбон Гурӯҳбон Гурӯҳдор Гурӯҳвар Радабон Сарбоз
Ҳамто дар НАТО OR-9 OR-8 OR-7 OR-6 OR-5 OR-4 OR-3 OR-2 OR-1

Торихчаи дараҷаҳои низомии тоҷикӣ

Деринатарин ёдкард аз нерӯҳои размии ниёкони тоҷикон дар «Авесто» ва сангнавиштаҳои шоҳаншоҳони Ҳахоманишӣ боз монда, ки «*kāra-» ‘мардум-сипоҳ’ (< ҳиндуурупоӣ: «*koro-s, *kori̯o-s» ‘ҷанг; сипоҳ, лашкар’ < олмонӣ: «Heer» ‘артиш; нерӯи заминӣ’; инглисии куҳан: «Here» ‘артиш’) ва «*spāda-» ‘сипоҳ’ хонда шудаанд.

Аз «*kāra-» дар забони порсии бостон номҳо ва истилоҳоти низомии *Kārapāna-нигаҳбони сипоҳ’, *Kārapati-сардори сипоҳ’, *Kārayauza-, *Kārayauda-барангезандаи сипоҳиён’ [*yauda- > yōdсарбоз’], дар забони суғдӣ «āzā̆t-kār» [озодкорсарбоз, сипоҳӣ, афсар][5], дар забони балхӣ «αςαδοϰαρο» [озодкорозода] ва «ϰαρα-λραγγα» ‘фармондеҳи гурӯҳе аз сипоҳиён’ [< *kāra-daranaka-], дар форсии дарӣ вожаҳои «корзор», «корвон», «пайкор», «марди кор» рӯидаанд.

Аз «*spāda-» дар порсии бостон ва авестоии пешин spāda-, авестоии пасин spāδa-, паҳлавӣ *spāδ, ispāδ, суғдӣ spāδ, балхӣ σπαλο, ασπαλο, порсии миёна spāh ва форсии дарӣ sipāh рӯидаанд. Аз ин вожа дар порсии бостон *spāda-pati- сохта шуда, ки дар паҳлавӣ spāδpat / spāδbad, дар порсии миёна spāhpat / spāhbed, дар суғдӣ spāδpaδ, дар балхӣ σπαλοβιδο, ασπαλοβιδο ва дар форсии дарӣ sipāhbad гаштааст[6].

Ин вожа аз куҳантарин замонҳо дар номҳои касон низ ба кор мерафтааст. Чунончи, суғдиён номҳое чун Spādakсипоҳӣ’, Spādsā̆rakaсипаҳсолор’ аз *Spādasā̆raka-, Spāδxaršсипоҳкаш, лашкаркаш’, Taxmspāδak ё Taxmspāδē аз *Taxmaspāda- ‘Таҳмсипоҳ (дорои сипоҳи далер)’, Tōkəspāδak(дорои) сипоҳи нерӯманд’ доштаанд.

Сипоҳи Ҳахоманишиён

Сипоҳи Ҳахоманишиён
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
*daθa- 10 сарбоз *daθapati-
*θata- 100 сарбоз *θatapati-
*hazāra- 1 000 сарбоз *hazārapati-
*baivara- 10 000 сарбоз *baivarapati-
*spāda- 60 000 сарбоз *spādapati- ё *kārana-

Нерӯҳои мусаллаҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) дар оғоз «*kāra-» номида мешудаанд, вале сипастар, ки бар пояи радабандии даҳ-даҳӣ созмон дода шуданд, «*spāda-» [сипоҳ] хонда шудаанд. Дар сипоҳи Ҳахоманишиён аз даҳ сарбоз як гурӯҳ ташкил мешуда, ки «*daθa-» [даҳа] номида ва сардораш «*daθapati-» [даҳбад] хонда мешудааст[7]. Аз даҳ гурӯҳ як гурдон ташкил мешуда, ки «*θata-» [сада] хонда ва фармондеҳаш «*θatapati-» [садбад] номида мешудааст[8]. Даҳ гурдон як ҳангро ташкил медодаанд, ки «*hazāra-» [ҳазора] номида ва фармондеҳаш «*hazārapati-» [ҳазорбад] хонда мешудааст[9]. Аз даҳ ҳанг як лашкар ташкил мешуда, ки «*baivara-» [бевара] хонда ва фармондеҳаш «*baivarapati-» [беварбад] номида мешудааст[10]. Сарфармондеҳи сипоҳи Ҳахоманишиён «*spādapati-» [сипаҳбад] ва ё «*kārana-» [коран] хонда мешуда, ки аз ҳамон «*kāra-» рӯидааст[11].

Агар ин ягонҳоро бо воҳидҳои низомии артишҳои имрӯзӣ ҳамсанҷӣ кунем, даҳа бо отделение, сада бо рота, ҳазора бо полк, бевара бо дивизия ва сипоҳ бо армия баробар мешаванд. Бо ҳамин қиёс, даҳбад бо сержант ё старшина, садбад бо лейтенант ё капитан, ҳазорбад бо майор ё полковник, беварбад бо генерал-майор ё генерал-лейтенант ва сипаҳбад бо генерал-полковник ё генерали артиш баробар мешаванд.

Сипоҳи Ашкониён

Сипоҳи Ашкониён
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
*grōh 10 сарбоз *grōhpān
wast 100 сарбоз wast-sālār
drafš 1 000 сарбоз drafš-sālār
gund 10 000 сарбоз gund-sālār
spāδ 50 000 сарбоз spāδpat ё spāδbad

Дудмони паҳлавии Ашкониён (Соли 250 п.м.224), ки ҷойгузини дудмони юнонии Селевкиён (31264 п.м.) шуд, созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифт[12]. Радабандии сипоҳи Ашкониён чунин будааст[13]:

Дар сипоҳи Ашкониён садаҳо ба забони паҳлавӣ wast [васт], ҳазораҳоdrafš [дирафш], бевараҳоgund [гунд] номида мешуданд[14]. Сардорону фармондеҳони ин ягонҳо мутаносибан wast-sālār [васт-солор], drafš-sālār [дирафш-солор] ва gund-sālār [гунд-солор] хонда мешуданд. Ҳар ҳазора ё ҳанге барои худ парчами аждаҳопайкаре дошт, ки ба забони порсии миёна: «drafš» номида мешуд (аз «*drafša-» дар эронии бостон, ки авестоӣ: «drafšā-», «arδašf» / «ərδəšf» дар забони суғдӣ ва «λraφo» дар забони балхӣ аз он рӯидаанд[15]). Аз ин рӯ, ин ягонҳоро «дирафш» меномиданд. Дирафшҳои аждаҳопайкар дар Эронзамин аз замони подшоҳии Ҳахоманишиён ба кор мерафтаанд. Бино ба ривояте, дирафши аждаҳопайкарро Куруши Кабир аз осуриён вом гирифта буд ва он то поёни подшоҳии Дорои Севум дар сипоҳ ба кор мерафт. Искандари Мақдунӣ пас аз пирӯзӣ бар Доро ин дирафшро парчами расмии подшоҳии Мақдуния карда буд, аммо пас аз пирӯзии румиён бар мақдуниҳо «дирафши аждаҳопайкар» ба дасти фарзандони Ромул уфтод. Ин дирафш дар подшоҳии Руми Шарқӣ низ боз мондаву ба кор мерафтааст[16].

Артиши Ашкониён низ чун артиши Ҳахоманишиён spāδ [сипоҳ] ва фармондеҳаш spāδpat ё spāδbad [сипаҳбад] номида мешуд[17]. Сипоҳи Ашкониён аз нерӯмандтарин артишҳои ҷаҳони бостон буда ва борҳо сипоҳи Румро шикаст додааст. Номи қавмии паҳлавҳо дар забони форсӣ чун «паҳлавон» боз мондааст. Бояд гуфт, ки сипоҳи подшоҳии Арманистон, ки фармонбардори Эрон буд, низ ҳамчун сипоҳи Ашкониён ба «гунд», «дрош» ва «вашт» бахшбандӣ мешуд[18]. Ҳануз ҳам дар Нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон рота ба забони арманӣ. «Վաշտ» [вашт], ҳанг — «գունդ» [гунд] ё «Զորագունդ» [зӯрагунд], сарҳанг — «Գնդապետ» [гндапет] ва генерал-полковник — «գեներալ—գնդապետ» [general-gndapet] номида мешаванд.

Сипоҳи Сосониён

Сипоҳи Сосониён
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
radag 10 сарбоз *radagbān
tahm 100 сарбоз tahmdār
wašt 500 сарбоз wašt-sālār
drafš 1 000 сарбоз drafš-sālār
gund 5 000 сарбоз gund-sālār
spāh 10 000 сарбоз spāhbed
artēštārān artēštārān-sālār

Артиши Сосониёнро «spāh» (сипоҳ) меномиданд, ки бузургтарин ягони он «gund» (гунд)[19] будаву 5 000 сарбозро дар бар мегирифта ва фармондеҳашро «gund-sālār» (гундсолор) мехонданд[20]. Ҳар гунде аз чанд «drafš» (дирафш) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбоз дошт. Ҳар дирафше аз ду «wašt» (вашт) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 500 сарбоз дошт. Ҳар ваште аз чанд «tahm» (таҳм)[21] созмон меёфт, ки ҳар кадоме 100 сарбоз доштанд. Ҳар таҳме аз чанд «radag» (рада)[22] ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 10 сарбозро дар бар мегирифт. Фармондеҳи дирафш «drafš-sālār» (дирафшсолор)[20], фармондеҳи вашт «wašt-sālār» (ваштсолор)[20], сардори таҳм «tahmdār» (таҳмдор)[23] ва сардори рада эҳтимолан «*radagbān» (радабон) номида мешуд.

Фармондеҳи сипоҳ «spāhbed» (сипаҳбад) хонда мешуд[24]. Сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи шоҳаншоҳии Сосонӣ «artēštārān-sālār» (артишдоронсолор) номида мешуд[25][26].

Бо таваҷҷуҳ ба ҳамномии ягонҳои размии сипоҳи Арманистон бо Эрон дар замони Сосониён, метавон гуфт, ки шумори нерӯҳо дар ягонҳои размии сипоҳи Сосониён низ бо сипоҳи Арманистон ҳамсону баробар будааст. Чунончи, дар сипоҳи Арманистон ҳар гунд аз ду ё се дирафш ташкил меёфт ва дирафш низ, агар онро бо коҳорт (ягони размии сипоҳи Рум, ки маъмулан аз 500 – 600 сарбоз ташкил мешуд) ҳамсанҷӣ кунем, аз ду вашт созмон меёфтааст. Дар садаҳои IV — V милодӣ нерӯҳои размии подшоҳии Арманистон аз сипоҳҳо (ҳар кадоме 10 ҳазор сарбоз доштаанд), гундҳо (2 000 – 3 000 сарбоз), дирафшҳо (1 000 сарбоз), ваштҳо (500 сарбоз) ва ҳамчунин ягонҳои хурдтар – садаҳо ва даҳаҳо ташкил мешудаанд. Ин сохтори созмонии сипоҳи Арманистон ҳамсониҳои бисёре бо сипоҳи Рум ва бештар аз он бо сипоҳи Эрон дар замони подшоҳии Сосониён дошт[27]. Аз деворнивиштаҳои сипоҳиёни Сосонӣ дар куништи яҳудиёни шаҳри Дура-Европос метавон донист, ки садаҳо таҳм ва даҳаҳо рада номида мешудаанд[28].

Чуноне ки аз ҷадвали радабандии сипоҳи Сосониён дида мешавад, сохтори сипоҳи Сосониён ба сохтори артишҳои имрӯзӣ наздиктар аст. Чунончи, аз рӯи шумори нерӯҳо рада бо отделение, таҳм бо рота, вашт бо батальон, дирафш бо полк, гунд бо бригада ва сипоҳ бо дивизия баробар аст. Бо ҳамин қиёс, радабон бо сержант ё старшина, таҳмдор бо лейтенант ё капитан, ваштсолор бо майор, дирафшсолор бо полковник, гундсолор бо генерал-майор ё генерал-лейтенант ва сипаҳбад бо генерал-полковник ё генерали артиш баробар будаанд.


Пайвандҳо

Манобеъ

  1. ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ УҲДАДОРИИ УМУМИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
  2. Полк-ҳанг, полковник - сарҳанг ва генерал-майор – гундсолор?
  3. Дар ниҳоят "генерал" - "солор" ва "дивизия" - "лашкар" мешаванд?
  4. 4.0 4.1 Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
  5. Бадруззамон Қариб. Фарҳанги суғдӣ (суғдӣ-форсӣ-инглисӣ). — Теҳрон: «Фарҳангон», 1995. ISBN 964-5558-06-9. — саҳ. 93.
  6. Саймиддинов, Додихудо. Вожашиносии забони форсии миёна. – Душанбе: Пайванд, 2001. – 310 с. – саҳ. 226
  7. W. Hinz, Altiranisches Sprachgut der Nebenüberlieferungen, Wiesbaden, 1975, p. 87
  8. Hinz, op. cit., p. 240
  9. J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896, p. 57
  10. Marquart, op. cit., p. 19 n. 84
  11. Шаҳбозӣ, Алиризо Шопур. Ҷанг дар Эрони бостон // Ҷусторҳои эроншиносӣ. Теҳрон: Китоби марҷаъ, 1391. – саҳ. 55 – 95
  12. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  13. Ilkka SYVÄNNE * (University of Haifa, Israel) Parthian Cataphract vs. the Roman Army 53 BC-AD 224
  14. Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7
  15. Расторгуева В. С., Эдельман Д. И.. Этимологический словарь иранских языков. Т.2. b—d. — М.: «Вост. лит.», 2003 г. — 502 с. — стр. 348. ISBN 5-02-018124-2
  16. Арсеньев Ю. В. О геральдических знаменах. СПб, 1911, с. 5-6. Цит. по: Дмитриев С. В. Знаменный комплекс в военно-политической культуре средневековых кочевников Центральной Азии (некоторые вопросы терминологии и морфологии)
  17. A. Sh. Shahbazi, “ARMY i. Pre-Islamic Iran,” Encyclopædia Iranica, II/5, pp. 489-499
  18. Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449–451 гг. Кампании и сражения.– Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360-464.
  19. Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000.
  20. 20.0 20.1 20.2 Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  21. Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos)
  22. Дмитриев В.А. Военная разведка в сасанидском Иране: организация деятельности и источники информации // Вестник Нижегородского университета им. Н.И. Лобачевского. 2016. № 1. С. 9–22. Прим. 12 на стр. 18

    ... Впрочем, из среднеперсидских эпиграфических источников середины III в. н.э. (граффити в Дура-Европосе, датируемые 253 г.) известно о существовании армейских писцов (видимо, более низкого ранга, нежели dabīr-i sipāh), называвших себя dibīr-ī tahm и dibīr-ī radag [24, c. 244; 25].

  23. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 145. сн. 18

    В документе Nov 280 из архива Старой Нисы фигурируют два лица, носящие звание tgmdr («начальник тагмы»), состоящее из двух частей – греч. «τάγμα» («легион») и парф. dār («начальствующий»). Предполагается, что это звание – калька с римского военного термина в греческой передаче «τάγματάρχος» ‘начальник легиона’, появившееся в парфянском военном лексиконе как раз в связи с депортацией воинов Красса в восточные районы Парфии, где они были организованы в отряды под началом парфянских тагмадаров и, в том числе, трудились на сельскохозяйственных работах [Дьяконов, Ливщиц 1966: 148 – 152]. Кстати, слово «тагма» в пехлевийской форме tḥmy как обозначение воинского подразделения зафиксировано в надписи, оставленной сасанидскими солдатами в синагоге Дура-Европос [Луконин 1987: 266, примеч. 62].

  24. Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4
  25. W. Sundermann. ARTĒŠTĀRĀN SĀLĀR, Encyclopædia Iranica. Vol. II, Fasc. 6, p. 662
  26. Дьяконов М. М. Очерк истории древнего Ирана. М., 1961. С. 291
  27. Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. – саҳ. 365.
  28. Asha R. ҳамон ҷо.